Мавзӯи Афғонистон ва бахусус ояндаи ин давлати ҳамсояи Тоҷикистон, ки бо ҳам зиёда аз 1400 километр сарҳад доранд, барои сокинони кишвар бефарқ нест.
Якбора зери назорати ҷангҷӯёни Толибон даромадани аксар шаҳру ноҳияҳо дар шимоли Афғонистон ва гӯшаҳои дигари он бисёриҳоро нигарон кардааст. Ин минтақаҳо бо баъзе аз ноҳияҳои Тоҷикистон ҳамсарҳаданд ва ё дар фосилаи хеле наздик ҷойгиранд.
Мансабдорони Тоҷикистон, аз ҷумла вазири корҳои хориҷӣ, дар оғози моҳи август гуфтанд, ки аз вазъи сарҳад "хеле нигаронанд", аммо айни замон аз омодагии худ барои ҳифозат аз марз сухан мекунанд.
Гуруҳи Толибон чанд дафъа ёдрас шудааст, ки мушкилаш бо ҳукумати ҳозираи Афғонистон ва нерӯҳои хориҷӣ аст ва ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳамла нахоҳад кард. То кунун намояндагони расмии Туркманистон ва Узбекистон бо раҳбари сиёсии дафтари Толибон дар Қатар мавзӯи ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисоду нигоҳбонии сарҳадро баррасӣ кардаанд, бо вуҷуди он ки фаъолияти гуруҳ дар аксар кишварҳо мамнуъ ва террористӣ аст.
Радиои Озодӣ аз чанд роҳгузар дар шаҳри Душанбе пурсид, ки аз ишғолгариҳо дар Афғонистон хабар доранд ва оё таҳдидеро аз тарафи ҷангҷӯёни Толибон ва аз он сӯи Ому ҳис мекунанд ё не?
Матни посухҳо ин аст:
- "Толибон бисёр ноҳияҳоро дар Афғонистон забт карданд, метавонанд, ба Тоҷикистон ҳам дароянд. Нотинҷӣ биоранд. Дар Тоҷикистон мушкил сар занад. Ин корро карда метавонанд."
- "Машқи муштараки Тоҷикистону Узбекистон ва Русия дар "Ҳарбмайдон” баргузор шуд. Мо сад дарсад бовар дорем, ки зарур шавад, ватани худро ҳимоя мекунем."
- "Бояд сари як хулоса биоянд, ҳамфикр шаванд ва ватани худро обод кунанд."
- "Зарари Толибон ба Тоҷикистон мерасад ё не, намедонем. Мумкин аст, зарари гуруҳе, ки аз давлатҳои дигар ба онҷо рафтаанд, расад."
- "Афғонистонро пурра гиранд, мумкин аст, ки ба Тоҷикистон ҳам назар кунанд. Вале мо бо Узбекистону Туркманистон ҳамкорӣ ва дӯстии хуб дорем. Ҳар кишвар барои даромадан ба хоки мо ҷуръат намекунад. Зеро мо танҳо нестем, дӯстҳо дорем."
Навор дар Ютюб:
Шумо чӣ фикр доред? Навиштани назару пешниҳодҳои худро дар зери матлаб аз ёд набаред.