Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади чаҳор наврасро аз қаъри дарёи Сир ёфтаанд


Дарёи Сир
Дарёи Сир

Ҷасади чаҳор наврасро аз қаъри дарёи Сир дар Хуҷанд пайдо карданд. Як намояндаи Идораи ҳолатҳои фавқулода гуфт, ин наврасон 15-сола ва аз шаҳри Истаравшан буда, пас аз зуҳри 7-уми июл ҳангоми шиноварӣ дар дарё ғарқ шудаанд.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, “онҳо дар мавзеи хатарноки боғи фарҳангию истироҳатии Наврӯзгоҳи Хуҷанд, ки аз канораш рӯди Сир мегузарад, ғарқ шудаанд. Ғаввосон онҳоро аз қаъри дарё ёфтанд.”

Ин чор наврас бо ҳам дар як синф ва дар мактаби рақами 60-и деҳаи Ниҷонии шаҳри Истаравшан мехондаанд. Аз онҳо Лазизбек Хидиров, Бахтиёр Каромқулов, Аслбек Мамадисоев ва Садриддин Каримов ном бурда мешавад.

Наврасон бо кӣ ба ва чӣ гуна ба Хуҷанд омадаанд, маълум нест, вале мақомоти тафтишотӣ аз рӯйи ин ҳодиса таҳқиқро шурӯъ кардаанд.

Танҳо дар шаш моҳи имсол дар шимоли Тоҷикистон 20 мавриди ғарқшавии сокинон сабт шуда, аз ин ҳисоб 9 кас ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG