Дар шаҳри Тошканд марказҳои мубориза бо COVID-19 дубора боз шуданд

Як маркази муолиҷаи беморони COVID-19 дар Узбекистон

Дар робита ба бад шудани вазъи беҳдоштӣ дар шаҳри Тошканди Узбекистон марказҳои СOVID-19 дубора боз мешаванд.

Расонаҳои Узбекистон ахиран хабар доданд, ки Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев, раиси шаҳри Тошканд ба маркази СOVID-19 дар маҷмааи варзишии "Ёшлик" рафтааст. Чунин марказҳо дар ду маҷмаи варзишии дигари шаҳри Тошканд бунёд хоҳад шуд. Дар ин се марказ барои 2 ҳазор бемор кат гузошта шудааст.

Марказҳои СOVID-19 дар Узбекистон дар моҳҳои ноябр-декабри cоли гузашта дар робита ба камшавии теъдоди гирифторони вабои коронавирус баста шуданд.

Ҳафтаҳои ахир шумори гирифторон ба бемории ҳамагири СOVID-19 дар Узбекистон меафзояд. Мақомоти Узбекистон ҳафтаи гузашта гуфтанд, ки дар ин кишвар навъи хатарноктар ва зудпаҳншавандаи коронавирус "Делта" сабт шудааст. Дар робита ба ин, шуруъ аз 28-уми июн маҳдудиятҳои карантинӣ дар он кишвар сахттар шуд.