Ҷаласаҳои навбатии Шӯрои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар Душанбе дар пасманзари номушаххас будани мавқеи кишварҳои узви ин созмонҳо дар баробари ҳукумати “Толибон” мегузарад. Ин дар ҳолест, ки ин ҳаракат тақрибан дар ҳамаи ин кишварҳо як созмони террористӣ эътироф шудааст.
Тағйироти қобили мулоҳиза метавонад ин бошад, ки Афғонистон барои низомҳои худкомаи Осиёи Марказӣ ба хотири зиёд кардани назорат бар ҷомеа, баҳонаи иловагӣ медиҳад.Темур Умаров
Чин ба фарқ аз ҳампаймононаш барои ҳамкорӣ бо ҳукумати “Толибон” омода аст. Мавқеъе, ки ба Исломободу Тошканд ва эҳтимол Нурсултон наздик аст, аммо барои Деҳлӣ ва Душанбе қобили қабул нест. Маскаву Теҳрон барои эътирофи ҳукумати “Толибон” шитоб надоранд ва ба ваъдаҳои иҷронашудаи ин ҳаракат дар бораи таъсиси ҳукумати фарогир ё ҳамашумул ишора мекунанд.
Раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин, сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ ва президенти Русия Владимир Путин гуфтаанд, ба нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба Душанбе намеоянд, балки онлайн иштирок мекунанд. Аз ин нигоҳ, эҳтимоли тавофуқи мавқеи умумӣ дар баробари ҳукумати "Толибон" камтар аст. Ин ноҳамсӯйӣ мақоми баҳрабарандагони асосӣ – Пекину Исломобод – ду ҳомии асосии Кобули зери назари “Толибон”-ро ҳифз мекунад.
Сиёсатшинос Наргиза Мураталиева ба ин назар аст, ки таҳкими мавқеи Чин дар Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ низ таъсир мерасонад.
"Бо дарназардошти он ки кишварҳои минтақа дар 30 соли истиқлол натавонистанд, системаи ягонаи муассири амниятиро бунёд кунанд, нуфузи Чин аз ин ҷиҳат афзоиш хоҳад ёфт. Ҳамзамон, пайвастани эҳтимолии Афғонистон ба даҳлези иқтисодии Чину Покистон (CPEC) ба рушди лоиҳаи “Як камарбанд - як роҳ” ва лоиҳаҳои зерсохтии Пекин ангезаи иловагӣ мебахшад. Эҳтимол болоравии нуфузи Чин ва ҳамчунин Русия нухбагони Осиёи Марказиро водор мекунад, ки шеваи вохӯриҳои машваратиро дар идома рушд диҳанд, аммо бе баҳс ҳанӯз барвақт аст, ки дар бораи ҳамгироӣ суҳбат кунем", -- таъкид мекунад ӯ.
"Аз ҳеч чиз - як чиз"
Пекин муддатҳост, ки манфиатҳои иқтисодии худро дар Афғонистон пеш мебарад. Ҳанӯз соли 2008 ду ширкати Чин дар як тендере барои истихроҷи миси бузургтарин кони дар ҷаҳон дастнахӯрдаи миси "Айнак", дар чиҳилкилометрии ҷанубу шарқи Кобул, пирӯз шуданд ва иҷозати 30-солаи корро гирифтанд. Бо вуҷуди ин, истихроҷи филиз оғоз нашуд. Ҷониби Чин ба мушкилоти амниятӣ ишора кард. Ба гуфтаи коршиносон, Чин, ки тақрибан сеяки истеҳсоли миси холисро дар ҷаҳон зери назорат дорад, ин корро махсус кард, то ба таври сунъӣ дар бозори ҷаҳонӣ пешниҳоди мис кам бошад ва нархи онро битавонад боло нигоҳ дорад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Чин аз Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ хавф дорад, Амрико -- аз нуфузи Пекин дар АфғонистонБар асоси маълумоти сарчашмаҳои гуногун, арзиши умумии маъданҳои фоидаовар дар Афғонистон 1-3 триллион доллар ҳисоб карда мешавад. Ин танҳо дар 30 дарсад аз қаламрави Афғонистон аст, ки онро Хадамоти геологии Амрико – USGS таҳқиқ кардааст.
Эътироф ва таҳдидҳо
"Бурди Чин дар он аст, ки “Толибон” тақрибан розӣ шудаанд, дар сурати ба расмият шинохтани ҳукуматашон аз сӯйи Пекин, дар масъалаи истихроҷи сарватҳои зеризаминии Афғонистон бо онҳо шартнома бибанданд. Ҳамчунин аз пуштибонии уйғурҳои ҷудоихоҳу гурӯҳҳои дигари террористӣ, ки ҳамроҳ бо “Толибон” алайҳи Амрико меҷангиданд, даст кашад”, -- мегӯяд коршиноси масоили сиёсӣ Нуралӣ Давлатов.
Аммо, ба гуфтаи ӯ, агар “Толибон” дар қудрат бимонанд, ин кишвар метавонад, ба макони амне барои омӯзонидани террористони тамоми ҷаҳон табдил ёбад, ки ҳам барои Тоҷикистон ва дар умум барои минтақа хатар эҷод мекунад.
Ҳанӯз дар моҳи июли имсол, пеш аз тасарруфи Кобул, намояндаи “Толибон” Суҳайл Шоҳин изҳор карда буд, ки Чин барои онҳо кишвари дӯст аст ва намегузоранд, ки ҷудоихоҳони уйғур дар Афғонистон ҷойгир шаванд.
“Дастак”-е ба низомҳои худкомаи Осиёи Марказӣ
Аммо ояндаи сиёсии “Толибон”-ро бисёре коршиносон норавшан арзёбӣ мекунанд. Темур Умаров, чиншинос ва мушовири Маркази Карнегии Маскав, таъкид мекунад, ки нуқтаназарҳо дар мавриди афзоиши нуфузи Чин дар Афғонистон аз воқеият дуранд.
"Таваҷҷуҳи амрикоиҳо ба минтақа коҳиш ёфт ва ин ба таври худкор нақши Чинро дар минтақа афзоиш медиҳад, аммо ба ҷуз ин, сабабҳои дигари афзоиши нуфузашро намебинам. Афғонистон ҳоло ҳам як кишвари хеле ноамн аст ва касе ба он сармоягузорӣ намекунад. Чин низ дар баробари сармоягузориҳои худ дар хориҷ хеле амалгаро аст ва мефаҳмад, ки ин кишвар аз диди амниятӣ тағйире накардааст”, -- гуфт Умаров дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ.
Дар ин шароити нав, ба гуфтаи коршинос, кишварҳои минтақа ба худ, ҳамчунин ба Русия, ки аз масъулияти таъмини амният шона холӣ намекунад ва ба Чин, ки нақши он дар бахши амният метавонад афзоиш ёбад, такя хоҳанд кард.
"Тағйироти қобили мулоҳиза метавонад ин бошад, ки Афғонистон барои низомҳои худкомаи Осиёи Марказӣ ба хотири зиёд кардани назорат бар ҷомеа, баҳонаи иловагӣ медиҳад", -- бовар дорад Темур Умаров.