Бурқа, тарс ва тарки кишвар. Бозгашти "Толибон" баъди 20 сол. АКС

Як узви "Толибон" (дар марказ) дар назди фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ҳомид Карзай. Кобул, 16-уми августи 2021

Фурудгоҳи Кобул. 16-уми августи соли 2021. Навбати одамон барои фирор аз Афғонистон

Фурудгоҳи Кобул. Рӯзи 16-уми августи соли 2021. Бисёре аз афғонистониҳо дар фикри рафтан аз кишвар ҳастанд. Гурӯҳи "Толибон" 15-уми август, дар пайи фирори президент Ашраф Ғанӣ, вориди Кобул шуд ва пас аз бист соли сарнагунии ҳокимияташ дигарбора назорат бар кишварро ба даст овард.

Ҷангҷӯёни "Толибон" дар шаҳри Қандаҳор, ҷанубу ғарби Афғонистон, посбонӣ мекунанд. 15-уми августи соли 2021 

"Толибон" дар қасри раёсати ҷумҳурии Афғонистон. 15-уми августи соли 2021

Аксарият дигарбора бурқа мепӯшанд. Занони беҷомондаи афғон

Ҷангҷӯён ба мошини полис савор шудаанд. Шаҳри Кобул, 16-уми августи 2021

Як мард дар вилояти Ҳирот парчами "Толибон"-ро мефурӯшад. 14-уми августи 2021 

Занону кӯдаконе, ки дар ҷараёни даргирӣ бехонумон шудаанд

Ҷангҷӯёни "Толибон" ва сокинони маҳаллӣ дар мошини Humvee-и Артиши миллии Афғонистон нишастаанд. Вилояти Лағмон, 15-уми августи 2021 

Ҷангҷӯёни гурӯҳи "Толибон" дар кӯчаҳои Ҳирот, 13-уми августи 2021

Дар талоши гузаштан аз сарҳади Афғонистону Покистон. 13-уми августи 2021 

"Толибон" пас аз ишғоли Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманд, 13-уми августи 2021 

Ин хонаводаҳо пас аз задухӯрд дар шимоли Афғонистон ба Кобул паноҳ бурда буданд

Ҷангҷӯёни "Толибон" ва мардуми маҳаллӣ дар Humvee-и мутааллиқ ба Артиши миллии Афғонистон нишастаанд. Ҷалолобод, 15-уми августи 2021 

Афғонистон