Интиқоли оби нушокӣ ба сокинони шаҳри Ӯши Қирғизистон субҳи 5-уми август дубора қатъ шуд.
Ба иттилои корхонаи "Ошгорводоканал", интиқоли об тақрибан ба ҳамаи минтақаҳои шаҳр, ба ҷуз аз се маҳалла қатъ гаштааст.
Сабаби қатъшавии об ифлос шудани рӯдхонаи Оқ-Буура дар пайи боришоти ахир гуфта мешавад.
Интиқоли оби нушокӣ ба сокинони Ӯш кай аз сар гирифта мешавад, ҳанӯз маълум нест ва "Ошгорводоканал" гуфтааст, дар сурати дархости шаҳрвандон мошинҳои корхона онҳоро бо об таъмин мекунанд.
Сокинони Ӯш шикоят мекунанд, ки оби нушокӣ дар шаҳр зуд-зуд ва дар пайи боронгариҳои маъмулӣ қатъ мешавад.