Пуштибони сартарошидаҳо кист? Вокуниш ба боздошти муҳоҷири тоҷик дар Русия. ВИДЕО

Навори занозании муҳоҷири тоҷик бо скинҳедҳо дар Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Хабари боздошти Амиршоҳ Ҳусейнов, як ҷавони тоҷик, ки пас аз занозанӣ бо сартарошидаҳои рус дар Маскав дастгир шуд, баҳси зиёдеро миёни корбарони Радиои Озодӣ ба бор овард.

Ин моҷаро рӯзи 23-уми июн дар Маскав рӯх дод. Сафорати Тоҷикистон аз боздошти муҳоҷири тоҷик изҳори нигаронӣ кард ва аз мақомоти рус талаб кард, ки парвандаи ӯро озодона тафтиш кунанд.

Гурӯҳи зиёде аз корбарони вебсайти Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки зоҳиран миллатгароёну сартарошидаҳоро мақомоти интизомии Русия дастгирӣ мекунанд, ки онҳоро беҷазо гузошта ва муҳоҷири тоҷикро боздошт кардаанд. Корбаре дар ин бора дар вебсайти Радиои Озодӣ , ки худро “Ҳақиқат” муаррифӣ кардааст, чунин навиштааст: “Скинҳедҳо аз тарафи Путин ва тобеонаш дастгирӣ карда мешаванд. Ин бори аввал нест. Додситону додрасҳои Русия ноодилона ҷониби миллатгароёнро гирифта, муҳоҷирони корӣ ва намояндагони дигар миллатҳоро бо парвандаҳои сохта ҷазо медиҳанд. Аммо Руссия ва русҳо роҳе ба ҷуз аз эҳтироми ҳуқуқи дигар миллату аққалиятҳо дар таъмини рушди мамлакаташон надоранд.”

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Меравем ва боз мехоҳем, ки моро назананд"

Айни шарҳро корбаре бо номи Дарвеш дар вебсайти мо гузоштааст ва гуфтааст, ки сартарошидаҳое, ки қабл аз занозанӣ бо чанд ҷавони доғистонӣ ва тоҷик бо шиори “Русия барои русҳо” фарёд мекашиданд, абзори дасти ҳукумати Русия ҳастанд. Ӯ навиштааст: “Сартарошидаҳо як восита, ё дастаест, ки Русия бо ин олот муҳоҷиронро дар мувозинати хоҷа ва ғулом нигаҳ медорад. Албатта инҳо идорашаванда, фармонбардоранд ва ҳомиашон Кремл аст.”

Як корбари дигаре, ки худро дар вебсайти Радиои Озодӣ “Позор России” муаррифӣ кардааст, шиорпартоии сартарошидаҳои русро, ки ҳангоми ҷанҷол бо ҷавонон доғистонӣ ва тоҷик мегуфтанд, дар Русия бояд фақат русҳо зиндагӣ кунанд, аломате аз таназзули арзишҳо дар ҷомеи ин кишвар номидааст. Шарҳи ӯ чунин аст: “Ин як далели дигари таназзул дар ҷомеаи Русия ва сохторҳои интизомии он аст. Ҳангоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шумо ба шарофати чунин ҷавонон, мисли ин гастарбайтер бар фашизм пирӯз шудед ва ҳамчун миллат наҷот ёфтед. Бобои ӯ барои Маскав ва Русия, ё СССР ҷангида буд, ҳоло ӯ ноҳақ ва як бефаросати маскавӣ бо рамзҳои фашистӣ ҳақ будааст.”

Гурӯҳи дигаре гуфтаанд, ки дар воқеъ бояд сартарошидаҳои русро барои барангехтани адовати миллӣ дар Русия ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашиданд, на ҷавони тоҷикро, ки шояд фақат ба авбошӣ муттаҳам шавад.

Дар ин миён онҳое низ ҳастанд, ки гуфтаанд, дар Тоҷикистон низ ҳамингуна ҳодисаҳо низ вуҷуд дорад ва набояд бошад. Як корбаре, ки нахостааст, номашро бигӯяд, дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст, дар кишвар ба муҳоҷирони афғон рӯи хуш намедиҳанд ва аз дигарон интизор доранд, ки бо тоҷикон меҳрубон бошанд. Шарҳаш чунин аст: “Мо тоҷикон дар ватан бародарони тоҷики худро аз Афғонистон чашми дидан надорем ва ҳамаро аз Тоҷикистон бо ҳар баҳона берун кардем. Албатта русҳо чунин рафторро нисбат ба тоҷикон раво мебинанд.”

Шарҳҳои дигар, ки дар Инстаграму Фейсбук ва вебсайти Радиои Озодӣ гирифтем дар бораи решаҳои моҷаро аст ва он ҳам муҳоҷирати зиёди тоҷикон ба Русия, ки аксаран барои кор мераванд. Бо ин мазмун шарҳи яке аз корбаронро мехонем, ки худро дар вебсайти мо “Тоҷик” муаррифӣ кардааст: “Дар ватан кор эҷод бояд кард. Ба ғуломӣ меравем ва боз мехоҳем, ки моро назананд.”

Шумо чӣ мегӯед? Назари худро ба мо нависед.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Муҳоҷири тоҷике, ки бо скинҳедҳои рус ҷанг кард, ҳабс шудСафорати Тоҷикистон дар робита ба боздошти як муҳоҷир ба Русия нота супурдМуҳоҷири тоҷике, ки бо скинҳедҳои рус бархӯрд кард, боздошт шудааст