Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе як табиби тоҷикро барои ба артиш фиристодани ҷавони бемор ҷарима бастааст.
Додгоҳ рӯзи 14-уми сентябр бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, Рустам Умбатов моҳи апрели соли 2020 Парвиз Ҷалиловро, ки “сутунмуҳрааш бемор буд”, ҳамчун “фарди солим ва муносиб ба хидмати ҳарбӣ” тавсия додааст.
“Бо вуҷуди пойфишории ҷавон ба бемориаш, табиб ба гуфтаҳои ӯ эътибор надодааст. Дар натиҷа бемории ҷавон ҳангоми хидмат дар як воҳиди низомии Вазорати дифоъ авҷ гирифтааст”, -- омадааст дар хабари Додгоҳи ҳарбии пойтахт.
Миқдори ҷарима ва рӯзи судури ҳукмро нагуфтаанд. Назари табиб ҳам дастрас нест.
Дар Тоҷикистон борҳо шудааст, ки ҷавонони бемору маъюбро ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ фиристодаанд ва баъзе аз онҳо ҳангоми хидмат фавтидаанд. Мақомот вуҷуди ин мушкилро инкор намекунанд, аммо мегӯянд, саросарӣ нест.