Се мошини шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба боркашонии байналмилалӣ аз Русия машғуланд, моҳи дувум аст дар минтақаи Бодканди Қирғизистон банд мондаанд.
Ғуломҷон Мадиев, яке аз ин чаҳор ронанда, рӯзи 9-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо 28-уми апрел ба шаҳри Ӯш расиданд ва бинобар муноқиша дар марз, кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз онҳо хоҳиш карданд, каме мунтазир шаванд.
"Дар он ҷо 10 рӯз мунтазир шудем, баъд бо ҳамроҳии пулис ба Бодканд рафтем. Дар марз моро боздошт карданд, ҳуҷҷатҳоямонро гирифтанд ва акнун ду моҳ аст, дар мошинҳоямон мехобем", - мегӯяд ин ронанда. Ба гуфтаи ӯ, онҳо аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон боздошт шудаанд ва барояшон гуфтаанд, ки онҳоро ба мошинҳои боркаши қирғизӣ, ки дар Тоҷикистон дармондаанд, иваз мекунанд. Аммо дар Тоҷикистон мегӯянд, ронандаву мошинҳои боркаши марбут ба шаҳрвандони Қирғизистон дигар вуҷуд надоранд.
Се мошини боркаши бузург ба интиқоли мол аз Русия ба Тоҷикистон машғул буданд ва тавассути Қирғизистон мегузаштанд. Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи ронандагон, онҳо аз марзи Тоҷикистон даҳ километр дуртаранд.
“Онҳо ҳуҷҷатҳои моро баргардониданд, вале санади молро надоданд. Гуфтанд, ки мо метавонем мошинҳоро гузошта, равем. Аммо ин корро карда наметавонем, мо хеле дер кардем ва ҳар рӯз одамон ба суроғи молҳояшон ба хонаи мо омада истодаанд. Илова бар ин, ман мошинро бо қарз харидаам ва онро ин ҷо гузошта наметавонам", - шиква мекунад яке аз ронандагон.
Акси садои даргириҳо
Мушкилоти убури марзи Қирғизистону Тоҷикистон барои ронандаҳои мошинҳои боркаш пас аз даргириҳои мусаллаҳонаи 29-уми апрел байни низомиёни ду кишвар ба миён омад. Ширкатҳои нақлиётии Тоҷикистон хабар доданд, ки даҳҳо мошинҳои ҳомили бори Тоҷикистон дар вилоятҳои Бодканду Ӯши Қирғизистон банд мондаанд.
Рӯзи 11-уми май шаҳрвандони Қирғизистон дар вилояти Бодканд се мошини бузурги боркашро бо рақамҳои тоҷикӣ боздошт карданд. Ин ҷавонон худро аъзои “Артиши мардумӣ” муаррифӣ карда, изҳор доштанд, ки мехоҳанд қочоқи бензин, сӯзишвории дизелӣ ва дигар молҳоро ба Тоҷикистон қатъ кунанд. Ронандагон он замон ба онҳо гуфтанд, ки ин молҳоро аз Русия интиқол дода истодаанд.
Баъдтар Раёсати корҳои дохилии вилояти Бодканд гуфт, ки мошинҳои боркаш бо рақамҳои тоҷикӣ ба далоили амниятӣ боздошт шудаанд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки онҳо ният доранд, ин мошинҳоро ба мошинҳои боркаши қирғизӣ, ки дар Тоҷикистон боздошт шудаанд, иваз кунанд.
Дар РКД, КДАМ ва сафорат чӣ мегӯянд?
Дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Бодканд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки масъалаи убури мошинҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар ихтиёри Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аст. Аммо Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ба дархости Радиои Озодӣ посух дод, ки ба ин қазия Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қаросуи вилояти Ӯш сару кор дорад. Талошҳои мо барои барқарор кардани тамос то замони нашри ин матлаб натиҷа надод.
Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон дар як суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки боздошти мошинҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро бо қарори қабулшудаи Девони Вазирони Қирғизистон аз 21-уми май, ки вуруд, хуруҷ ва транзити шаҳрвандони Тоҷикистонро аз қаламрави Қирғизистон маҳдуд кардааст, марбут мекунанд.
Ба гуфтаи як корманди сафорат, онҳо аз ин масъала огаҳӣ доранд ва умедворанд, ки ин қарор дар ояндаи наздик бекор карда мешавад.
«Тоҷикистон мошинҳои боркаши қирғизиро раҳо кард»
Дар охири моҳи июн расонаҳои Қирғизистон дар бораи боздошти мошинҳои боркаши бузург ва шаҳрвандони Қирғизистон дар гузаргоҳи “Фотеҳобод-Автодорожний” (Тоҷикистон) хабар доданд. Аммо пас аз дахолати Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ва институти омбудсмени ин кишвар, мошинҳо раҳо шуданд.
Қаблан дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки Тоҷикистон барои вуруд ва хуруҷи мошинҳои Қирғизистон ягон маҳдудият ҷорӣ накардааст.
Даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 28-29 апрел рух додаанд. Мақомоти Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки дар задухӯрдҳои марзӣ 19 нафар кушта ва 87 нафар маҷрӯҳ шуданд. Тибқи иттилои ҷониби Қирғизистон, 189 шаҳрванди Қирғизистон маҷрӯҳ ва 36 нафар ба ҳалокат расидаанд. Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон якдигарро ба оғози ҷанг ва расонидани хисороти бузург муттаҳам мекунанд. Додситонии кулли ҳар ду кишвар дар робита ба ҳодисаҳои марз парвандаҳои ҷиноӣ боз кардаанд.