Беш аз 1000 низомии дигари афғон ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд

Даҳҳо нафар аз низомиёни афғон тавассути ин пул ба Дарвози Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, шаби 4 ба 5-уми июл 1037 нафар аз низомиёни афғон "бо мақсади наҷоти ҷони худ", ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд. Ноҳия ё вулусволиҳои Хоҳон, Шикай, Нусай, Моҳимай, Шуғнон ва Султон-Ишкошими вилояти Бадахшони Афғонистон давоми шабонарӯзи гузашта ба дасти Толибон афтодаанд. Ин минтақаҳо бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Хатлони Тоҷикистон 910 километр марзи муштарак доранд.

Дафтари матбуоти Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 5-уми июл иттилоъ дод, ки 104 нафар аз минтақаҳои сарҳадии "Шоҳон"-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, 213 нафар аз "Рузвай"-и ноҳияи Дарвоз, 83 нафар аз "Нулванд"-и Дарвоз, 173 нафар аз "Хумроғӣ"-и Ванҷ, 312 нафар аз "Тем"-и шаҳри Хоруғ, 102 нафар аз "Ишкошим" ва 50 нафар аз "Лангар"-и Ишкошим вориди хоки Тоҷикистон шудаанд.

Дар изҳороти Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон омадааст, "бо назардошти муносибатҳои неки ҳамсоядорӣ ва дахолат накардан ба умури дохилии Афғонистон, ба низомиёни ин кишвар иҷозати воридшавӣ ба қаламрави Тоҷикистон дода шуд".

Ақибнишинии шумораи зиёди низомиёни афғон ба хоки Тоҷикистон дар ҳолест, ки рӯзи гузашта Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар изҳороте гуфт, ки дар пайи даргириҳо, эҳтимоли ақибнишинии низомиёни дигари афғон низ вуҷуд дорад.

Дар як моҳи ахир ин бори панҷум аст, ки низомиёни афғон ба хоки Тоҷикистон ақибнишинӣ мекунанд, ки теъдоди онҳо дар умум ба беш аз 1500 нафар расидааст.

Айни замон вазъ дар марз бо Афғонистон нигаронкунанда хонда мешавад. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон рӯзи 4-уми июл дар бораи ақибнишинии низомиёни афғон ба хоки Тоҷикистон суҳбат кардааст.

Ӯ дар суҳбати телефонӣ бо ҳамтои афғони худ вазъ дар кишвари ҳамсояро ташвишовар хондааст. Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки Тоҷикистон ба умури дохилии Афғонистон дахолат намекунад ва аз талошҳои сулҳ дар ин кишвар пуштибонӣ мекунад.

Дар ду моҳи ахир, пас аз онки ИМА эълон кард, ки аз рӯзи 1-уми май сарбозонашро аз Афғонистон берун мекунад, Толибон ҳамлаҳоро бештар карданд ва идораи даҳҳо ноҳияро дар ин кишвар аз дасти ҳукумат гирифтанд. Тоҷикистон, ки бо Афғонистон беш 1400 километр хатти марз дорад, неруҳояшро ба ҳолати омодабош даровардааст.

Толибон дар ду моҳи ахир ҷангҳоро бештар кардаанд ва чандин ноҳия дар марз бо Тоҷикистонро тасарруф намудаанд. Ин гуруҳ иддао дорад, ки дар чанд моҳи ахир 143 ноҳия ё вулусуволиро тасарруф кардаанд. Аммо Вазорати умури дохилии Афғонистон инро рад мекунад. Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи душворназорат дорад.