Пайвандони чаҳор наврас аз Истаравшан, ки ду рӯз пеш дар дарёи Сир ғарқ шуданд, ҷузъиёти ҳодисаро ба Радиои Озодӣ нақл карданд. Ба гуфтаи онҳо, фарзандонашон якҷо бо зиёда аз 20 хонандаи дигар ба тамошои Хуҷанд рафта, ҳангоми оббозӣ ба умқи дарё фурӯ рафтаанд.
Ҷасади
- Бахтиёр Каримқулов,
- Садриддин Каримов,
- Лазизбек Хидиров ва
- Асилбек Мамадисоевро пас аз чанд соати ҷустуҷӯ ёфта, рӯзи 8-уми июл дар деҳаи Ниҷонии шаҳри Истаравшан дафн карданд, вале баҳси “дар ин қазия кӣ гунаҳкор?” монд.
Ангушти иттиҳом ба сӯйи мактабу муаллим
Сироҷиддин Каримқулов, амаки Бахтиёр Каримқулов, яке аз кӯдакони ғарқшуда гуфт, “хонандагони синфҳои 9 ва 6 ҳамроҳи муаллимон барои саёҳат ба Наврӯзгоҳ рафта буданд. Ин чор нафар ба лаби дарёи Сир рафта, оббозӣ кардаанд.”
Чаҳор навраси ғарқшуда дар синфи 9-и мактаби рақами 60-и Истаравшан мехонданд. Баъзе аз волидони наврасони ғарқшуда дар ин фоҷиа мактабу омӯзгоронро гунаҳкор мекунанд.
Ойбек Хидиров, падари Лазизбек Хидиров, гуфт, “беназорат мондаанд, бояд гунаҳкор бошанд. Инҳо як нафар не, чор бачаи 16-сола ҳастанд. Ба ҳама одам таъсири сахт дорад ин ҳодиса. Ҳозир дар вақти карантину касалиҳо ба ҳамон ҷо бурдан чӣ лозим буд?”
Ин дар ҳолест, ки Дурдона Раҳматова, модари Садриддин Каримов, яке аз наврасони ғарқшуда мегӯяд, “бо хоҳиши худ рафт. Нарав гӯям ҳам, меравам гуфту рафт. Чӣ кор кунам? Модарҷон, Шумо истироҳат кунед, барвақттар меоям гуфту рафт. Ман ҳам майлаш гуфтам. Бачам ба он дунё рафту ба хона наомад”.
Дар мактабу маориф чӣ гуфтанд?
Дар шуъбаи маорифи шаҳри Истаравшан гуфтанд, ин сафар бидуни мувофиқаи мудири маориф ва берун аз нақшаи корӣ сурат гирифтааст.
Рӯзи 8-уми июл вақте ба мактаби деҳаи Нинҷонии Истаравшан рафтем, баъзе аз омӯзгорон пайи таъмири мактаб буданд, вале розӣ нашуданд, дар ин мавзуъ гап зананд. Бархе аз онҳо дар суҳбати бидуни микрофон гуфтанд, ду омӯзгор ҳамроҳи мудири мактаб хонандагонро ба саёҳат бурда буданд, аммо пас аз ҳодиса вазъи саломати мудири мактаб бад шуда, дар беморхонаи шаҳри Хуҷанд бистарӣ аст. Рӯшан нест, то куҷо ин саёҳат барои мактабиён ҳатмӣ буд.
Ба гуфтаи шоҳидон, ҳодиса дар наздикии боғи Фарҳангию истироҳатии Наврӯзгоҳи шаҳри Хуҷанд рух додааст. Ғаввосон ҷасади Лазизбеку Асилбек ва Бахтиёру Садриддини 16-соларо аз умқи дарёи Сир берун кашидаанд.
"Оббозӣ манъ аст" навиштаанд, вале...
Ба гуфтаи масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, мавҷи Сирдарё дар инҷо хеле пуршиддат асту барои шиноварии сокинон хеле хавфнок. Аз ҳамин сабаб, ба гуфтаи онҳо, дар соҳили рӯди Сир навиштаи “оббозӣ дар инҷо манъ аст”-ро насб кардаанд.
Масъулони раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд мегӯянд, бо фаро расидани фасли гармо дар соҳилҳои серодами руди Сир навбатдорӣ ташкил карданд ва сокинонро аз манъ будани шиноварӣ дар ҷойҳои хатарнок огоҳ мекунанд.
Ҳафтаи ҷорӣ дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон гармои сахти то 50-дараҷаӣ ҳукмфармо буд ва садҳо нафар дар мавҷҳои рӯду наҳрҳо аз он паноҳ меҷустанд. Вале ба гуфтаи ихтиёриён на ҳамаи онҳо аз қоидаи шиноварӣ огоҳ ҳастанд.
Баъд аз ғарқ шудани чаҳор наврас ҷасади Шоҳрух Юлдошев, сокини 24-солаи шаҳри Гулистонро низ аз дарё ёфтанд. Шумораи ғарқшудагон дар вилояти Суғд дар ним соли гузашта ба 14 нафар расид, ки назар ба соли гузашта ду баробар бештар аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҷасади чаҳор наврасро аз қаъри дарёи Сир ёфтаанд