Дар як тараф обу замин, дар тарафи дигар – мардум
Ферма ё ҷойи парвариши хукҳо дар деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар наздикии дарёи Сир (Сайҳун), ҷойгир аст. Дар як тарафи он заминҳои кишт асту дар паҳлӯи дигараш мардум зиндагӣ доранд.
Баъзе аз сокинон гуфтанд, моҳҳо боз аз бӯйи ғализ дар инҷо азият мекашанд. Ба қавли Биоиша, сокини Деҳмой, "вақте шамол мешавад, бӯй меояд. Бештар бегоҳӣ. Хеле бӯйи дилгиркунанда аст."
Мақомот дар бораи шикояти сокинон чизе нагуфтанд, вале соҳиби фермаро барои партофтани ахлоти хукҳо ба дарёи Сир ба ҷавобгарӣ кашида, парвандаашро ба додгоҳ фиристодаанд. Ба ӯ "аз 140 то 240 соати кори ҳатмӣ, ҷарима ё то ду сол маҳрумӣ аз озодӣ" таҳдид мекунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Ахлоти 300 хукро ба дарёи Сир рехтаанд". Парванда ҳаст, ҷузъиёт нест. ВИДЕОНасим Дӯстматов, молики ферма, мегӯяд, аз ончи дар атрофи кори ӯ мегузарад, хабар дорад ва ба зудӣ шароити нигоҳдории хукҳоро беҳтар хоҳад кард.
“Ман ин биноро ба иҷора гирифтаам. Дар паҳлӯяш ягон ҷойи зиёдатӣ нест, ки партову ахлотҳоро гузорам. Ё бояд оташ занам, ё гӯр кунам. Агар шароит мебуд, техника оварда, заминро мекофтаму партовҷой месохтам", -- нақл кард ӯ рӯзи 26-уми июл ба хабарнигори Радиои Озодӣ.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хӯроки коргарони чинӣ?
Ба қавли Дӯстматов, сохтмони фермаи нав дар теппаи Рухаки ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷараён дорад ва, қарор аст, то як моҳи дигар ба поён бирасад. Вале ҳамаи кор аз додгоҳ вобаста аст, ки нисбат ба Дӯстматов чӣ қарор қабул мекунад.
Мақомот мегӯянд, бори аввал нест, ки қазияи хукпарвариро дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мебардоранд. Ба иттилои онҳо, пештар Насим Дӯстматовро ду дафъа ҷарима баста буданд, ҳоло парвандааш ҷиноист.
Дар Тоҷикистон, ки аксар сокинонаш мусалмон ҳастанд, аз хӯрдани гӯшту равғани хук парҳез мекунанд, ҳарчанд шумораи ками афрод онро барои табобат аз беморӣ истифода мебаранд. Ин аст, ки даҳҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаи Радиои Озодӣ пурсидаанд, ки хукҳоро ба чӣ кор истифода мебаранд.
Хабарнигори Озодӣ айни суолро аз соҳиби ферма пурсид. Насим Дӯстматов гуфт: "Харидорони асосии ин навъи чорво чиниҳо ҳастанд, ки дар корхонаҳои азими саноатӣ кор мекунанд." Назари намояндагони корхонаҳо феълан дастрас нест, аммо садҳо коргари чинӣ дар шимоли Тоҷикистон ҳузур доранд.
"Дар атрофи Гулистону Ғафуров низ ҳаст"
Ба иттилои расмӣ, фермаи хукпарварӣ дар Деҳмой танҳо ҷое нест, ки ин навъи чорворо парвиш мекунанд. Абдуаҳад Ҳакимзода, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, мегӯяд, "дар атрофи шаҳри Гулистону ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ чунин фермаи хукпарварӣ вуҷуд дорад."
Ба қавли ӯ, "дар пайи муроҷиати сокинон ҳоло аксар фермаҳои хукпарвариро зери назорат гирифтем. Дар маҷмӯъ, қариб 5 фермаи хукпарварӣ дар ҳудуди вилояти Суғд фаъолият доранд.”
Бо ин ҳол шумораи умумии хукҳо дар парваришгоҳҳои Тоҷикистон маълум нест.
Мақомот ҳар чанд вақт аз ҳамлаи хукони ваҳшӣ ба мазореъ ё заминҳои кишт хабар медиҳанд. Шикори як хуки ваҳшӣ дар Тоҷикистон сад сомонӣ, баробар ба тақрибан даҳ доллари амрикоӣ муқаррар шудааст. Бар асоси қарори ҳукумат, ба ҷуз аз фасли баҳор, дар мавсимҳои дигар шикори хук иҷоза аст.