Як марди тоҷик додраси собиқеро, ки нисбат ба духтари ноболиғаш амалҳои бадахлоқона анҷом дода буд, баъд аз ҳудудан як соли талошу муборизаҳо барои дастёбӣ ба адолат, то зиндон бурд ва ҳоло ба зиндагии маъмулӣ баргаштааст.
Адолат замоне ҳаст, ки мубориза барӣ. Бе мубориза адолат вуҷуд нахоҳад дошт
М.К., ки ба далелҳои ахлоқӣ нахост, ному насабаш пурра зикр шавад, кирокашӣ (таксиронӣ) мекунад. Моҷаро ва гардише дар соли 2019 маҷбураш кард, як муддат кирокаширо канор гузорад ва манбаи даромадашро аз даст диҳад. Ӯ давоми як сол барои ба ҷавобгарӣ кашидани марде, ки дар содир кардани амалҳои бадахлоқона нисбат ба духтараш гумонбар буд, дар ба дари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва додгоҳ гашт. Ҳоло ӯ бо ёдоварии он рӯзҳо мегӯяд, муборизаҳояш бенатиҷа набуданд. Ҳарчанд кам касоне ба адолати додгоҳӣ бовар доштанд ва бисёриҳо мехостанд, ӯ аз ин роҳ баргардад. Зеро бо нафаре вориди баҳси додгоҳӣ шуда буд, ки таҷрибаи 30 соли кор дар додгоҳро дошт. Наздиконаш мегуфтанд, ки ҳатман додгоҳ ба манфиати гумонбар ҳукм содир хоҳад кард, чун ӯ дар ин низом шинос дорад. Аммо ӯ ноумед нашуд ва то расидан ба адолат талош кард.
Тобистони соли 2019 буд...
Моҷаро дар зиндагии М.К. тобистони соли 2019 - замоне оғоз шуд, ки фаҳмид, марди 60-солаи ҳамсояаш нисбати духтари ноболиғи ӯ “амалҳои бадахлоқона”-е раво дидааст. Ин воқеаро духтари 12-солаи М.К. нахуст ба ҳамсолонаш нақл кард. Баъди огоҳ шудан волидони духтар, онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Рӯдакӣ шикоят бурданд.
Ба нақли М. К., падари духтари ҷабрдида, ҳамсоя, ки пештар ба ҳайси додрас фаъолият мекард, ба духтари ноболиғи ӯ “аз роҳи тарсонидан ва таҳдид рафтори ношоистаи шаҳвонӣ карда, барои баровардани ҳисси худ кӯшиши наздикӣ ҷустанро кардааст”. Иттиҳоме, ки наздикони додраси пешин онро “пурра беасос” ва “тӯҳмат” арзёбӣ карданд.
Моҳи сентябри ҳамон сол Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баррасии парвандаи додраси пешинро оғоз кард, ки дар “ҳаракати бадахлоқонаи шаҳвонӣ” нисбат ба ноболиғи 12-сола гумонбар дониста мешуд. Додраси бознишаста аз рӯи моддаи 142, қисми 2, банди "г"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муҳокима мешуд. Ин модда аз 2 то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Аммо М.К., падари ноболиғи ҷабрдида аз ин розӣ набуд. Ӯ гуфт, дар ибтидо баробари шикояти ӯ ба мақомот, нисбат ба марди гумонбар бо моддаи 139 (“Ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ”), ки муҷозоти сангинтарро пешбинӣ мекунад, парванда боз шуда буд. Дертар додситонӣ онро ба моддаи сабуктар иваз кард. Дар шарҳи сабаби тағйир додани модда мақомот ба наздикони духтар гуфтаанд: “Амали таҷовуз нашудааст, фақат ҳолати шаҳвонии худро қонеъ кардааст”.
Ташхиси тиббӣ низ, ба қавли М.К., нишон додааст, ки ноболиғ мавриди таҷовуз қарор нагирифта, бокира аст. Вале ду манбаи огоҳ аз парванда гуфтанд, ин ки додраси собиқ ҳавасҳои шаҳвонии худро дар бадани ноболиғ қонеъ мекард ва ин ҳолатҳо дар ҷараёни таҳқиқи мақомоти додситонӣ тасдиқ ва бар асоси далелҳои бадастомада айб эълон шудааст.
Падари ноболиғ мегӯяд, ӯ аввал ба ин бовар буд, ки дар ҳар сурат барои содир кардани чунин ҷинояте ҳатман ҷазои сазовор татбиқ мешавад, вакили дифоъ нагирифт. Аммо вақте парванда тағйир ёфт, ӯ ба муҳокимаи одилонаи қазия шубҳа намуда, шеваи талошҳояш барои расидан ба адолатро тағйир дод. Ӯ ба ҳар ниҳод ва мақомоти салоҳиятноке, ки медонист, нома навишту шикоят бурд.
Номанависӣ барои ҳифзи номус
“5 мактуб ба унвони президент, раиси шаҳр, вазири корҳои дохилӣ ва Додситони кул фиристодем. Баъд аз ин парванда аз додгоҳ ба додистонӣ бозпас гардонида шуд. Тафтиш аз ҳамин ҷо сар шуд. Ман ба додситон ҳам гуфтам, ки мақсади ман фақат ҳақиқат ва адолат аст. Ман гуфтам, барои ман пеш аз ҳама номусам муҳим аст”,- - нақл мекунад М.К.
Ин мард гуфт, баъд аз ин муроҷиатҳо ва нашри моҷарояш дар расонаҳо ва ба кор сар кардани вакили дифоъ, тафтишот ранги дигар гирифт ва баррасии парванда аз рӯйи моддаи 139 (“Ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ”) оғоз шуд.
Расонаҳо навиштанд, додраси пешин, ки он замон дар дастдарозӣ ба ноболиғ гумонбар мешуд, таҷрибаи беш аз 30-солаи фаъолият дар мақомоти додгоҳиро дошта, дар вилоятҳои Хатлону Бадахшон, ноҳияҳои тобеи марказ кор карда, чанд соли пеш ба нафақа баромадааст. Падари духтар мегӯяд, онҳо бо додраси пешин 13 сол дар як баландошёнаи Душанбе дар ҳамсоягии ҳам зиндагӣ мекарданд. Наздикони додраси пешин моҳи сентябри соли 2019 дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буданд, ки падари хонадон “инсоне нест, ки нисбат ба касе амали бадеро раво бинад”. Аммо пайвандони ноболиғ гуфтанд, додраси пешин бо роҳи фиребу тарс додан духтари онҳоро ба худ ҷалб ва талоши бадрафторӣ кардааст.
Ба гуфтаи М.К., ҷарраёни муҳокимаву мурофиаҳои додгоҳӣ 10 моҳ тул кашид. Ин мард гуфт, дар он муддат муҳокимаи парванда чандин маротиба ба таъхир гузошта шуда, гоҳе ҳам он аз дасти як додрас ба додраси дигар мегузашт. Падари ҷабрдида гуфт, ӯ барои таъхир дар парванда ду бор ба Додгоҳи олӣ шикоят бурд. “Агар ягон одами камбағалу бекас мебуд, эҳтимол ин қазия дар давоми 45 рӯз ҳал ва ҳукмаш эълон мешуд. Аммо азбаски инҳо дӯсту рафиқу шинос зиёд доштанд, аз рӯйи ҳамин ба фикрам кор тул кашид. Ё шояд фикр карданд, ки ин ба обу рӯйи додрасҳо осеб мерасонад”, - нақл кард М.К.
Ниҳоят рӯзи 30 апрели соли 2020, пас аз чандин моҳи талошу муборизаҳои М. К. парванда ниҳоӣ шуд ва додраси пешин, ки дар дастдарозӣ ба духтари ӯ гумонбар мешуд, 17 сол зиндон шуд.
Падари духтари ноболиғ гуфт, дар ин муддат ӯ рӯҳан ранҷ мекашид ва аз ҷиҳати молӣ зиёни зиёде дид ва афзуд, бо талаби тафтишот ҳар бор аз забони духтари ноболиғаш шунидани бадрафтории марди ҳамсоя ҳам барои ӯ ва ҳам барои фарзандаш дардовар буд.
“Сахтиҳо ба асабам таъсир кард. Кор кардан натавонистам. Барои ору номус мубориза бурдам. Қарздор шудам. Дастам пеши кор намерафт. Агар як рӯз муфаттиш маро даъват мекард, он рӯз ман аз фикри кору зиндагӣ дур мешудам. Фикр мекардам, ки ман бояд чӣ кор кунам, чӣ бигӯям, кай ин ҳама ба охир мерасад. Ҳар шаб бояд дору мехурдам. Аз фикри зиёд хобам намебурд.”, -- нақл кард М.К.
Аммо пас аз пушти сар кардани ин ҳама кашмакашу баҳсҳои додгоҳӣ ва гоҳо ноумедиву ноадолатиҳо М.К. ба ин хулоса омадааст, ки дар миёни кормандони мақомот афроде ҳам кам нестанд, ки мушкили корафтодагонро дарк ва рисолати худро дуруст анҷом медиҳанд.
“Аз аввал то охир дар ин қазия афроде ҳам буданд, ки парвандаро ба таври ҷиддӣ нагирифтанду пора хурданд. Аммо инро ҳам фаҳмидам, ки дар мақомот одамони худотарсу бовиҷдону равшанфикр ҳам зиёданд. Афроде ҳастанд, ки дарди дигаронро мисли дарди худ қабул мекунанд.”, - гуфт М.К.
“Адолат замоне ҳаст, ки мубориза барӣ"
Дар ҷараёни тафтишоту баҳсҳои додгоҳӣ нафароне низ будаанд, ки бо ишора ба таҷриба ва нуфузи додраси пешин ба падари духтари ноболиғ машварат додаанду хостаанд, ӯро аз талошҳояш барои расидан ба адолат баргардонанд. Ба ӯ мегуфтанд, ки “бояд ба тақдир тан медод ва ё байни худ маслиҳат карда, ҳодисаро фош намекарданд”.
Аммо ба таъкиди падари ҷабрдида, дар ин мавзӯъ бояд ҳарчӣ бештар ошкортар суҳбат карда шавад. Ӯ мегӯяд, маҳз барои ҷилавгирӣ аз такрори чунин ҳодиса бо навраси дигаре ӯ аз роҳаш барнагашт. М. К. умед дорад, ки ин амали ӯ метавонад, дарсе барои дигарон бошад то дар чунин қазияҳо хомӯширо ихтиёр накунанд ва чизе онҳоро ноумеду дилсард насозад.
“Адолат замоне ҳаст, ки мубориза барӣ. Бе мубориза адолат вуҷуд нахоҳад дошт.”,- - бо итминон мегӯяд падари ҷабрдида.
Дар Тоҷикистон таҷовуз, озори ҷинсӣ ва дастдарозӣ ба номус, бахусус нисбати ноболиғон ҷинояти сангин ба шумор меравад ва барои ин амал аз 2 то 20 соли зиндон ва ё ҳукми абад пешбинӣ шудааст.
Мавридҳои таҷовуз ва озори ҷинсӣ нисбат ба духтарони ноболиғ дар Тоҷикистон кам ошкор мешавад, зеро ба гуфтаи ҷомеашиносон, қурбониёну наздикони онҳо метарсанд, ки дар ниҳоят на марди озордиҳанда, балки худи қурбонии ҷинояти ахлоқӣ мавриди сарзаниши ҷомеа қарор мегирад.
Моҳҳои ахир чанд ҳодисаи таҷовуз ба номуси хурдсолон дар Тоҷикистон расонаӣ шуд. Вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, дар шаш моҳи аввали соли 2020 16 ҷинояти таҷовуз ба номусро сабт кардаанд. Омори расмӣ дар бораи бадхлоқӣ нисбат ба кӯдакон дар Тоҷикистон дастрас нест. Вале қаблан мақомот гуфта буданд, ки дар ду соли ахир дар Тоҷикистон ҳудуди 30 мавриди таҷовуз ба номуси ноболиғон сабт шудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Барои шиносоии падари тифли духтари 13-сола дар Ҳисор дубора ташхиси ДНК карданд. ВИДЕОҲукми озодии марди муттаҳам ба бадрафторӣ бо духтари 12-соларо дар Ҳисор бекор кардаандМодари тоҷик озори ҷинсии писарашро ошкор кард. Шавҳар ӯро талоқ дод. ВИДЕОҲушдори падари тоҷик аз кӯдакозорӣ