Тоҷикистону Русия тарҳи созишномаи нафақаи муҳоҷиронро ниҳоӣ кардаанд

Тоҷикистону Русия дар мавриди пардохти нафақа ба муҳоҷирони корӣ ба мувофиқа расидаанд.

Дилмурод Давлатзода, раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон ҳафтаи равон зимни суҳбат бо хабарнигорон гуфт, лоиҳаи созишномае, ки ҳаҷми нафақаро танзим мекунад, барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод шудааст. Интизор меравад баъд аз имзо шудани ин созишнома миёни Тоҷикистон ва Русия ҳар муҳоҷири корие, ки дар Русия андози иҷтимоӣ месупорад, бо расидан ба сини бознишастагӣ, метавонад ба нафақа умед бандад.

Тарҳи созишномаи миёни Тоҷикистону Русия дар бораи танзими нафақаи муҳоҷирони корӣ ҳанӯз ҳафт сол пеш ниҳоӣ шуда буд. Аммо ҷонибҳо то охир ба мувофиқа нарсиданд, Тоҷикистон мехоҳад Русия пули нафақаро ба оҷонсии нафақа гузаронад ва кишвар худ ба муҳоҷирони бознишаста нафақа диҳад. Русия ба ин шарт розӣ нашуда буд ва мехост худ нафақаи муҳоҷиронро пардозад.

Дар сурати имзои ин созишнома муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳаққи дарёфти нафақаро пайдо хоҳанд кард. Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия бештар аз ду даҳсола пеш оғоз ёфта буд ва ҳоло онҳое, ки ба синни нафақа расидаанд, танҳо нафақаи иҷтимоӣ мегиранд. Ҳоло ҳаҷми нафақаи иҷтимоӣ 187 сомониро ташкил медиҳад.