"Ҷавонии ман бо даҳшат гузашт". Сокинони Афғонистон ҳукумати Толибонро ба ёд меоранд

Гурӯҳи Толибон, ки дар бисёре аз кишварҳо террористӣ эълон шудааст, соли 1996 қудратро дар Афғонистон пурра ба даст гирифта буд. Ин гуруҳ

  • аморати исломӣ сохт;
  • қонунҳои шариатро ҷорӣ кард;
  • ҳуқуқи занонро маҳдуд намуд;
  • ҳукми қатлро ҷорӣ кард;
  • қисми зиёде аз мероси фарҳангиро аз байн бурд.

Толибон то замони ҳамлаи нерӯҳои амрикоӣ дар соли 2001 қудратро дар панҷаҳои худ нигоҳ доштанд. Дертар ба фаъолияти пинҳонӣ гузаштанд.

Мақомоти Амрико дар баҳори соли 2020 аз имзои созиши сулҳ бо Толибон ва берун рафтани нерӯҳояшон то моҳи сентябри соли 2021 аз Афғонистон хабар доданд.

Пас аз ин, ҷангҷӯён ҳамлаҳои низомиро шадидтар карда, то кунун ба иддаои худашон тавонистаанд назорати як бахши муҳими Афғонистонро ба даст гиранд. Толибон дар баъзе аз минтақаҳои зери контроли худ, сарфи назар аз шартҳои созиши сулҳ ва ваъдаҳои нармтар кардани сиёсату рафторашон, қонунҳои шариатро ҷорӣ карда, низомиёни афғонро мекушанд.

Тайи моҳҳои охир даҳҳо ҳазор нафар маҷбур шудаанд, ки аз Афғонистон бигурезанд. Дигарон аз бозгашт ба солҳое, ки Толибон дар сари қудрат буданд, меҳаросанд. Телевизиони "Настоящее Время" аз саргузашти шахсоне нақл мекунад, ки дар солҳои 90-ум дар зери итоати Толибон зистаанд

"Ҷавонии ман бо даҳшат гузашт"

Замоне ки Толибон дар соли 1996 ҷилави қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд, Воҳида дар донишгоҳе дар Кобул мехонд ва ҳамзамон дар ҳукумат кор мекард. То ҳол он давраро бо тарс ба ёд меорад.

Бо сабаби қонунҳои сахти Толибон, зани ҷавон зуд корашро аз даст дод ва натавонист, таҳсилро ба охир расонад. Ҳоло Воҳида хонашин аст ва духтаронашро калон мекунад. Вай ба ёд меорад, ки бинобар бад шудани вазъи ҳуқуқи занон падараш ночор ӯро ба шавҳар дода буд.

"Баъзе аз дугонаҳои маро бар хилофи хостҳояшон ба шавҳар доданд, зеро дар Афғонистон муҷаррад будани онҳо хуб набуд. Баъди ба қудрат расидани Толибон рӯзҳои бадтарини ҳаёти ман сар шуданд. Ҳатто чеҳраи онҳо маро метарсонд. Ба кор рафта наметавонистам. Ба кӯча баромадан душвор буд", -- ба хотир овард ӯ.

Пас аз ба сари ҳукумат омадан, Толибон дарҳол ҳуқуқи занонро маҳдуд карданд. Ба онҳо кор кардан дар ягон бахш (ба ҷуз аз соҳаи тиб), таҳсил дар мактабу баромадан ба кӯча (бе ҳамроҳии марде аз аъзои оила) манъ буд. Ин вазъ барои заноне, ки дар ҷанги Афғонистон шавҳари худро аз даст дода, маҷбур буданд, ба танҳоӣ худу фарзандонро бихӯронанду бипӯшонанд, душвор буд.

Толибон аз занон пӯшидани бурқаро талаб мекарданд. Як навъ либосе, ки тану мӯй ва рӯйи занонро пурра мепӯшонад. Инчунин, маводи ороишӣ, пойафзоли пошнабаланд, толорҳои зебоӣ ва гаштугузор бо мардоне, ки риштаи хештаборӣ надоранд, манъ шуд. Толибон дар посух ба даъватҳои Созмони Милал ва кишварҳои ғарбӣ дар бораи бекор кардани фармонҳои қабулшуда дар бораи ҳуқуқи занон ва ҳадди ақал иҷозат додан ба таҳсили онҳо, изҳор доштанд, ки "ин танҳо ба фисқу фуҷур, харобии кишвар ва ислом оварда мерасонад".

"Дар тамоми солҳои ҳукуматашон тарс бо ман ёр буд. Дар ёд дорам, ки Толибон занҳоро чӣ тавр мезаданд, чӣ гуна духтаронро аз таҳсил бозмедоштанд. Онҳо сабаб шуданд, ки натавонистам маълумоти олӣ гирам ва ба орзуи худ бирасам. Бадтаринаш ин буд, ки занонро ба пӯшидани бурқа маҷбур мекарданд. Ҳеч гоҳ намехостам, ҳамон тавре, ки Толибон мехоҳанд, либос бипӯшам", -- мегӯяд Воҳида.

Воҳида

Пас аз ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001, Иёлоти Муттаҳида нерӯҳояшро ба Афғонистон фиристод, зеро Толибон ба раҳбарони "Ал-Қоида" паноҳгоҳ ва ба ҷангҷӯёнашон урдугоҳҳои таълимӣ дода буданд. Ҳукумати Толибон моҳи декабри соли 2001 суқут кард. Ҳукумати нави давраи гузаришро Ҳомид Карзай раҳбарӣ дошт ва аксар маҳдудиятҳоро бекор кард.

"Баробари ба поён расидани ҳукумати онҳо, гуё аз нав зиндагиро сар кардам. Бе тарсу ҳарос ба кӯчаҳо мебаромадам. Чизеро, ки мехостам, мепӯшидам. Ислом дини сулҳ аст, на зӯроварӣ, аммо Толибон ба ҷаҳониён инро ба таври дигар нишон доданд", -- мегӯяд Воҳида.

Бо имзои созиши сулҳ дар соли 2020 ва оғози берун рафтани нерӯҳои Амрико аз Афғонистон, Толибон ба ҳамла ба биноҳои ҳукуматӣ, пойгоҳҳои низомӣ ва ишғоли қаламравҳо шурӯъ карданд. Пеш аз имзои созиши сулҳ бо Амрико, ҷиноҳи сиёсии Толибон ба таври ошкоро бархӯрди нисбатан "либералӣ"-ро ба занон эълон карда буд. Онҳо ваъда додаанд, ки талош намекунанд, қонунҳоро сахттар кунанд ва, албатта, манофеи занонро барои таҳсил ва кор ба назар мегиранд.

Бо вуҷуди ин ваъдаҳо, дар минтақаҳои шимолии Афғонистон, ки Толибон назорати аксари онҳоро ба даст доранд, занонро дубора ба пӯшидани ҳиҷоб ва берун нарафтан (бе ҳамроҳии мардони аъзои хонавода) водор мекунанд. Дар баъзе аз минтақаҳое, ки пештар таҳти назорати Толибон буданд, занон танҳо ҳаққи таҳсили диниро доштанд.

"Тамоми ҷавонии ман бо даҳшат гузашт. Намехоҳам, ки ҷавонон ва махсусан духтарон ҳуқуқи худро аз даст диҳанд", -- гуфт Воҳида ва афзуд, "ягона хоҳиши ман ин аст, ки духтарони Афғонистони муосир ҳеч гоҳ ба духтарони дарвони Толибон табдил наёбанд."

Ба гуфтаи Воҳида, вай мехоҳад, духтаронаш таҳсил кунанд ва сипас соҳиби кор шаванд. Аммо агар Толибон дар Афғонистон дубора ба қудрат бирасанд, вай ва хонаводааш омодаанд, аз кишвар бираванд.

"Ман на барои худам, балки барои зану духтарам нигарон будам"

Замоне ки Толибон ба қудрат расид, Абдулнаим Акахел ҳамагӣ бист сол дошт. Вай он солҳоро бо камбизоатӣ ва танҳоӣ гузарондааст. Аъзои оилааш аз Афғонистон фирор карда буданд.

"Ба бародарону хоҳаронам муяссар шуда буд, ки кишварро тарк кунанд, аммо ман натавонистам. Ман мондам. Дар давраи ҳукмронии Толибон камбизоатӣ, гуруснагӣ ва бекориро аз сар гузаронидам", -- нақл кард ӯ.

Дар замони ҳукмронии Толибон як қисми бузурги мероси фарҳангии Афғонистон комилан нобуд карда шуд. Ҷонибдорони Толибон дар умум ҳунарро як нав бидъат медонистанд. Онҳо дар давоми қариб шаш соли ҳукуматашон ёдгориҳои миллӣ, осорхонаву китобхонаҳоро хароб карда, даҳҳо ҳазор филму китобҳоро сӯзонданд, мусиқиву филм ва телевизионро манъ карданд. Абдулнаим Акахел мегӯяд, ин тасмимҳо ба ҳаёти шахсии ӯ низ таъсир кард.

"Ману ҳамсари ояндаам орзу доштем, ки тӯйи зебое барпо мекунем, аммо тибқи қонуни он замон ҳатто иҷрои мусиқӣ имкон надошт. Аз ин рӯ, ҳамагӣ чанд нафарро даъват кардем, вале ҳеч гуна маросиме надоштем", -- ба ёд меорад Абдулнаим Акахел.

Абдулнаим Акахел

Чанде пеш аз вуруди нерӯҳои амрикоӣ ба Афғонистон, Абдулнаим Акахел ба Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ба кор даромад. Шояд дар он давра созмонҳои гуногуни байналмилалии башардӯстона метавонистанд, фаъолияти худро идома диҳанд, вале кормандони афғон ё оилаҳои онҳо аксар вақт мавриди ҳадафи тарафдорони Толибон қарор мегирифтанд. Абдулнаим Акахел мегӯяд, он вақт махсусан дар бораи оилааш нигарон буд.

Абдулнаим Акахел бо духтараш, охири солҳои 90

"Бояд кор мекардам. Ин хеле душвор буд. Ман на дар мавриди худам, балки дар мавриди зану духтарам нигарон будам, зеро дар он замон бе мард будани зан ғайриимкон буд. Барои он ки як шаб дар идора бимонам, аз хешовандон хоҳиш мекардам, ки бо зану духтарам биистанд, то онҳо кушта нашаванд."

Ба гуфтаи Абдулнаим Акахел, Толибон ҳанӯз дар соли 2014, вақте ки Иёлоти Муттаҳида бори аввал ба берун бурдани нерӯҳои худ шурӯъ кард, ба сафарбар кардани ҷангҷӯёни худ оғоз кард. Вай ба ислоҳ шудани Толибон ва инчунин ваъдаашон дар бораи "нармтар" кардани сиёсат чандон бовар надорад.

"Дар пеши чашмам дасту пойи мардро буриданд"

Баҳори соли 2021 Муҳаммад Ахтар, ки тамоми умр дар Вазорати молияи Афғонистон кор кардааст, ба нафақа баромад. Вақте Толибон ҳокимиятро ба даст гирифта буданд, ӯ корманди яке аз шӯъбаҳои вазорат буд, вале соли 1996 аз кор маҳрум гардид ва маҷбур шуд, дар бозор савдо кунад.

"Барои хӯрондану пӯшондани оила маҷбур будам, ки сабзавот фурӯшам. Занам кор карда наметавонист. Аз ин рӯ, танҳо кор мекардам. Баъзан даромади рӯзона намерасид - кӯдакон гурусна хоб мерафтанд. Баъзан тамоми рӯз як порча нон доштем", -- ба ёд меорад Муҳаммад Ахтар.

Муҳаммад Ахтар

Дар замони ҳукуматдории Толибон барои поймол кардани қонунҳо ҷазои сахт таъин карда буданд. Вобаста аз вазнинии "қонуншиканӣ", одамонро тозиёна мезаданд, дасту пояшонро мебуриданд ё мепарронданд. Дар кӯчаҳо полиси динӣ посбонӣ мекард. Он қариб пурра аз ҷавононе иборат буд, ки бо худ чӯбҳои дарозу қамчин ё «Калашников» доштанд.

"Агар онҳо мегуфтанд, ки ин ё он шахс тартибот ё қонунро вайрон кардааст, пас, ҳақ доштанд аз зӯр истифода баранд", -- мегӯяд Муҳаммад Ахтар.

"Мо озодии сухан надоштем, ҳеч кас ба таври хостаи худ зиндагӣ карда наметавонист. Агар чунин одамон буданд, пас ё ҷазо мегирифтанд ё қатл мешуданд. Қатлҳо зиёд буданд. Ҳама дар ҳолати тарсу ҳарос зиндагӣ мекард", - ба ёд овард ӯ ва афзуд: "Он лаҳзаро дар ёд дорам, ки дар пеши чашмам дасту пойи як мардро буриданд."

Муҳаммад се духтар дорад. Ӯ ва сокинони дигари Афғонистон намехоҳанд, ки ба он рӯзҳо баргарданд: "Мардум дубора замони Толибонро ба ёд меоранд. Мо ҳеч чизро фаромӯш накардаем, дигарбора он тавр зиндагӣ карда наметавонем. Мо намехоҳем, ки таърих такрор шавад, мехоҳем зиндагии ором дошта бошем. Мардуми мо аз ин безор шудаанд."