Эълони арзиши хидмати алтернативӣ дар Тоҷикистон, ки 25 ҳазору 200 сомонӣ (муодили беш аз 2 ҳазор доллар) муайян шудааст, вокунишҳои гуногунро ба вуҷуд овард.
Иддае онро як роҳи қонунии халосӣ аз артиш донистанд ва гурӯҳе аз эҳтимоли афзоиши фасод нигаронанд, ҳарчанд намояндагони Вазорати мудофиа мегӯянд, шаффофияти ин кор таъмин хоҳад шуд.
Бахше дигар ба мисли ҳуқуқшинос, Файзи Олӣ, ҷонибдори он ҳастанд, ки дар Тоҷикистон хидмати ҳарбии шартномавӣ ҷорӣ шавад. "Бо ҷавонони то 35-сола қарордод баста, ҳангоми хидмат ба онҳо маош бидиҳанд. Он вақт ҷавонон бо ҳавасмандии бештар ва касбият машғули ҳимоят аз ватан мешаванд", -- гуфт ӯ рӯзи 17-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Ҳуқуқшиноси тоҷик бовар дорад, аксар оилаҳо дар кишвар миёнҳоланд ва маошу даромади зиёд надоранд. Як раҳгузари ҷавон дар кӯчаҳои Душанбе низ 17-уми август дар посух ба пурсиши Радиои Озодӣ гуфт, "ё пули хидмати алтернативиро бештар кунанд ё чунин муқарраротро пурра бардоранд. Аз дусар мардуми камбағал пул надоранд ва маҷбур рафта хидмат мекунанд."
"Боз ҳам шахсони доро аз чунин имкон бархӯрдор мешаванд. Аз ин суистифода мешавад ва мавридҳои коррупсия бештар ва сатҳи касбияти сарбозон бадтар хоҳад шуд", -- идома дод Файзи Олӣ.
Чунин иддаоро намояндагони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон беасос хонда, таъкид карданд, ки шаффофият дар низоми хидмати алтернативӣ таъмин мешавад. Ба гуфтаи чанде аз мусоҳибони мо дар Вазорати дифоъ, "пардохти маблағи хидмати ҳарбӣ тавассути бонк сурат мегирад ва расид ё чеки он ба қисмҳои ҳарбӣ пешниҳод мешавад."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як пурсиши Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе нишон дод, ки сокинон дар мавриди хидмати алтернативӣ бо пардохти беш аз 25 ҳазор сомонӣ назарҳои гуногун доранд. Яке аз онҳо гуфт, "ин маблағ чандон зиёд нест ва барои тоҷики мо даркор шавад, 100 ҳазор сомонӣ ҳам ёфта, худро аз хидмат озод мекунад".
Ба ақидаи мусоҳиби дигари мо, маблағи пешбинишуда дар ҳадди тавони онҳо нест ва барои ҷамъоварии он бояд солҳо кор кунанд. Роҳгузари дигар: "Назар ба он ки пул медиҳӣ, ҷавонон рафта хидмат кунанд, беҳтар аст. Пулро ба тӯй ё хона сарф кунанд."
"Ҳарос аз маргу шиканҷа дар қисмҳои ҳарбӣ, хонаводаҳоро маҷбур месозад, ин маблағро ёфта, фарзандони худро аз хидмати ҳарбӣ халос кунанд", -- таъкид кард як сокини Душанбе.
Вакилони порлумони Тоҷикистон ним сол пеш қонун дар бораи хидмати ҳарбиро тағйир доданд. Бар асоси он, ҳар сол то даҳ дарсади ҷавонони синни хидмат ба артиш ҷалб шуда, онҳое, ки намехоҳанд, хидмат кунанд, бо пардохти маблағ ва тамрини якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ хоҳанд шуд.
Инчунин, ҷавононе, ки кафедраҳои низомиро хатм мекунанд, танҳо пас аз 12 моҳи хидмат дар артиш соҳиби рутбаи афсари эҳтиётӣ хоҳанд шуд. Дар гузашта хатмкардаҳои донишгоҳҳое, ки дорои кафедраҳои ҳарбӣ буданд, бо иштирок дар давраҳои 40-рӯза соҳиби билети ҳарбӣ шуда, рутба мегирифтанд.
Минбаъд танҳо шахсоне ба ниҳодҳои додгоҳӣ, додситонӣ, мубориза бо коррупсия, гумрук ва Хадамоти иҷро ба кор қабул карда мешаванд, ки хидмати ҳарбӣ кардаанд.
Масъулони Вазорати дифои кишвар, борҳо аз қонуни нав ҳимоят карда, гуфтаанд, он ба сатҳу сифати артиш ва ҷалби ҷавонон ба хидмат мусоидат мекунад. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, интизории онҳо дар қонуни нав бароварда нашудааст. Яке аз талабҳо кам кардани муҳлати хидмат буд, ки аз ҷониби мақомоти кишвар пазируфта нашуд.
Мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.