Фурудгоҳи Истанбул дар давраи пандемия

Толори транзитии фурудгоҳ. Бо вуҷуди пандемия ва ҷорӣ будани меъёрҳои беҳдоштӣ, мусофирони зиёд дар навбат ба ҳам хеле наздик ҷой гирифтаанд

Бисёр гузаргоҳу толорҳои фурудгоҳ камодам ҳастанд

Аз камии муштарӣ нуқтаи табдили асъори фурудгоҳ кор намекард

Бо вуҷуди пандемия, фурудгоҳи Истанбул ба даҳҳо самт парвозҳо анҷом медиҳад ва макони муҳими парвозҳои транзитии байналмилалӣ мемонад 

Дар ҳар қадам маҳлулҳои беҳдоштӣ гузоштаанд

Мошини дохили фурудгоҳ барои бурдани мусофирони пиру барҷомонда хидмат мекунад

Дари вуруд ба масҷиди фурудгоҳ

Ҳавопаймои ширкати Turkish Airlines рӯзҳои чоршанбе ва якшанбе ба шаҳри Душанбе парвозҳо анҷом медиҳад. Вобаста ба навъи ҳавопаймо, шумори мусофирон дар як вақт 170-200 нафарро ташкил медиҳад 

Парвози рӯзи 20 июн ба Душанбе. Пеш аз савор шудан ба ҳавопаймо

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе. Ҳавопаймо баъди соати 3-и cубҳ дар Душанбе фуруд меояд 

Пандемияи коронавирус ба кори Фурудгоҳи байналмилалии Истанбул, ки макони муҳими транзитӣ ба шумор меравад, таъсири худро расондааст.