Раҳбарони бахши тандурустии Суғд беэҳтиётии мардумро сабаби густариши дигарбораи коронавирус дар вилоят медонанд, вале коршиносон ин вазъиятро натиҷаи "бархӯрди нодуруст"-и мақомот дар ибтидои пандемия меноманд.
"Дар якуним моҳ 14 кас фавтид"
Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии Суғд, рӯзи 3-юми август афзоиши бемориро ба равуои зиёди шаҳрвандон ба хориҷи кишвар рабт дод.
Ӯ гуфт, “шаш моҳ пеш дар вилояти Суғд се гузаргоҳ кор мекард. Аз гузаргоҳи Фотеҳобод ва Гулистон ҳар рӯз тақрибан 1000 нафар меомад. Тестҳои оҷил, тестҳои антитела ва антиген ташкил кардем. Бо вуҷуди ин, сокинон реҷаро риоя накарданд ва дар хона нанишастанд. Аз ин рӯ, беморӣ боз хуруҷ кард”.
Ба гуфтаи Мақсудзода, дар якуним моҳи охир 684 сокини Суғд ба ин беморӣ гирифтор шуда, 14 кас фавтидаанд. Аз аввали эътирофи мавҷудияти беморӣ 44 ҳолати фавтро дар беморхонаҳо сабт кардаанд. Дар гузашта масъулони ин ниҳод аз ифшои ин рақам худдорӣ мекарданд ва ин рафтори онҳо боис ба баҳсу танқидҳо шуда буд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Ин маънои онро надорад, ки...”
Сардори Раёсати тандурустии Суғд ҳамчунин гуфт, на ҳамаи фавтҳо, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба COVID-19 рабт дода мешавад, воқеият доранд. Вай афзуд, “нисбат ба баъзе аз корбарон барои чунин хабарҳо якҷо бо мақомоти интизомӣ чораандешӣ шудааст”.
“Баъзеҳо бемориҳои ҳамрадиф, илтиҳоби шуши мавсимӣ ё дигар намуди монанд ба ин доранд ва мефавтанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд. Ин маънои онро надорад, ки онҳо аз бемории коронавирус фавтидаанд. Таърихи бемории онҳо аз тарафи Хадамоти назорат дар соҳаи тандурустӣ тафтиш карда мешавад. Натиҷаи он ба Вазорати тандурустӣ пешниҳод карда мешавад”, -- гуфт Фаррух Мақсудзода.
Аммо дар ин маврид омор ё ҷузъиёте садо надод. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе аз коршиносон бар инанд, ки талоши камбинии беморӣ вокунише ба даъватҳои ҷорӣ кардани карантин аст.
Ин дар ҳолест, ки раванди эмкунӣ ба кундӣ пеш меравад. Сокинон аз камии ваксина шикоят мекунанд ва мегӯянд хоҳишмандон то расидани навбати эмгирияшон ба беморӣ гирифтор мешаванд. Вазъ ба сурати умум мушкил арзёбӣ мешавад.
“Гуноҳи мақомот аст”
Рӯзноманигор ва коршиноси тоҷик, Хайрулло Мирсаидов, мегӯяд, “замоне ки дар тамоми ҷаҳон гирифторони ин бемориро сабт мекарданд, дар Тоҷикистон ин корро кашол доданд. Соли гузашта ҳам чунин буд. Имсол ҳам. Ин ҳама гуноҳи мақомот аст, ки бархӯрди нодуруст бо ин бемории ҳамагир доранд. Албатта, ҷорӣ кардани карантин ба иқтисод таъсир мерасонад, вале ҳама давлатҳо ҳоло дар чунин вазъ қарор доранд.”
Ҳоло дар се бемористони калони вилоят зиёда аз 260 нафар бистарӣ буда, 134 кас зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъиянд.
Аввали ҳамин моҳ дар сатҳи амбулаторӣ 361 нафар, аз ҷумла бо илтиҳоби шуш 208 нафар, бо таҳлилҳои мусбат 153 нафар назорат ва табобат дида, дар як шабонарӯз зиёда аз 40 бемори нав сабт карда мешавад.
Ба гуфтаи Фаррух Мақсудзода, шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан, Исфара, Панҷакент ва ноҳияҳои Спитамену Бобоҷон Ғафуров аз ҷиҳати сирояти беморӣ осебпазир монда, ҳамарӯза дар ин минтақаҳо беморонро сабт мекунанд.
Аз замони эътирофи расмии мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон, бино бар омори расмӣ, зиёда аз 15 ҳазор кас бемор шуда, 121 кас ҷон додаанд. Мақомот мегӯянд, беш аз 96 дарсад шифо ёфтанд, вале шубҳаҳо дар мавриди дурустии омори расмӣ дар кишвар ҳамчунон боқист.