Киҳоро чеҳраҳои даврони Истиқлоли Тоҷикистон мешуморед?

Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳри Душанбе

Дар як назархоҳии Радиои Озодӣ, ки “киҳоро аз чеҳраҳои рамзии Истиқлолияти Тоҷикистон мешуморед?” корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шахсони зиёдеро ном гирифтанд. Ин афрод ба талошҳо ва эълони истиқлоли миллӣ, вокунишҳо ба он ва ҷангу сулҳу давлатсозии баъдӣ пайванд дошта, ҳамчунин аз равандҳои хоси 30 соли охири кишвар намояндагӣ кардаанд. Дар ҷамъбасти натиҷаҳои он талош шуд, онҳое ёдоварӣ карда шаванд, ки номашон беш аз дигарон садо додааст. Бояд гуфт, ин назарсанҷӣ ғайрирасмист.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Сеюмин раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки як сол пас аз эълони истиқлол дар авҷи зиддиятҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ раҳбарии кишварро ба даст гирифт. То иҷлосияи Хуҷанд ӯ яке аз вакилони камшинохташудаи порлумон ва мудири совхоз, муддати кӯтоҳе раиси вилояти Кӯлоб буд.

Панҷ дафъа дар интихоботҳое, ки озод ва демократӣ шумурда намешаванд, президент шуд ва ду дафъа бо ислоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон дар референдумҳо (1999 ва 2003) муҳлати раёсати худро дароз кард. Дар соли 1999 унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро соҳиб гашт ва охири соли 2015 соҳиби унвон ва вазифаи якумраи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” бо ҳаққи ширкати номаҳдуд дар интихоботҳои президентӣ гашт.

Дар ҳолномаи расмии ӯ гуфта мешавад, ки “бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулодда кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба ватан баргардонд.” Вале мунаққидони ӯ мегӯянд, муҳоҷири корӣ шудани зиёда аз 1 миллион шаҳрванди кишвар ва 3,1 миллиард доллар қарзи давлатии Тоҷикистон, ҳамчунин ба Чин дода шудани қаламрави кишвар далели нокомии сиёсатҳои ӯ буда, натавонистааст, пеши роҳи фасоди молӣ ва зиёдаравии наздиконашро дар ғасби дороиҳои мамлакат бигирад.

Давраи тӯлонии раҳбарии ӯро ҳамчунин замони кеши шахсият ва шикасти озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи инсон мешуморанд. Бо вуҷуди ин, ӯро, ки аз 30 соли истиқлол 29 солаш раҳбари Тоҷикистон будааст, аз чеҳраҳои замони соҳибихтиёрӣ меҳисобанд.

Эмомалӣ Раҳмон

ҚАДРИДДИН АСЛОНОВ

Дар зери Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон аз 9-уми сентябри соли 1991 имзои Қадриддин Аслонов гузошта шудааст. Дар он шабу рӯз вай раиси Шӯрои Олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Чанд рӯз баъдаш ҳамчунин ба манъи фаъолият ва миллӣ кардани дороиҳои Ҳизби коммунист ва баркандани ҳайкали пешвои коммунистҳо В.И. Ленин аз маркази Душанбе дастур дод. Манъи фаъолияти ҳизбе, ки амалан ҳукумати кишварро ташкил мекард ва дахолат ба моликияти беҳисоби он эътирозҳои шадидеро зидди Аслонов ба бор овард ва шикастани ҳайкали Ленин барои ангехтани мардум ва таблиғоти сартосарии алайҳи ин шахс ва ҳамчунин нерӯҳои нави сиёсии кишвар истифода шуд.

Ӯ маҷбур шуд, аз мансабаш истеъфо диҳад. Дар авҷи даргириҳои хунини вилояти вақти Қӯрғонтеппа дар тобистони соли 1992 раёсати ин минтақаро ба зимма гирифт, дертар аз тарафи сарони Фронти халқӣ, ниҳоди мавриди ҳимояти Русия ва Узбекистон, ки бо шиори “барқарор кардани сохти конститутсионӣ” ба майдон омада буд, кушта шуд.

Қадриддин Аслонов

ТОҲИРИ АБДУҶАББОР

Ӯро “меъмори истиқлоли Тоҷикистон” меноманд. Вакили порлумон (микрофони рақами 6) ва иқтисодшиноси тоҷик, Тоҳири Абдуҷаббор, ки дар соли 1989 созмони сиёсии “Растохез”-ро бо ҳадафи меҳварии расидан ба истиқлоли Тоҷикистон таъсис дода буд, моҳи августи соли 1990 тарҳи чунин эъломияро ба порлумон пешниҳод кард.

Он замон даъвати ошкоро ба соҳибихтиёрӣ рад карда шуд, вале бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ зарурати эълони истиқлол пеш омад ва лоиҳаи Тоҳири Абдуҷаббор заминаи тарҳи расмиро ташкил дода, 9-уми сентябри соли 1991 дар порлумони Тоҷикистон ба тасвиб расид.

Cоли 1993 ибтидо ба Маскав, сипас ба Эрон ва аз онҷо ба Бишкек рафта, соли 2004 дигарбора ба кишвар баргашт. Ҳарчанд аз фаъолиятҳои сиёсӣ канор рафта буд, дар суҳбатҳояш аз низоми сиёсии бавуҷудомада дар Тоҷикистони мустақил ва сатҳи зиндагӣ ва озодиҳои мардум изҳори нороҳатӣ мекард.

Тоҳири Абдуҷаббор

ДИЛШОД НАЗАРОВ

Гурзи партофтаи ин варзишгари тоҷик дар айёми Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио де Жанейрои Бразилия ба Тоҷикистони соҳибистиқлол медали аввалини олимпиро овард. Худи ӯ мегуфт, барои расидан ба орзуи кӯдакӣ талоши зиёд кард. Иддае бовар доранд, “бахти ӯ хандид”, чун рақиби аслиаш, Павел Файдек аз Лаҳистон, сустӣ кард.

Достони муваффақияти Дилшод Назарови 39-сола зуд ба достони хурду бузург табдил шуд, аммо дере нагузашта “чашм расид”. The Athletics Integrity Unit, ниҳоди мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук, ӯро ба истифодаи допинг гунаҳкор донист. Худаш бовар дорад, ки ноҳаққӣ шудааст.

Ҳарчанд натиҷаҳои бадастовардаашро аз соли 2011 то 2013 бекор ва худи ӯро ду сол аз иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум карда, истеъфояшро аз мансаби раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон хостанд, ба мисли пешина қаҳрамони Бозиҳои олмипии соли 2016 аст. Мегӯяд, медали тиллояш низ дар хазинаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз мебошад.

Дилшод Назаров

КАРОМАТ ШАРИФОВ

Аз ҳомиёни маъруф дар миёни муҳоҷирони тоҷик буд, ки ҳукумати Русияву Тоҷикистон ва бахусус корфармоёни русро зиёд танқид мекард. Каромат Шарифов шаҳрвандии Русияро дошт, аммо мақомоти рус моҳи декабри соли 2017 шаҳрвандии ӯро бекор ва худашро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд.

Дар шарҳи расмии қарори додгоҳи Маскав гуфта мешуд, ки сабаби ихроҷи Шарифов "бо роҳи тақаллуб ба даст овардани шиносномаи Русия" аст. Аммо Каромат Шарифов то охир ихроҷашро аз Русия кори як гуруҳи ғаразнок медонист, ки фаъолиятҳои ӯ барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон ба ин гурӯҳ зарба мезад. Дар Русия бештар аз як миллион аҳолии Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, аммо талошҳо барои зери чатри як созмон ё иттиҳод овардани онҳо бенатиҷа будааст. Каромат Шарифов бахше аз онҳоро дар Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик гирд оварда буд.

Ӯ дар Тоҷикистон талош кард, санадашро ба даст биорад ва дигарбора ба Русия баргардад, аммо моҳи майи соли 2020, дар 57-солагӣ, даргузашт. Як рӯз пеш аз он дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, “як порча заминамро дар Русия фурӯхтам ва як миллион рубли онро ба камбизоатҳо дар Тоҷикистон ва муҳоҷирон тақсим мекунам." Коре, ки пас аз маргаш пайвандон иҷро карданд.

Каромат Шарифов

Дар назархоҳии он ки “киҳоро чеҳраҳои даврони Истиқлолияти Тоҷикистон мешуморед?”, корбарон ҳамчунин номи

  • раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифон ва Кумисюни оштии миллии Тоҷикистон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ,
  • қозикалони Тоҷикистон, вакили порлумон ва муовини пешини сарвазир Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода,
  • фармондеҳи Фронти Халқӣ Сангак Сафаров,
  • раиси пешини Маҷлиси Миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев,
  • шоир ва раиси Бунёди забони тоҷикӣ Лоиқ Шералӣ,
  • фармондеҳ Файзалӣ Саидов,
  • варзишгарон Беҳрӯз Хоҷазода, Расул Боқиев, Мавзуна Чориева,
  • рӯҳониён Эшони Нуриддин ва Ҳоҷӣ Мирзо,
  • соҳибкор Саидмурод Давлатов,
  • раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймӯъмин Ятимов,
  • рӯзноманигору сиёсатмадор Додоҷони Атовуллоҳ,
  • сиёсатмадорон Муҳиддин Кабирӣ ва Шукурҷон Зуҳуров,
  • вазири собиқи дифоъ Шералӣ Хайруллоев
  • раиси Маҷлиси Миллӣ Рустами Эмомалӣ,
  • президенти собиқ Раҳмон Набиев,
  • сиёстмадори кушташуда Умаралӣ Қувватов,
  • ҳуқуқшинос Иззат Амон,
  • сароянда Қадами Қурбон ва дигаронро номбар кардаанд.