Сафари варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Токио-2020

Ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули беш аз 20 нафар, аз ҷумла 10 варзишгар, барои ширкат дар Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ субҳи имрӯз, 19-уми июл, тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе - Истамбул - Токио ба Ҷопон сафар кард.

Дар Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ, ки аз 23-юми июл то 8-уми август дар Токио баргузор мешавад, Тоҷикистонро даҳ варзишгар - Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) - ҳарчор дар риштаи ҷудо, Баҳодур Усмонов (-63 кг), Шаббос Неъматуллоев (-81 кг), Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) - ҳарсе оид ба бокс, Илдар Аҳмадиев оид ба варзиши сабук, Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов оид ба шиноварӣ - намояндагӣ мекунанд.

Вале Гулсумбӣ Шарифова, ки ба Бозиҳои олимпӣ дар Токио дар давидан ба масофаи 200 метр миёни занон роҳхат гирифтааст, ба иллати лат хӯрдани пояш ба Токио нарафт.

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар Токио 23-юми июл баргузор мешавад. Варзишгари маъруфи тоҷик Темур Раҳимов парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон аст.

Варзишгарони тоҷик сабқатро 24-уми июл шуруъ мекунанд. Дар ин рӯз Шаббос Неъматуллоев дар риштаи бокс дар вазни то 81 кило ба рақобат аз даври 1/16 финалӣ мепардозад. 25-уми июл муштзани дигари тоҷик Сиёвуш Зуҳуров дар вазни беш аз 91 кило дар 1/8 финал ширкат меварзад.

Рӯзи 26-уми июл Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило дар мусобиқаи ҷудо дар 1/32 финал иштирок хоҳад кард. 27-уми июл паҳлавони тоҷик Акмал Муродов дар ин ришта дар вазни то 81кило аз даври 1/32 финал ба рақобат сар мекунад. Комроншоҳ Устопириён бошад, дар вазни то 90 кило 28-уми июл аз даври муқаддамотӣ - 1/32 финал - ба рақобат мепардозад. 30-юми июл Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило дар 1/16 финал ширкат меварзад.

Шиноварон Олимҷон Ишонов ва Анастасия Тюрина рӯзи 30-юми июл дар масофаи 50 метр бо тарзи озод дар даври пешакӣ ба рақобат мепардозанд.

Рӯзи 31-уми июл дар сабқати варзиши сабук дар давидан ба масофаи 100 метр миёни мардон дар даври пешакӣ Илдар Аҳмадиев ба майдон меояд.

Бояд гуфт, ки дар мавриди пирӯзӣ дар даврҳои муқаддамотӣ варзишгарони тоҷик муборизаро дар даврҳои баъдӣ идома хоҳанд дод.

Зимнан, аз миёни 10 варзишгари тоҷик 7 нафар бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунанд. Комроншоҳ Устопириён, Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов соли 2016 дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразалия ширкат варзида буданд.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Токио-2020

Бокс, 24 июл – 1 август

Шаббос Неъматуллоев, вазни то 81 кг - 24 июл, 1/16 финал

Сиёвуш Зуҳуров, вазни + 91 кг – 25 июл, 1/8 финал

Баҳодур Усмонов, вазни то 63 кг – 27 июл, 1/16 финал

Ҷудо, 24 – 31 июл

Сомон Маҳмадбеков, вазни то 73 кг - 26 июл, 1/32 финал

Акмал Муродов, вазни то 81 кг – 27 июл, 1/32 финал

Комроншоҳ Устопириён, вазни то 90 кг – 28 июл, 1/32 финал

Темур раҳимов, вазни + 100 кг – 30 июл, 1/16 финал

Шиноварӣ, 24 июл - 1 август

Олимҷон Ишонов, 50 метр, тарзи озод, мардон – 30 июл, даври пешакӣ

Анастасия Тюрина, 50 метр, тарзи озод, занон – 30 июл, даври пешакӣ

Варзиши сабук, 30 июл – 1 август

Илдар Аҳмадиев, давидан ба масофаи 100 метр, мардон – 31 июл, даври пешакӣ

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 1996 ширкат меварзанд. Умуман, мунтахаби кишвар дар Бозиҳои олимпӣ ҳамагӣ чор медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст овардааст.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XXIX тобистонаи олимпӣ соли 2008 дар Пекин барои аввалин бор соҳиби ду медал - як нишони нуқра ва як биринҷӣ гардид.

Медали нуқраро Юсуф Абдусаломов аз рӯи гуштии озод дар вазни то 84 кило соҳиб шуд. Медали биринҷиро Расул Боқиев дар риштаи ҷудо дар вазни то 73 кг ба даст овард.

Соли 2012 дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон Мавзуна Чориева дар риштаи бокси занона дар вазни то 60 кило барандаи медали биринҷӣ гардид.

Дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки соли 2016 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор шуд, Тоҷикистонро ҳафт варзишгар муаррифӣ кард. Аз байни онҳо танҳо Дилшод Назаров медал гирифт. Ӯ дар мусобиқоти ниҳоӣ гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва медали тилло ба даст овард.

Ба ин тартиб, ҳафтумин бор аст, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ беҳтарин варзишгарони кишвар намояндагӣ мекунанд.