Имсол даҳҳо донишҷӯйи донишгоҳҳои Душанбе соли нави таҳсилро дар "маршировка" оғоз мекунанд. Онҳо барои таҷлил аз 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон як ҳафтаи дигар бояд машқ кунанд. Ҷашни асосӣ 9-уми сентябр баргузор мешавад ва пас аз он донишҷӯён метавонанд, ба донишгоҳ баргарданд. Сарфи назар аз тақнидҳои зиёд, мақомоти Тоҷикистон ҳеч гоҳ гузарондани маршировкаро қатъ накарданд.
"Гуфтанд, иҷро мекунем"
Фирдавс Ғаюров, донишҷӯйи Донишгоҳи соҳибкорӣ, ҳамроҳ бо ҳамсабақонаш ҳар рӯз соати шаши субҳ ба Варзишгоҳи марказии Душанбе меояд. Онҳо то соати даҳ барои иштирок дар ҷашни асосии Истиқлол тамрин мекунанд. Фирдавс маршировкаро "фармон аз боло" медонад, ки ба гуфтаи ӯ ширкат дар он ҳатмӣ аст. "Ҳар рӯз якуним соат тамрин мекунем. Маршировка кори сиёсӣ аст", -- бовар дорад ӯ.
Чанд донишҷӯе, ки дар маршировка ширкат доранд, бе зикри ном ба мо гуфтанд, ки онҳо низ мехоҳанд, аз 1-уми сентябр дар дарс бошанд, вале ба қавли яке аз онҳо, "агар 3 рӯз дар маршировка набошем, аз донишгоҳ меронанд." Мақомот ҳамеша гуфтаанд, ширкат дар маршировка ихтиёрӣ аст, аммо донишҷӯён мегӯянд, онҳоро маҷбурӣ ба ин маърака овардаанд.
Наворро дар инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ дар маҳалли тамрини донишҷӯён нишон дод, ки ширкатдорони маршировка ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ диққат намедиҳанд. Бештари онҳо ниқоб надоранд ва фосилаи иҷтимоиро ҳам риоя намекунанд. Масъулини Вазорати маориф ва илм пештар дар посух ба чунин танқидҳо гуфтанд, бештари донишҷӯёне, ки дар маршировка ширкат мекунанд, ваксинаи зидди COVID-19 гирифтаанд.
Ваксина масъулонро бепарво кардааст?
Донишгоҳҳо ҳам аз саҳнаи маршировка чандон фарқ надоранд. Масъулин мегӯянд, барои соли нави таҳсил омодагӣ дидаанд ва риояи чораҳои беҳдоштиро ҷиддӣ назорат доранд.
Қобилҷон Иброҳимов, сардори шуъбаи тарбияи Донишгоҳи омӯзгорӣ, 30-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, маҳлулҳои беҳдоштӣ ва ниқобҳои тиббиро ба қадри кофӣ захира кардаанд. Ба гуфтаи Иброҳимов, дар даромадгоҳи донишгоҳ ва факултаҳо шахсони мутасаддӣ меистанд ва ҳарорати бадани донишҷӯро санҷида, ба дастонаш маҳлулҳои беҳдоштӣ мепошанд.
"Хобгоҳҳои донишҷӯён ва синфхонаҳо рӯзҳои истироҳатӣ безарар гардонида мешаванд. Давраи таътил бошад қариб 80 дарсади донишҷӯён ваксина гирифтанд", -- гуфт Қобилҷон Иброҳимов.
Таъкиди масъули Донишгоҳи омӯзгорӣ ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар оғози соли таҳсил дар ҳоле садо медиҳад, ки мушоҳидаҳо баръакси инро нишон медиҳад. Бештари донишҷӯён дар саҳни чанд донишгоҳе, ки мо рафтем, ниқоби тиббӣ надоранд. Назди хазинаҳо низ издиҳоми донишҷӯён барои супоридани маблағи таҳсил ҷамъ шудааанд. Ду қоидае, ки ба гуфтаи мутахассисон хатари паҳншавии коронавирусро бештар мекунад.
Аз суҳбатҳои масъулини донишгоҳҳо бармеояд, ки гузарондани ваксинаи зидди коронавирус онҳоро то ҷое хотирҷамъ кардааст. Ҳарчанд мутахассисон борҳо ҳушдор додаанд, ки ваксина инсонро пурра аз сирояти коронавирус ҳифз намекунад.
Як нуктаи баҳсбарангези дигар дар донишгоҳ ва мактабҳои Тоҷикистон риояи фосилаи ҷисмонӣ дар вақти дарс аст. Одатан дар синфхонаҳои мактаб ва донишгоҳҳо аз 30 то 50 ва бештар аз он муҳассилин ҷамъ мешаванд. Худи масъулон камбуди ҷойи нишастро низ рад намекунанд. Онҳо мушаххас нагуфтанд, ки донишҷӯён дар синфхонаҳо чӣ гуна ҷобаҷо мешаванд то ҳам фосилаи иҷтимоӣ риоя шавад ва ҳам ҷойи нишаст барои ҳама расад.
Соли гузашта дар баъзе аз донишгоҳҳои Тоҷикистон аз донишҷӯён баёнот гирифта буданд, ки дар дохилу беруни мактаби олӣ ниқоби тиббӣ бипӯшанд ва фосилаи ҷисмониро риоя кунанд, вагарна ҷазо хоҳанд гирифт. Аммо ба гуфтаи донишҷӯён, имсол чунин таҷриба дар донишгоҳҳо сабт нашудааст.
Дар Тоҷикистон 41 донишкада ва донишгоҳ фаъолият доранд ва дар онҳо ҳудуди 250 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд.
нуқтаи назар: Зеварбону Рауфӣ: "Маршировка" ва шеваи фосид. ВИДЕО