14 ҳазор фоҳиша? Нархи хадамот – 15 юан
Сомонаи "Мавҷи Озод" (网易-Wangyi) дар мақолаи худ бо имзои Ҷиянг Шен Ян (蒋沈杨) навиштааст, "дар Тоҷикистон 14 ҳазор фоҳиша ва 200 фоҳишахона фаъолият доранд. Нархи хидмати онҳо аз 15 юан, муодили каме беш аз 20 сомонӣ (2 доллар) сар шуда, то бештар аз 1000 сомонӣ (тақрибан 100 доллар) мерасад. Ҷалби онҳо инчунин дар кӯчаҳо, барҳо, тарабхонаҳо, клубҳои шабона ва саунаҳо сурат мегирад."
Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз омори нашршударо тасдиқ ё рад накарданд, аммо соли 2018 шумори занони, ба истилоҳи онҳо, “бадахлоқ”-ро бо шумули танфурӯшҳо дар кишвар тақрибан 6 ҳазор кас шумурда буданд. Омори се соли охир дастрас нест.
Сомонаи чинии "Мавҷи Озод" дар гузориши худ каму зиёдшавии шумори чунин занонро бо солҳои гузашта ва кишварҳои дигар муқоиса накарда, танҳо навиштааст: “Тоҷикистон, яке аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, занони зебои зиёд дорад. Азбаски пас аз пошхӯрии Шӯравӣ ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронд, таносуби мардон ва занон ҷиддӣ буда, ба ҳар мард 5 зан рост меояд... Иқтисоди сусти кишвар боис ба рушди танфурӯшӣ мешавад."
Гулҷаҳон Бобосодиқова: "Воҳима кардаанд"
Дар ҳоле ки мақомот ба матлаби расонаи чинӣ чизе нагуфтаанд, намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон ба омори нашршуда бо шубҳа менигаранд. Гулҷаҳон Бобосодиқова, мудири созмони “Баробарҳуқуқӣ”, гуфт, “албатта, фоҳишаҳо дар ҷомеаи мо ҳастанд, инро рад намекунем, аммо то дараҷае, ки онҳо воҳима карда истодаанд, нест. Хато кардаанд."
Дар Тоҷикистон барои машғул шудан ба танфурӯшӣ ҷазои маъмурӣ таъйин шудааст ва бар асоси банди 130-юми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ занони фоҳишаро метавонанд, аз 500 то 2000 сомонӣ ҷарима банданд. Агар занро дар муддати як сол бори дувум барои ин кор дастгир кунанд, ҳақ доранд, аз 10 то 15 рӯз ҳабс кунанд.
Дар нишасти хабарии раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, ки моҳи июли имсол баргузор шуд, хабарнигорон мавзӯи танфурӯшии занонро низ дар миён гузоштанд.
Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумита, гуфт: "Вақте рейдҳои муштарак мешавад, якҷо бо намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ бо занон суҳбат мекунем. Барои онҳо ҷойи кор пешниҳод мекунем. Вақте маошро, масалан 400 сомонӣ, пешниҳод мекунем, мегӯянд, ин пулро дар як рӯз меёбем. Албатта, ба фикри ман, ин ба шаъну шарафи ҳамон зан мутобиқат намекунад."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аммо ба ин мавзуъ рӯ овардани расонаҳои чинӣ баъзе аз сокинонро нигарон кардааст, чун дар кишвар ҳазорҳо шаҳрванди Чин кору тиҷорат мекунанд.
Расонаи чинии “Мавҷи озод” ҳам дар мақолаи худ Тоҷикистонро барои кишварҳои дигар, аз ҷумла ҳамсояҳояш, ки Чин яке аз онҳост, ҳамчун макони “Саёҳати шаҳвонӣ ё ҷинсӣ” муаррифӣ кардааст.
Ҷиянг Шен Ян, муаллифаи мақола нигоштааст, “афғонҳои ҳамсоя ғайричашмдошт ба як гурӯҳи калони муштариён табдил ёфтаанд. Муҳити нисбатан озоди иҷтимоӣ ва забони муштарак барои сарватмандони Афғонистон ҷолиб аст. Аз ин рӯ, Тоҷикистон барои бисёре аз афғонҳо макони сайёҳии ҷинсӣ шудааст”.
“Тоҷикистон камбизоат аст, вале духтарони зебо дорад”
Вале бори аввал нест, ки сомонаҳои чинӣ аз ин зовия занони тоҷикро муаррифӣ мекунанд. Шаш моҳ пеш хабаргузории Тенсун-Алоқаи миллии Чин (腾讯网) мақолаеро бо номи “Ҳарчанд Тоҷикистон камбизоат аст, духтарони “зебо” дорад, ки ҳасади бисёр бачаҳои чиниро меорад”-ро нашр карда буд.
Ин сомона бо гузоштани акси гурӯҳи духтарони зебо бо либосҳои миллии тоҷикӣ ва бо либосҳои нимурён навишт: “Чаро мардони чинӣ ба ин кишвар ин қадар ҳасад мебаранд? Зеро занони ин кишвар издивоҷ бо шаҳрвандони хориҷиро бо хушнудӣ қабул мекунанд. Бо сабаби нобаробарии шумораи занону мардон, бисёрзанӣ дар инҷо роиҷ аст. Сайёҳони сершумори чиниро дар Тоҷикистон дидан мумкин аст, ки умед доранд, шарики ҳаётии худро дар ин ҷо пайдо мекунанд.”
Дар охири ин матлаб гузоришгари сомона мардони чинии муҷаррадро барои издивоҷ бо занони тоҷик даъват мекунад. Аз рӯи навиштаҳои он, ҳоло дар Чин ҳудуди 30 миллион марде ҳаст, ки аз безанӣ ранҷ мекашанд ва синни бузург доранд.
Дар доираи коршиносии тоҷик низ нашри чунин мақолаҳо аз ҷониби кишвари ҳамсоя ва сармоягузор, ки тақрибан ниме аз қарзҳои берунии Тоҷикистонро додааст, бо вокунишҳои гуногун рӯ ба рӯ шуд.
Ойниҳол Бобоназарова: Ин таблиғот аст, то...
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва ягона зани довталабаи курсии президентӣ дар Тоҷикистон дар соли 2013, гуфт, “аз як ҷиҳат нашри ингуна мақолаҳо дар сомонаҳои чинӣ ба он рабт дорад, ки онҳоро ширкатҳои худашон ба инҷо барои кор фиристодаанд. Агар Чин ба ягон лоиҳа маблағгузорӣ кунад, ҳатман коргаронашро мефиристад. Арзон муаррифӣ кардани занҳо, ин як намуди ҳавасмандкунӣ аст. Хусусан мардҳо ба ин чизҳо бисёр шавқманд ҳастанд. Ин як намуди таблиғот барои онҳост”.
Ин дар ҳолест, ки ҳоло ҳазорҳо коргарони чинӣ дар ширкатҳои кандании кӯҳӣ ва корхонаҳои саноатӣ дар Тоҷикистон кор мекунанд. Қисме аз онҳо дар сохтмони бинои ҳукумат ва иншооти дигар ҳастанд. Шумори ками онҳо бо оилаҳояшон омадаанд ва бархе тавонистаанд, бо бонувони тоҷик издивоҷ кунанд.
Даҳ сол зиндагии зани тоҷик бо марди чинӣ
Нодира Хоҷаева, як сокини Хуҷанд, 10 сол аст, ки бо Люй Тсун, марди 60-солаи чинӣ зиндагӣ мекунад ва аз ӯ се фарзанд дорад. Люй пас аз онки ҳамсари аввалааш вафот кард, соли 2006 ба ширкати роҳсозӣ ба кор омад ва бо хонаводаи ҳамсари тоҷикаш шинос шуд.
Хоҷаева аввалин шиносоӣ ва издивоҷ бо ин марди чиниро чунин нақл кард: “Ин кас раис буданд ва падари ман ронанда шуда кор мекарданд. Ман он вақт бемор шудам ва ба аёдатам омаданд. Хеле кумак карданд. Оилаи инҳо ҳамаашон дар гузашта табиб будаанд. Пас аз он ба хостгорӣ омаданд ва ман ҳам дар ҷавоби кумакҳояшон барои оиладор шудан розӣ шудам”.
Ба нақли зан, онҳо пеш аз он ки оиладор шаванд, Люй дини исломро қабул карда, ҳамроҳ ба Ҳаҷҷи Умра рафтаанд. Ҳоло бо ҳам се гармхонаеро ба иҷора гирифта, барои коргарони чинии ширкати кӯҳию саноатии Зарнисор сабзавот парвариш мекунанд ва бо ин зиндагии худро мегузаронанд.
Вале дар гузашта мақомоти интизомии Тоҷикистон аз чанд мавриди муносибати бади мардони чинӣ бо занони тоҷик хабар дода буданд. Аввали ҳамин сол як зани 22-солаи тоҷик бо гумони қатли марди 68-солаи чинӣ боздошт шуд. Додситонии кулли Тоҷикистон дар хабарномае гуфт, марди чинӣ ‘"мунтазам зани тоҷикро бо баҳонаи маҳс кардани баданаш даъват карда, бар ивази аз 50 то 100 сомонӣ алоқаи ҷинсӣ анҷом медодааст". Тибқи иттилои додситонӣ, вақте зан ин бор хоҳиши Сзян Венсинро рад мекунад, байни онҳо ҷанҷол мехезад ва он бо марги мард анҷом меёбад.
Бино ба иттилои расмӣ, тақрибан 30 зани тоҷик бо мардони чинӣ оила барпо кардаанд, вале маълум нест, чӣ қадари дигар муносибати озод доранд.
Дар Тоҷикистон, ки аксари сокинонаш мусалмон ҳастанд, издивоҷ бо хориҷиҳоро ба сахтӣ таҳаммул мекунанд. Вале мақомот ба ин кор расман иҷозат додаанд, ба шарте ки марди хориҷӣ барои ҳамсари тоҷики худ манзил бигирад, то дар сурати ҷудоӣ бесарпаноҳ намонад.