Наздикони Отаҷон Дадобоев, сокини 53-солаи шаҳри Хуҷанд, даъво доранд, ки кормандони пулис сардори хонаводаро боздошт карда, баъд аз понздаҳ соат ҷасадашро ба онҳо додаанд. Мақомот сабаби марги Дадобоевро "бемории қалб" гуфтаанд, аммо наздиконаш мегӯянд, ӯ бемории дил надошт.
"Ду нафар бо либоси мулкӣ омаданд"
Фотима Зокирова, ҳамсари Отаҷон Дадобоев, рӯзи 9-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, «ду нафар бо либоси мулкӣ соати 9-и рӯзи 31-уми шавҳарамро аз хона бурданд.»
Ба нақли Зокирова, ин ду нафар, ки баъдан фаҳмида шуд, маъмурони Шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта будаанд, ба шавҳараш ҳатто иҷозаи иваз кардани либосро надодаанд. “Вақте шавҳарам пурсид, Шумо кӣ ҳастед, онҳо посух доданд, ки ҳамроҳ равем, мефаҳмед”, -- афзуд ӯ.
Мусоҳиби мо мегӯяд, писараш то бегоҳ дар назди шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дар шаҳри Хуҷанд мунтазир буд ва нисфирӯзӣ барояш хӯрок ҳам бурд. Вале ба гуфтаи Фотима Зокирова, шавҳарашро ба онҳо нишон надода, гуфтаанд, ӯро бозпурсӣ доранд.
“Соати 11-и шаб шахсоне, ки саҳар омада буданд, ба хона омада, суроғаи раиси маҳалларо пурсиданд. Хонаи ӯро нишон додем. Баъд ба писарам занг задаанд, ки ягон амакатро гирифта биёр. Ба беморхонаи касалиҳои дил рафтем, ки дар онҷо касе нест, аллакай мурдаро ба морг мурда буданд. Ташхис карда, баъд ҷасадро доданд”, -- гуфт Фотима Зокирова.
Натиҷаи ташхисро надода, вале бемории дил гуфтаанд
Мақомоти корҳои дохилӣ то ҳол қазияро шарҳ надодаанд. Талошҳои дурӯзаи мо барои гирифтани шарҳи расмӣ аз дафтари матбуотии ВКД ва раёсати корҳои дохилӣ дар Суғд бенатиҷа буд. Як масъули Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд бе зикри ном гуфт, сабаби фавти Отаҷон Дадобоев бемории дил аст.
“Дар вақти бозпурсӣ саломатиаш бад шуд ва ёрии таъҷилиро даъват карда, ӯро ба беморхона бурданд”, -- гуфт масъули Раёсати ВКД дар вилояти Суғд.
Мақомот ба наздикони Отаҷон Дадобоев ҳам сабаби марги ӯро бемории дил гуфтаанд. Аммо натиҷаҳои ташхиси марги Дадобоев ба дасти наздиконаш дода нашудааст ва дақиқ нест, пизишкон баъд аз ташхис сабаби марги ӯро чӣ гуфтаанд.
Қазияи фавти Отаҷон Дадобоев феълан аз сӯи Додситонии вилояти Суғд таҳқиқ мешаванд.
Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дилафрӯз Самадова, вакили мудофеи оилаи Дадобоевҳо, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз додситонӣ дархост кардаанд, то ҳолати фавти Дадобоев муайян карда шавад. Наздикони Дадобоев аз додситонӣ мехоҳанд, сабаби ба идораи пулис бурдани ӯ ва эҳтимоли шиканҷа шуданашонро санҷад. Чун ба гуфтаи онҳо, дар вақти шустани ҷасад дар бадани Отаҷон Дадобоев «изҳои сиёҳ буд». Дар ҳоле ки ки натиҷаҳои ташхиси тиббии Отаҷон Дадобоев дастрас нест, тасдиқ кардани дурустии ин гуфтаҳо номумкин аст.
Ҳодисаҳои бо ҳам монанд
Дар шароите, ки мақомот аз суҳбат дар бораи қазияи Дадобоев ва марги мармузи ӯ худдорӣ мекунанд, норӯшаниҳо дар ин қазия зиёд аст. Аз ҷумла, инки ӯ дар робита ба кадом қазия барои бозпурсӣ бурда шуд. Наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Отаҷон Дадобоев дар робита ба як муноқишае, ки солҳо пеш рух дода буд, бозпурсӣ шудааст.
Фавти ногаҳонии шаҳрвандон баъди боздошт ҳарчӣ бештар расонаӣ мешавад. Соли 2018 Абдурасул Назаров, сокини шаҳри Кӯлоб аз сӯи маъмурони милисаи ноҳияи Синои пойтахт бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир боздошт ва баъд аз чанд соат дар беморхона даргузашт. Наздикони Назаров гуфтанд, ӯ шиканҷа шудааст, вале мақомот то ҳол натиҷаи тафтишро нашр накарданд.
Даргузашти Умар Бобоҷонов, сокини шаҳри Ваҳдат дар соли 2015 яке аз қазияҳои монанд ба ин аст, ки то ҳол норӯшан мондааст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ марги Бобоҷонов ва чанд ҳодисаи монанд ба онҳоро ба шиканҷа рабт медиҳанд, вале мақомот на ҳамеша ин гуна назарҳоро эътироф мекунанд.