Русия дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дидбонгоҳ месозад

Замир Кобулов

Сохтмони як динбонгоҳ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бо сармоягузории Русия шурӯъ шудааст.

Оҷонсии хабарии "РИА Новости" рӯзи 14-уми июл аз қавли Замир Кобулов, роҳбари раёсати дуввуми Осиёи Вазорати умури хориҷаи Русия навишт, ки "ин тарҳ (манзур сохтмони дидбонгоҳ) дар Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст, пул ҷудо шудааст".

Кобулов гуфтааст, сохтмони ин дидбонгоҳ идома дорад. Ин мақоми рус нагуфтааст, ки ин дидбонгоҳ дар куҷо ва бо харҷи чӣ миқдор маблағ сохта мешавад.

Бори нахуст Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия, дар сафари қаблии худ ба Тоҷикистон моҳи май гуфта буд, Душанбе ва Маскав дар фурсатҳои наздик ҷиҳати сохтмони як дидбонгоҳи замонавӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон созишнома имзо хоҳанд кард.

Русия ба ҳайси узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ борҳо ба Душанбе ваъда дода буд, барои тақвияти марзи Тоҷикистон ва Афғонистон кумакҳои низомӣ мерасонад. Аммо Кремлин ба ин гуфтаҳояш камтар амал кардааст.

Дар гузашта Амрико барои тақҷияти ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон ба марзбонони тоҷик борҳо техникаву таҷҳизоти низомӣ тақдим кардааст.