Бист сол пеш 19 узви созмони террористии “Ал-Қоида” бадтарин ҳамлаи террористиро дар хоки Амрико анҷом доданд. Дар муддати фақат чанд соат террористон ба қалби марказҳои иқтисодӣ ва ҳукуматӣ ҳамла карда, 3 ҳазор нафарро куштанд.
Соати 8.46-и субҳи 11-уми сентябри соли 2001 ҳавопаймо ба осмонхароши шимолии Маркази Ҷаҳонии Тиҷорат дар Ню-Йорк бархӯрд. Фикр мекарданд, тасодуф буд, вале 17 дақиқа баъд ҳавопаймои дувум ба бинои ҷанубӣ зад.
Яке аз шоҳидони ҳодиса мегӯяд, “ҳеч гоҳ чунин чизеро надида будам. Маркази ҷаҳонии тиҷорат, бинои ширкати телефонӣ вайрон шуд.”
Ҳарду ҳавопаймо, ки нав маводи сӯхт гирифта буданд, аз Бостон парвоз мекарданд. Дар байни мусофирони ҳарду ҳавопаймоҳо 5-террористӣ буданд, ки аз ҳавопаймоҳо аслиҳа сохтанд. Садҳо нафар дар як лаҳза баъди бархӯрд ҷон доданд, бисёриҳо дар табақаҳои болоӣ дармонданд.
Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури Амрико, он вақт дар як мактаби Флорида буд. Ба ӯ гуфтанд, ба Амрико ҳамла сурат гирифт. Буш пеш аз маълум шудани миқёси воқеии фоҷиа ба мардум муроҷиати кӯтоҳе кард. Ӯ гуфт: “Ман амр додам, ки барои кумак ба осебдидагону оилаҳои онҳо аз тамоми имконоти давлат истифода баранд, ҳодисаро пурра таҳқиқ кунанд ва омилонашро ёбанд.”
Баъди бархӯрди ҳавопаймоҳо, мақомоти Амрико фармон доданд, ҳамаи ҳавопаймoҳо биншинанд. Чун ду ҳавопаймои дигар дар дасти террористон буд. Яке ба Вашингтон ба самти Пентагон, Вазорати дифои Амрико, онҷост. Ҳавопаймо соати 9:37 дар дохили он суқут кард. Ҳамаи мусофирон ва 125 нафар дар замин ҳалок шуданд.
“Ман фақат садоро шунидам ва сипас оташро дидам. Шуълаи бузурги оташ аз миёни бино бархост”, -- нақл кард яке аз шоҳидон.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Маркази ҷаҳонии тиҷорат ҳазорон нафар барои гурез дасту по мезаданд, вале бисёриҳо натавонистанд. Соати 9:50 осмонхароши ҷанубӣ фурӯ рафт ва шаҳр зери гарду чанги заҳролуд монд.
Мусофирони ҳавопаймои рақами 93, ҳавопаймои охири рабудашуда, саъй карданд, монеи қасди террористон шаванд. Кашмакаш дар дохил сабаб шуд, ҳавопаймо дар замини холие дар Пенсилвания афтад. Касе ҳам зинда намонд.
Соати 10:30 осмонхароши шимолӣ афтод. Садҳо маъмурони оташнишонӣ, тиббӣ, пулис, ки ба кумак шитофтанд, ҳалок шуданд. Баъди фурӯ нишондани оташ дар ҷойи фалокат, ҷустуҷӯ дар хонаҳои осебдидаи атроф шуруъ шуд.
Рудолф Ҷулианӣ, шаҳрдори собиқи Ню Йорк, гуфт: “Ин ваҳшатнок аст, харобиҳо ваҳшатнок аст. Мардум ҳама корро барои наҷоти одамон мекунанд. Кори зиёде дар пеш аст.”
Теъдоди қурбониён дар аввал маълум набуд. Баъдан дақиқ шуд, ки дар натиҷаи амалиёти террористӣ се ҳазор нафар кушта шуданд. Ҳазорон нафари дигар захм бардоштанд. Наҷотбахшони зиёде ҳам бар асари нафас гирифтани чангу дуд солҳои баъдӣ фавтиданд.
Таҳқиқи хадамоти амниятии Амрико номи террористонро маълум кард. Понздаҳ нафар аз Арабистони Саудӣ, чаҳор нафар аз кишварҳои дигари арабӣ буданд. Халабонҳое, ки ҳавопаймоҳоро рабуданд, дар Амрико парвозро омӯхта будаанд.
Тарҳрезу сармоягузори амалиёт Усома бин Лодан, зодаи Арабистони Саудӣ буд. Муфаттишон гуфтанд, меъмори аслии террорҳои 11-уми сентябр Холид Шайх Муҳаммад будааст. 7-уми октябри соли 2001 раиси ҷумҳур Буш эълон кард, ки ба зидди “Ал-Қоида” ва мизбонашон “Толибон” дар Афғонистон амалиёт оғоз мешавад.
“Ин амалиёти дақиқе мешавад, ки намегузорад, террористон Афғонистонро ҳамчун пойгоҳ истифода баранд ва тавоноии низомии Толибонро заиф мекунад. Дар амалиёт дӯстони вафодори мо аз Бритониё, Канада, Австралия, Олмон ва Фаронса ширкат мекунанд. Ҳамаи онҳо нерӯҳои мусаллаҳ мефиристанд”, -- гуфт Буш.
Террорҳои 11-уми сентябр оғози ҷанги 20-солаи Амрико дар Афғонистон шуд. Бар илова, ҳукумати Амрико ҷанги саросарӣ ба зидди терроризм эълон кард, ки соли 2003 ба ҷанги Амрико дар Ироқ расонд. Пас аз 11-уми сентябр дар Амрико ҳам зиндагӣ тағйир ёфт. Чораҳои амниятӣ сахттар ва масъулиятҳои хадамоти махсусро зиёдтар карданд. Барои онҳое, ки наздиконашонро талаф доданд ва онҳое, ки монданд, 11-уми сентябр рӯзест, ки зиндагиашон ва маҷрои таърих дар ҷаҳонро тағйир дод.