Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ рӯзи 13 август гуфт, эҳтиёҷ ба маводи башарӣ – ғизову об, маводи тиббӣ ва дигар муҳимот фавқулодда афзудааст.
Қисми калони паноҳҷӯён дар парк ё боғи “Шаҳри нав”-и шаҳри Кобул ҳам маскан гирифтаанд. Ҳанӯз ҳаво гарм аст ва онҳо дар ҳавои боз ва бархе зери чодар шабро рӯз мекунанд. Аксарашон занону кӯдаконанд. Ба иттилои Радиои "Афғонистони Озод", аксари овораҳои ин боғ аз қисматҳои шимоли Афғонистон ба ин ҷо омадаанд. Дар шимоли Афғонистон, ки ба марзи Тоҷикистон наздик аст, аксар посгоҳҳои марзиро Толибон назорат мекунанд.
Афроди хайрхоҳ ба паноҳҷӯён обу нон медиҳанд.
Ҳар як бошандаи "Шаҳри нав" саргузаштҳои талхи худро дорад, ки онҳоро водор кард тарки манзил ва хонаи гарм карда овора шаванд.
Як зани фирории афғон мегӯяд, вақте ҷангиён ба маҳалли зисти онҳо расиданд, духтарҳоро маҷбуран ба занӣ гирифтанд. Хонум Зарбегим гуфт, Толибон писарҳои ӯро кушта, духтарҳои хеши наздикашро ба занӣ гирифтанд. Баъди ин ӯ маҷбур шуд, фирор кунад.
Як марди дигари сокини “Шаҳри нав” мегӯяд, ҷангиёни Толибон хона ба хона гашта аз мардум хӯрок талаб мекунанд. Ӯ мегӯяд, гурӯҳҳои даҳу бистнафараи Толибон омада аз онҳо ошу нон талаб мекунанд, дар ҳоле, ки худи онҳо ноне барои хӯрдан надоранд.
Радиои Озодӣ иддаоҳои ин нафаронро тасдиқ карда наметавонад. Дар гузашта Толибон ҳама гуна иттиҳомоти монанд ба инро рад кардаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад