Додгоҳе дар шаҳри Қазон, маркази Тотористони Русия, Баракатуллоҳ Ғозиев, писари 35-солаи Саидқиёмиддини Ғозӣ, рӯҳонии шинохта дар давраи ҷанги дохилии Тоҷикистонро (ду сол пеш дар ошӯби зиндони Ваҳдат кушта шуд) ба чиҳил шабонарӯз ҳабс маҳкум кардааст.
Мақомоти Додгоҳи ноҳияи Совет дар қароре аз 15-уми августи имсол гуфтаанд, боздошти ӯ бо дархости ҷониби Тоҷикистон сурат гирифт. Пайвандонаш аз "эҳтимоли истирдоди ӯ ба Душанбе ва шиканҷа шуданаш" нигаронанд.
Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон расман чизе нагуфтаанд, Додгоҳи ноҳияи Совет дар Қазон иттилоъ дод, ки Баракатуллоҳ Ғозиев дар кишвар бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – "барангехтани кинаву адовати мазҳабӣ" (қисми яки моддаи 189) ва "хиёнат ба давлат" (қисми яки моддаи 305) – гумонбар аст.
Бино ба моддаи аввал ба ӯ аз ду то панҷ сол ва бар асоси моддаи дувум аз дувоздаҳ то бист сол зиндон таҳдид мекунад.
Ба иттилои Додгоҳи ноҳияи Совети шаҳри Қазон, Баракатуллоҳ Ғозиев як сол боз таҳти ҷустуҷӯи байнулмилалӣ будааст.
Додрас Эрик Ҳабибулин бо такя ба хулосаи Кумитаи дини Тоҷикистон гуфтааст, Баракатуллоҳ Ғозиев, ки "соли 2015 аз Эрон ба Душанбе баргашт ва сипас барои кор ба Русия рафт", ба барангехтани кинаву адовати мазҳабӣ дар "Инстаграм" муттаҳам аст. Ба иттилои додрас, ӯ дар ин шабакаи иҷтимоӣ бо номи "Баракат Ғозӣ" гуё "ақидаҳои мазҳаби шиаро ташвиқ мекард".
Наздикони Баракатуллоҳ Ғозиев бе зикри ном рӯзи 5-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, чунин иддао дуруст нест, вале ӯ як моҳ пеш бо дархости ҷониби Тоҷикистон дастгир шуда, то 22-юми сентябр дар боздоштгоҳи Қазон хоҳад монд. Дар ин муддат, ба гуфтаи онҳо, эҳтимоли истирдодаш аз Русия ба Тоҷикистон баррасӣ мешавад.
"Вай бо вакили мудофеъ таъмин аст, вале нигаронем, ки ба Душанбе истирдод нашавад", -- гуфт яке аз наздикони ӯ.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Писари дувуми Саидқиёмиддини Ғозиро ба 11 сол зиндон маҳкум кардаандСаидисҳоқ Бобоев, узви Кумитаи шаҳрвандии наҷоти зиндониёни сиёсии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, ба Радиои Озодӣ гуфт, бо ҳадафи пешгирӣ аз истирдоди Баракатуллоҳ Ғозиев ба созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар муроҷиат кардаанд.
Дар гузашта Тоҷикистон чандин афроди таҳти ҷустуҷӯро, ки дар Русия боздошт шудаанд, ба кишвар оварда, ба муҳлатҳои дарози зиндон маҳкум кардааст.
Дар ду соли охир ду бародари Баракатуллоҳ Ғозиев бо гуноҳи тундгароӣ ва хиёнат ба давлат (яке ба 11 вадигаре ба 13 сол) дар Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шуданд. Сарнавишти як бародари дигари онҳо ҳанӯз маълум нест.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Яке аз писарони Саид Қиёмиддини Ғозиро ба "хиёнат ба давлат" айбдор кардаанд. Пайвандон розӣ нестанд. ВИДЕОХуди Саидқиёмиддини Ғозӣ соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дастгир ва дар шароити мармуз ба Тоҷикистон оварда, ба 25 сол зиндон маҳкум гардид. Дар ошӯби тобистони соли 2019 дар зиндони шаҳри Ваҳдат кушта шуд.
Вай дар оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон яке аз муҷриҳои майдони "Шаҳидон" буд. Пас аз шурӯи ҷанг ба Афғонистон паноҳанда шуда, дар ҳайати Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик фаъолият кард. Бо имзои Созишномаи сулҳ, Саидқиёмиддини Ғозӣ ба ватан баргашта, узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи оштии миллӣ буд. То қатъи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ дар ин вазифа кор кард ва барои хидматаш дар татбиқи созишномаи сулҳ аз ҳукумати Тоҷикистон бо ордени "Шараф" қадрдонӣ шудааст.