Атмар дар Душанбе гуфт, аз ҳамтоёнаш хостааст, ба Толибон бигӯянд, ки...

Ҳаниф Атмар

Ҳаниф Атмар, вазири корҳои хориҷии Афғонистон рӯзи 14-уми июл дар Душанбе аз Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой хост, дар қатъи хунрезиҳои кишвараш ёрӣ кунанд. Дар ду моҳи охир ҳамлаҳои Толибон дар Афғонистон афзоиш ёфтааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Вазирони СҲШ дар Душанбе вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд. ВИДЕО

Атмар дар мулоқот бо журналистон гуфт, "пешниҳоди аввали мо ин буд: бо таваҷҷӯҳ ба хушунати бесобиқаи Толибон ва ҳамкорони байналмилалияшон, ки дар Афғонистон ба миён овардаанд, зарурат аст кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой бо Афғонистон тавофуқоти худро ҳифз бикунанд".

Вазири корҳои хориҷии Афғонистон дар дидор бо ҳамтоёни худ дар Душанбе аз иҷро нагардидани бандҳои созиши Доҳа аз сӯи Толибон нигаронӣ кард.

Яке аз ҳадафҳои асосии созишномаи Доҳа поён додан ба ҷанги Афғонистон ва даст ёфтан ба ҳамдигарфаҳмии сиёсӣ буд. Аммо бо гузашти бештар аз як сол он ҳанӯз амалӣ нашудааст. Ҳарчанд ҳама ҷузъиёти ин санад дар ихтиёри расонаҳо қарор нагирифт, тибқи он бояд ҳамаи нерӯҳои хориҷӣ Афғонистонро тарк кунанд, зиндониёни Толибон озод шаванд ва раҳбарони ин гурӯҳ аз рӯйхати сиёҳи Созмони Милал берун карда шаванд.

Ҳамчунин, Толибон вазифадор шуда буданд, ки пайванди худро аз гурӯҳҳои тундрави хориҷӣ, аз ҷумла Ал-Қоида канда, коҳиши зӯроварӣ ва оғози гуфтугӯҳои рӯбарӯро бо ҳукумати Афғонистон аз сар гиранд

Ба қавли Ҳаниф Атмар, кишвараш ӯҳдадориҳои худро дар робита ба тавофуқи сулҳи Доҳа анҷом додааст, вале ҷониби Толибон ҳеч кадом аз ӯҳдадориҳоро иҷро накардаанд: "Бино бар ин, аз аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой хостем, ки дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ аз Толибон бихоҳанд, ки мувофиқатномаи сулҳи Доҳаро амалӣ кунанд".

Ӯ таъкид намуд, дар мавриди чӣ гуна пеш бурдани ҳамкориҳои худ тавофуқ намудаанд, ки Афғонистон ва кишварҳои узви СҲШ дар мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонанд.

Вазири умури хориҷии Афғонистон бори дигар таъкид кард, ки дар ҷанги Афғонистон “роҳи ҳалли низомӣ вуҷуд надорад” ва бояд “як роҳи ҳалли сулҳомез” рӯйи даст гирифта шавад. Ӯ гуфт, нигаронии ҷиддии худро бо ҳамтои покистонияш низ ба миён гузоштааст, ки аз нуфузи худ болои Толибон кор гирифта, дар қатъи хунрезӣ ва пешрафти раванди сулҳ ҳамкории ин гурӯҳро таъмин бикунад.

Ҷангу хушунатҳо дар Афғонистон ду моҳ пеш, замоне ки Амрико эълон кард, нерӯҳояшро аз Афғонистон берун мебарад, афзоиш ёфт. Ба гуфтаи ҳукумати Афғонистон, дар натиҷаи задухурдҳои мусаллаҳонаи нерӯҳои ин кишвар бо Толибон беш аз 2 миллион одам гуреза шудааст. То кунун аз тасарруфи даҳҳо ноҳия ба дасти ин гурӯҳ хабар нашр шудааст.

Эътилофи ғарбӣ ба раҳбарии Амрико тасмим дорад, то миёнаҳои моҳи сентябри имсол нерӯҳои худро пурра аз Афғонистон берун барад. Соли гузашта Толибон бо ҳукумат барои сулҳ музокира оғоз карданд, вале он қатъ шуд. Ҳоло кишварҳои миёнарав талош доранд, то ҷонибҳои даргирро дубора сари мизи гуфтугӯ шинонанд.

Ҳоло маълум нест, интизории ҷониби Афғонистон аз Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар мавриди мусоидат ба пешгирӣ аз ҷангу хушунатҳо дар ин кишвар то куҷо бароварда хоҳад шуд. Афғонистон дар баробари Беларусу Эрон ва Муғулистон дар ин созмон мавқеи нозирро дорад.

Ба узвияти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой Чину Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон шомил ҳастанд.