Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин, бо сафари корӣ дар Осиёи Марказӣ қарор дорад. Ӯ дар пасманзари нигарониҳо аз хатарҳои амниятӣ, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои Амрико ва НАТО аз Афғонистон бештар шуданд, аз манфиатҳои Пекин пуштибонӣ хоҳад кард.
Бо шиддат гирифтани ноамнӣ дар Афғонистон, вазири умури хориҷии Чин, Ван И, ба сафари пурсарусадои худ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз кард. Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин як талоше барои афзоиши нақшу мавқеи худ дар минтақа аст.
Сафари якҳафтаинаи мансабдори Чин ба Туркманистону Тоҷикистон ва Узбекистон дар ҳоле сурат мегирад, ки бо оғози берун шудани нерӯҳои Амрико ва кишварҳои дигари узви НАТО аз Афғонистон, ҳамлаҳои Толибон бештар шудааст. Ин гурӯҳ иддао дорад, ки ҳудуди ҳарчи бештари Афғонистонро зери назорат даровардааст. Қарор аст, нерӯҳои хориҷӣ то 31-уми августи имсол аз Афғонистон бираванд.
Толибон медонанд, ки агар онҳо Афғонистонро ба даст оваранд, эътирофи ҳамсояҳояшон лозим мешавад. Аз ҷумла, эътирофи Осиёи Марказӣ ва Чин.Нива Яу
Ван И кӯшиш мекунад, бо матраҳ кардани масоили амниятӣ дар минтақа нуфузи афзояндаи кишварашро таҳким бахшад. Зеро бо берун рафтани сарбозони хориҷӣ, муноқишаҳо миёни нерӯҳои афғон ва Толибон шиддат мегирад.
Дар пайи афзоиши ҳамлаҳои Толибон, Пекин, ҳукумати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бозигарони минтақа, мисли Эрону Покистон ва Русия, бо нигаронӣ ба вазъи ноустувори амниятӣ дар остонаи марзҳои худ назорат мекунанд. Ҳамсояҳои Афғонистон ҳам барои ҳифзи марзи худ аз муноқишаҳо, талош доранд, бо ҷонибҳои муҳими низоъ аз роҳи дипломатӣ муносибат кунанд.
Темур Умаров, коршиноси Маркази Карнегӣ дар Маскав, ки масоили марбут ба Чин ва Осиёи Марказиро таҳлил мекунад, гуфт: "Аз ин сафар ягон навгониеро интизор надорам. Вале Пекин инро ҳамчун як имконият барои нишон додани нуфузу қудрати худ истифода хоҳад кард."
Сафари вазири корҳои хориҷии Чин аз Туркманистон 12-уми июл оғоз ёфт ва ду рӯз идома кард. Баъдан мулоқот дар Узбекистон ва Тоҷикистон давом ёфт. Дар Душанбе Ван И дар нишасти солонаи вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) ширкат кард, то ба гуфтаи Ван Вебин, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Чин, мавзӯи "Асри пас аз хуруҷи низомиён" аз Афғонистонро баррасӣ кунад.
Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой – як эътилофи сиёсии АвруОсиёист, ки фаъолияташ ба мубориза бо терроризм равона шудааст. Ҳоло Чину Қазоқистон, Қирғизистону Русия, Тоҷикистону Узбекистон ва Ҳинду Покистон узви созмон ҳастанд.
Эътилоф як василаи асосие буд, ки тавассути он Пекин тавонист, мавқеи худро дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигар густариш диҳад. Ҳамакнун дар шароити ноамнӣ дар Афғонистон, Чин метавонад, мавқеи худро дар ин кишвар боз ҳам бештар кунад.
Аммо нақши ояндаи Чин то ба ҳол номуайян аст. Пекин робитаҳои стратегиро бо Покистон, кишваре, ки пуштибони Толибон аст, ҷонибдорӣ мекунад ва бо Эрон ҳам муносибатро қавӣ нигоҳ медорад. Нуфузи сиёсӣ ва иқтисодии Чин дар Осиёи Марказӣ дар давоми як даҳсолаи ахир ба таври чашмрас афзоиш ёфтааст.
“Ҳарчанд Пекин корти муҳимро барои Афғонистон рӯйи даст дорад, стратегияи он норӯшан ва номуайян аст”, – мегӯяд, таҳлилгар Темур Умаров. Ба қавли ӯ, “Чин наметавонад ҷойгузини Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон шавад. Дар оянда мо эҳтимол шоҳиди рушди ҳамкории Чин бо ҷонибҳои даргири Афғонистон хоҳем шуд. Вале фақат ба шарте, ки ин ба манфиати Чин дар минтақа бошад. Ҳадафи аслии Чин ин нуқта гузоштан ба беназмӣ дар марз бо Афғонистон аст.”
Нигоҳе аз Осиёи Марказӣ
Афзоиши ҳамлаҳои Толибон ҳамсояҳои Афғонистон дар қисмати шимолро нигарон кардааст. Онҳо ҳам дар иқдомҳои ахире, ки дар минтақа ба роҳ монда шуд, шарик буданд ва дар нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ҳам ширкат намуданд.
Намояндаҳои Толибон дар ҳафтаҳои охир аз Исломобод, Маскав ва Теҳрон дидан карданд. Ҳадаф аз ин гуфтушунидҳои Толибон ҳам ором кардани ҳамсояҳои ноорому нигарони Афғонистон баъд аз берун шудани нерӯҳои амрикоӣ аз он буд.
Як ҳайати Толибон рӯзи 8-уми июл дар Маскав гуфт, сарфи назар аз тасарруфи манотиқи зиёде дар саросари Афғонистон, Толибон ба Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдиде ба бор намеоранд.
Ҳафтаи гузашта Тоҷикистон эълон кард, ки то 20 ҳазор афсари эҳтиётиро барои таҳкими назорати марз бо Афғонистон мефиристад. Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин дар пайи тасарруфи чанд минтақаи наздимарзӣ дар Афғонистон аз тарафи Толибон, барои ҳифзи сарҳад аз Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) ёрӣ хост.
Ҳамин тавр бо шиддат гирифтани нооромӣ сокинон ва нерӯҳои мағлубшудаи Афғонистон бо убури марз ба Узбекистон ва Тоҷикистон фирор кардаанд. Беш аз ҳазор афғонистонӣ дар қаламрави Тоҷикистон паноҳанда шудаанд.
Тоҷикистон аз нигоҳи амниятӣ дар минтақа яке аз кишварҳои калидӣ аст. Дар пойгоҳи азими низомӣ дар ин кишвар, ҳудуди 7 ҳазор сарбози рус ҷой гирифтаанд. Ҳамчунин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дидбонгоҳи низомии Чин қарор дорад. Ин ягона иншооти низомии Пекин дар минтақа аст.
Фикр мекунам, барои Маскав қабули Пекин, ки нахустин шуда дар минтақа ғижжак менавозад, мушкил хоҳад буд.Наргис Касенова
Гуфта мешавад, ин иншооти низомӣ аз сӯйи Чин барои ҷамъоварии иттилоъ ҷиҳати мубориза бо терроризм ва бахусус оид ба гурӯҳҳои муссалаҳи уйғур, ки дар Афғонистон қарор гирифтаанд, истифода мешавад. Пекин мехоҳад, бо ин роҳ вазъро назорат ва аз вуруди ин гурӯҳҳо ба вилояти Шинҷони худ пешгирӣ кунад.
Ба ин тартиб, Маскав ҳамоно пешвои низомӣ дар минтақа мемонад, ки Осиёи Марказиро чун "ҳудуди таҳти нуфузи худ" меҳисобад. Ҳарчанд Русия ва Чин дар мавриди субот дар минтақа нигарониҳои ҳамсон доранд, Маскав ҳамоно аз густариши низомии Чин дар ин минтақа дар ташвиш аст. Ба гуфтаи таҳлилгарон, дар шароити тағйир ёфтани вазъ дар Афғонистон, Чин бояд ин омилро ба назар бигирад.
Наргис Касенова, ходими калони илмии донишгоҳи Ҳарвард, ки нақши Чин дар минтақаро меомӯзад, мегӯяд, “фикр мекунам, барои Маскав қабули Пекин, ки нахустин шуда дар минтақа ғижжак менавозад, мушкил хоҳад буд.”
Чин ва Толибон
Чин дар ҳоле ки барои минтақа нақшаҳои калон дорад, аз хатари ҷангҷӯёни уйғур ба амнияти кишвараш сахт нигарон аст.
Робитаҳои таърихии Толибон бо гурӯҳҳои тундрави уйғур, ки бо Ал-Қоида пайвастанд, решаҳои чандинсола дорад. Ин гурӯҳҳо, бахусус Ҷунбиши Исломии Туркистон дар гузашта ҳам боис ба нигаронии шадиди Пекин буданд.
Амрико ва кишварҳои дигар қаблан ин гурӯҳро як созмони террористӣ меномиданд, аммо маъмурияти Трамп соли 2020 ин истилоҳро аз номи гурӯҳ дур кард, ки боис ба норозигии Пекин шуд.
Чин вуҷуди чунин гурӯҳҳои ифротгароро барои суркӯбсозӣ дар Шинҷон истифода кардааст. Бино ба иттилои Созмони Милал, дар Чин беш аз як миллион уйғур, қазоқ ва қирғизу ақаллиятҳои дигари мусалмонро дар як урдугоҳе бо низомӣ сахт ҷойгир карданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бисёре аз ҷангҷӯёни уйғур, ки пештар дар Афғонистон ҷойгир буданд, солҳои охир ба Сурия кӯч бастанд. Аммо бинобар гузориши Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2020 садҳо тани онҳо ҳамоно дар ин кишвар мондаанд.
Бо вуҷуди ин ҳама, Толибон зоҳиран чунин бархӯрди Чин бо мусулмонон дар Шинҷонро ба дил нагирифтааст ва талоши ҷалби таваҷҷӯҳи Чинро дорад. Онҳо эълон карданд, ки ҷангҷӯёни уйғурро дар қаламрави таҳти назорати худ нигоҳ нахоҳанд дошт.
Нива Яу, пажӯҳишгари Академияи САҲА дар Бишкек, ба Радиои Озодӣ гуфт: "Мо баъзе изҳороти печидаи Толибонро дар бораи ҳамкорӣ бо Чин мебинем. Ин нишон медиҳад, ки Толибон барои ба даст овардани эътирофи Чин манфиатдоранд."
Бо ҳадафи рафъи нигарониҳои Пекин, намояндаҳои Толибон бо роҳандозии корҳои таблиғотӣ ва дар сӯҳбат бо расонаҳои хориҷӣ ва чинӣ эълон мекунанд, ки Чин “дӯсти хуби” Афғонистон аст.
Суҳайл Шоҳин, намояндаи Толибон, рӯзи 8-уми июл ба хабарнигорон гуфт, ҳудуди таҳти назорати гурӯҳ қарордоштаи Афғонистон бар зидди кишварҳои дигар истифода нахоҳад шуд. Ӯ изҳор дошт, ки Толибон ба умури дохилии Чин дахолат намекунанд.
Дар ҳоле ки Пекин расман аз ҳукумати президент Ашраф Ғанӣ дар Кобул пуштибонӣ мекунад, тибқи гузоришҳо, Толибонро маҷбур мекунад, робитаҳои худро бо гурӯҳҳои мусаллаҳи уйғур қатъ кунад. Дар иваз Чин ба онҳо ваъдаи сармоягузорӣ мекунад.
"Толибон медонанд, ки агар онҳо [Афғонистонро] ба даст оваранд, ба онҳо эътирофи ҳамсояҳояшон лозим мешавад. Аз ҷумла, эътирофи Осиёи Марказӣ ва Чин", – афзуд Нива Яу, пажӯҳишгари Академияи САҲА дар Бишкек.