Толибон ӯро шиканҷа кардаанд. Саргузашти сангини Ҳасибулло

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Соли 2016, вақте Ҳасибулло Файзӣ ва гурӯҳи дигари низомиён ба дасти Толибон асир шуданд, тасаввур ҳам намекарданд бо чӣ даҳшатҳое рӯбарӯ мешаванд. Низомии собиқ дар сӯҳбат бо радиои “Афғонистони озод” мегӯяд, дар орзуи марг буд, чун таҳаммули шиканҷаҳои Толибонро надошт.