Медали нахустини Туркманистон дар таърихи Бозиҳои олимпӣ

Полина Гурйева.

Варзишгар Полина Гурйева аз Туркманистон дар Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио 27-уми июл дар мусобиқаи вазнабардорӣ миёни занон дар вазни то 59 килограмм медали нуқра ба даст овард. Ин аввалин медали Туркманистон дар таърихи ин кишвар дар Бозиҳои олимпӣ ба шумор меравад.

Натиҷаи нишондодаи ин вазнабардори 21-сола дар умум 217 кг (96+121) мебошад. Гурйева қаблан дар мусобиқоти бузурги байналмилалӣ медал ба даст наоварда буд.

Медали тилло дар ин вазн насиби Куо Син-Чжун аз Тайван бо натиҷаи 236 кг (103+133) гардид. Мақоми севумро Микико Андои ҷопонӣ бо натиҷаи 214 кг (94+120) касб намуд.

Мунтахаби Туркманистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ аз соли 1996 иштирок мекунад.

Дар ҳамин ҳол дар Олимпиадаи Токио варзишгарони 54 кишвар медал ба даст овардаанд, аз он ҷумла намояндагони 28 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз шудаанд.

Аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо (аввал тилло, баъдан нуқра ва биринҷӣ) мунтахаби ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) дар мақоми аввал аст. Намояндагони ин кишвар 22 медал (9 тилло, 5 нуқра ва 8 биринҷӣ) гирифтаанд.

Мақоми дувумро мунтахаби Чин бо касби 21 медал (9 тилло, 5 нуқра ва 7 биринҷӣ) азони худ кардааст. Мунтахаби Ҷопон бо касби 17 медал (9 тилло, 3 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар мақоми севум қарор дорад.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин дастаҳои мунтахаби Кумитаи олимпии Русия (5 медали тилло, 7 нуқра ва 4 биринҷӣ), Британияи Кабир (4 медали тилло, 5 нуқра ва 1 биринҷӣ), Австралия (3 медали тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ), Кореяи Ҷанубӣ (3 медали тилло ва 4 биринҷӣ), Фаронса (2 медали тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ), Косово (2 медали тилло) ва Италия (1 медали тилло, 4 нуқра ва 6 биринҷӣ) дохиланд.

Аз кишварҳои Шӯравии собиқ ба ҷуз аз Русия, варзишгарони Узбекистон як медали тилло, Гурҷистон ду медали нуқра, Туркманистон як медали нуқра, Қазоқистон ва Украина сетоӣ медали биринҷӣ, Эстония як медали биринҷӣ гирифтаанд.

Дар Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ Тоҷикистонро даҳ варзишгар намояндагӣ мекунад. То ҳоло варзишгарони тоҷик медал нагирифтаанд.

Се нафари онҳо – Шаббос Неъматуллоев (бокс), Сомон Маҳмадбеков ва Акмал Муродов (ҳарду – гуштии ҷудо) – сабқати худро ба анҷом расониданд.

Муштзан Баҳодур Усмонов, ки дар вазни то 63 кило ба даври баъдӣ роҳ ёфт, 31-уми июл бо Элнур Абдураимов, варзишгари қазоқтабори узбекистонӣ, рақобат хоҳад кард.

Боз як муштзани тоҷик Сиёвуш Зуҳуров рӯзи 29-уми июл дар вазни беш аз 91 кило қувваозмоӣ мекунад. Рақибаш Мурод Алиев аз Фаронса мебошад.

Дар сабқати ҷудо аз байни паҳлавонони тоҷик Комроншоҳи Устопириён 28-уми июл ва Темур Раҳимов 30-юми июл вориди рақобат мешаванд.

Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило ба рақобат аз даври дувум мепардозад. Рақибаш Аксел Клергет аз Фаронса аст, ки дар феҳристи ҷаҳонӣ нисбат ба Комроншоҳ панҷ зина болост (ҷойи 17-ум). Дар ин вазн 33 гуштигир барои ҷоизаҳо талош мекунанд.

Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило дар даври аввал бо Энди Гранда аз Куба қувваозмоӣ хоҳад кард. Энди дар феҳристи ҷаҳонӣ нисбат ба Темур се зина поён аст (20-ум). Дар ин вазн 22 нафар сабти ном шудаанд.

Дар намуди дигар - шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов 30-юми июл ба рақобат мепардозанд. Илдар Аҳмадиев оид ба варзиши сабук дар давидан ба масофаи 100 метр миёни мардон рӯзи 31-уми июл рақобат хоҳад кард.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио, ки 23-юми июл шуруъ шуд, то 8-уми август идома хоҳад кард. Олимпиада мебоист соли гузашта баргузор мешуд, аммо ба иллати пандемияи коронавирус барои як сол мавқуф гузошта шуд.