Афсари собиқ мегӯяд, бо ваъдаи афв баргашт, вале зиндонӣ шуд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Муҳриддин Эмомов-афсари собиқи Оҷонсии зидди маводи мухаддир ва Раёсати умури дохилии шаҳр Душанбе, рӯзи 7 июл дар шаҳри Бохтар боздошт шудааст. Ин боздоштро мақомот шарҳ надодаанд, аммо наздикони ӯ мегӯянд, Эмомов барои бознашри матлаб дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба "тундгароӣ" айбдор мешавад.