Танзимгари аврупоии васоили доруӣ иҷоза дод, ки наврасони аз 12 то 17-сола ваксинаи "Moderna" бигиранд.
Наврасонро низ ба тартиби калонсолон - ду воя дар фосилаи чаҳор ҳафта - ваксина мезананд.
Моҳи майи имсол танзимгари мазкур иҷоза дода буд, ки кӯдакони аз 12 то 15-сола ваксинаи Pfizer/BioNTech бигиранд.
Бино ба омори расмӣ, дар Иттиҳоди Аврупо бештар аз нисфи аҳолии болиғ ваксина гирифтаанд.