Се коргари Алимардонов "ба Русия фирор кардаанд". Ҳакимов аз "усули духела" гуфт. ВИДЕО

"Агроинвестбонк" баҳори имсол муфлис эълон шуд

Фирори се коргари ширкати Парда Алимардонов, бародари Муродалӣ Алимардон, раиси пешини "Агроинвестбонк", ки ба "тасарруфи 52 миллион сомонӣ" гумонбаранд, баҳсҳоро дар мавриди бархӯрди духела бо муттаҳамон бештар кардааст.

Фахриддин Акрамзода, як масъули Оҷонси мубориза бо фасод, рӯзи 28-уми июл аз ин се нафар ном набурд, вале гуфт, ба иттилои онҳо ба Русия рафтаанд.

"Агар кадом ҷонибе манфиатдор аст..."

Ҳуқуқшинос ва сиёсатмадори тоҷик, Шокирҷон Ҳакимов, бовар дорад, дар боздошту истирдоди гумонбарон аз Русия ба Тоҷикистон "усули дугона" истифода мешавад.

Шокирҷон Ҳакимов

Ба қавли ӯ, супоришҳо дар мавриди истирдоди гумонбарон ба терроризму экстремизм аз қаламрави Русия зуд иҷро мегарданд, "вале дар ҳолатҳои ҷудогонае, ки кадом ҷонибе манфиатдор аст, баҳонаҳо пеш меоранд."

"Бо вуҷуди он ки шояд ҷониби Тоҷикистон муроҷиат мекунад, аз боздошти онҳо ва муқаррар намудани маҳалли будубошашон худдорӣ меварзанд. Шояд онҳо маблағ медиҳанд, вориди муносибатҳои коррупсионӣ мешаванд ва кафолати буданашонро дар хориҷи кишвар таъмин мекунанд", -- шарҳ дод Ҳакимов.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Оҷонсӣ: Се корманди ширкати "Баракат"-и Парда Алимардонов ба хориҷ фирор кардаанд

Фахриддин Акрамзода, як масъули Оҷонси мубориза бо фасод, рӯзи 28-уми июл гуфтанд, ин се нафар таҳти ҷустуҷӯ ҳастанд, аммо парванда муваққатан боздошта шудааст.

Қарз аз "Агроинвестбонк"

Фахриддин Акрамзода

Онҳо кормандони гурӯҳи ширкатҳои "Баракат" буданд, ки ба Парда Алимардонов, бародари Муродалӣ Алимардон, раиси пешини “Агроинвестбонк” вобаста аст. Иттиҳомашон низ ин аст, ки аз "Агроинвестбонк" миллионҳо сомониро қарз гирифта, вале як қисми пулу баҳра (фоиз)-и онро надодаанд. Мақомот дақиқ нагуфтанд, ки гумонбарон маблағҳоро кай гирифтанд. Муродалӣ Алимардон шаш соли охир раёсати “Агроинвестбонк”-ро ба уҳда дошт. Бонки баҳори имсол муфлис эълон карда шуд.

Ба иттилои расмӣ, то кунун намояндагони 27 ширкатро барои истифодаи нодурусти қарзҳои гирифтаашон аз "Агроинвестбонк" боздошт намуда, чанде аз онҳоро пас аз баргардондани бахше аз қарз аз маҳбас озод карданд. Парда Алимардонов низ моҳи марти имсол баъд аз пардохтани 105 миллион сомонӣ афв гардидааст. Вале ӯву наздиконаш ҳаргиз ба матбуот изҳори назар накарданд.

Муродалӣ Алимардон

Мақомоти Оҷонси зидди фасод дар Тоҷикистон дар авоили соли 2019 худи Муродалӣ Алимардон, раиси "Агроинвестбонк"-ро ҳам бозпурсӣ карда буданд.

Алимардон дар гузашта раиси Бонки Миллӣ, муовини аввали нахуствазир ва яке аз шахсиятҳои бонуфуз дар ҳукумати Тоҷикистон буд. "Агроинвестбонк" тақрибан 6 сол пеш бо буҳрон рӯбарӯ гардид. Мақомоти бонк барои ислоҳи вазъ ва кам кардани харҷ ду ҳазор корманди худро ихтисор карданд, вале ин ниҳоди молӣ дигар натавонист ба худ биояд. Бонк садҳо миллион сомонӣ аз амонатгузоронаш қарздор аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Бародари Муродалӣ Алимардонро аз боздошт раҳо кардаанд