Бритониё амалиёти ба берун бурдани шаҳрвандонро аз Кобул поён медиҳад

Ин занон бо кӯдаконашон ба фурудгоҳи Кобул мераванд

Як мансабдори баландпояи низомии Бритониё гуфтааст, ин кишвар рӯзи 28-уми август маъмурияти интиқоли шаҳрвандони хориҷӣ ва афғонҳоро аз Кобул ба поён мерасонад. Би-би-сӣ навишт, ин маъмурият ба марҳилаи ниҳоияш расидааст. Пеш аз ин бисёре аз бист кишвари ҳамроҳ дар амалиёти интиқоли хориҷиён ва афғонҳо аз Кобул ба берун гуфта буданд, ки ин амалиётро то 27-уми август пурра кардаанд. Вазири мудофиаи Фаронса рӯзи ҷумъа гуфт, дар камтар аз ду ҳафта ҳудуди 3 ҳазор кас, аз ҷумла беш аз ду ҳазору шашсад афғонро ба ҷойи амн бурданд. Бар асоси гузоришҳо, Амрико ва муттаҳидонаш аз 14-уми август ба ин тараф наздик ба 111 ҳазор танро аз фурудгоҳи Кобул ба хориҷа интиқол додаанд. 31-уми август рӯзи охирини хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон аст.