Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон хабари корбарони Фейсбук дар бораи гуё манъи истифода аз забони узбекӣ дар мактабҳои Афғонистонро аз сӯи ҳаракати Толибон рад кард.
"Бояд гуфт, дар ҷараёни суҳбати намояндагони Вазорати умури хориҷии Узбекистон бо раҳбарони расмии Толибон зикр карда шуд, ки хабари манъ гаштани истифодаи забони узбекӣ дар мактабҳо асос надорад", - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Ба гуфтаи масъулони вазорат, намояндагони Толибон ваъда додаанд, ки забони узбекӣ дар баробари забонҳои дарӣ ва пашту ҳамчун яке аз забонҳои расмӣ дар Афғонистон боқӣ мемонад.
Пештар муаррих ва таҳлилгар Анвар Назир дар Фейсбук навишт, ки Толибон омӯзиши забони узбекиро аз барномаҳои дарсӣ дар мактабҳои Афғонистон берун ва садҳо омӯзгори ин забонро аз кор ихроҷ намудаанд.