Гуфтугӯ бо Темур Зулфиқоров, "дарвеш"-е аз Тоҷикистон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Темур Зулфиқоров, нависандаи машҳури русзабони Тоҷикистон, 85-сола шуд. Ҳоло ӯ дар деҳаи Зимчируди ноҳияи Варзоб машғули иншои асарҳои нав аст. Ҳарчанд беш аз панҷоҳ соли умрро дар Маскав гузарондааст, мегӯяд, акнун ба орзуи деринааш – зиндагӣ дар оғӯши кӯҳҳои баланду хомӯш – расид.