Як расонаи Чин омори занони фоҳишаро дар Тоҷикистон паҳн кард
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як расонаи машҳур дар Чин шумори занону духтарони танфурӯш дар Тоҷикистон ва нархи хадамоти онҳоро нашру паҳн кардааст. Вебсайти "Мавҷи озод" (网易-Wangyi) иддао дорад, ки омор ҳосили пурсишҳои чанд созмон дар Тоҷикистон аст, вале на аз ташкилоте ва на аз замону тарзи баргузории пурсишҳо далел наовардааст. Гузориш охири моҳи июни имсол нашр шуд. Дар Тоҷикистон ҳанӯз ба матлаби расонаи чинӣ расман вокуниш накардаанд.