"Техстрой" ба муҳоҷирони тоҷик ваъдаи кор доду вафо накард. ВИДЕО

Ширкати “Техстрой” аз бурдани коргарони тоҷик ба Русия даст кашид. Қаблан ин ширкати русӣ пас аз имтиҳон кардани 500 нафар 51 касро барои кор дар сохтмонҳои Русия интихоб карда буд.

Ба гуфтаи мансабдорони тоҷик "Техстрой" сабаби тағйири тасмимашро шарҳ надодааст.

Зайнура Шарифӣ, Сардори Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд рӯзи 19-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "Техстрой" бисёр бо пурсиши сахту бо таҳлил шаҳрвандонро ба рӯйхат гирифта буд. "Баъди он аз Душанбе низ 42 нафарро интихоб карда ва онҳоро низ умедвор кардаанд. Ин ширкат аз Узбекистон шумораи зиёди коргаронро бурдаанд ва чӣ муаммое рӯ задааст, ки барои мо номаълум монд. Намояндаҳои ширкат низ ба мо дурусту рӯшан фаҳмонида натавонистанд”.

Қарор буд ширкати “Техстрой” ҳанӯз моҳи апрел 1000 коргари тоҷикро аз ҳисоби худ ба Русия мебурд. Аммо ин нақша амалӣ нагашт. Бархе аз расонаҳо гуфтанд, шояд саркашии муҳоҷирони узбекистонӣ аз кор дар иншоотҳои ин ширкат дар Русия “Техстрой”-ро аз муҳоҷирон дилсард карда бошад. Ин ширкат чанде пеш 5 ҳазор муҳоҷирро аз Узбекистон барои кор ба Русия бурда буд. Вале муҳоҷирон баъди расидан ба Русия кор дар ширкатро рад карда, ба ҷойҳои кории пештараи худ рафтаанд. Худи ширкат дар ин бора изҳороте надодааст.

Гузориши видеоиро инҷо бубинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ширкати русӣ мардикорони тоҷикро имтиҳон кард, вале барои кор ба Русия набурд

Зайнура Шарифӣ, раҳбари шӯъбаи Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, мегӯяд аз ваъдахилофиҳои "Техстрой" ба намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Русия арз карданд, то ки нигаронии онҳоро ба унвонии ширкат расонад.

"Зеро то омадан моро ба ҳоламон нагузоштанд, ки мо меравему ба мо аудитория ташкил кунеду шаҳрвандонро аз рӯи ину он ихтисос сарҷамъ кунед. Мо аз 18 шаҳру навоҳӣ корҷӯёнро аз махзани корҷӯён пайдо кардем. Мутаассифона чунин шуд, вале мо ба таври расмӣ норозигии худро ирсол кардаем ва гуфтанд, ки корбарӣ рафта истодааст”.

Марзи Русия аз моҳи марти соли 2020 бо ҳадафи пешгирӣ аз коронавирус ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон бастааст. Дар ин муддат садҳо ҳазор муҳоҷире, ки дар сохтмонҳо кор карда, рӯзии худу фарзандонро меёфтанд, ба Русия рафта натавонистанд.

Намояндагони "Техстрой" ҳангоми интихоби коргарон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки сохтмонҳои Маскаву минтақаҳои дигар ба нерӯи кор ниёз дорад ва ширкат мехоҳад, ҷалби коргаронро созмон диҳад.

То оғози пандемия, ба иттилои ҷониби Тоҷикистон, 480 ҳазор ва ба гуфтаи мақомоти Русия беш аз миллион муҳоҷири кории тоҷик дар он кишвар кору зиндагӣ мекарданд. Бахше аз онҳо дар оғози пандемия ва ба сабаби авҷи бемориву танаффус дар корхонаҳо тавассути парвозҳои чартерӣ ба кишвар баргаштанд. Бинобар арзёбии созмонҳои байналмилалӣ даромади ҳар чорумин хонавода дар Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Пуштибони сартарошидаҳо кист? Вокуниш ба боздошти муҳоҷири тоҷик дар Русия. ВИДЕО
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҳаммолони тоҷик аз "ҳақситонӣ" дар "Фуд Сити"-и Маскав шикоят доранд
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Дар Русия пешниҳод доранд, ки маҳбусон ба ҷойи муҳоҷирон ба кор ҷалб шаванд