Режими Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури худкомаи Белорус ахиран ба даври нави таҳримҳои Амрико вокуниш нишон дод. Ҳукумати Белорус рузи чаҳоршанбеи 11-уми август аз Вашингтон хост, ки кормандони сафораташ дар Минскро то аввали сентябр ба 5 тан коҳиш диҳад. Амрико ва муттаҳидонаш дар вокуниш ба саркӯби бераҳмонаи эътирозгарон, шиканҷаи зиндониён ва маҷбур кардани мухолифони сиёсӣ аз сӯи режими Лукашенко, алайҳи ин кишвар таҳрим ҷорӣ карданд.