Аз сустии Интернет то сомонаҳои баста. Дар Хадамоти алоқа чӣ гузашт?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфтанд, суръати Интернет дар кишвар суст нест, шояд дастгоҳи истифодабарандагон кӯҳна аст. Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқа, 12-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, "агар дар хона телевизори нағз дошта бошед, бо рангҳои хуб мебинед. Агар телефони мобилӣ дастгоҳи базавие, ки қолаби 3G ё 4G надорад, суръати Интернет паст мешавад." Сомонаи таҳлилии datareportal.com мегӯяд, Тоҷикистон аз назари суръати Интернет дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи аз ҳама охир қарор дорад. Нуктаҳои дигарро дар гузориши видеоӣ худатон бинед.