Ваксинзании муҳоҷирон дар Русия. Аз ҳисоби кӣ ва чӣ тавр ваксина мегиранд?

Муҳоҷирон дар Маскав дар интизори гирифтани ваксина ҳастанд.

Сироятӣ коронавирус дар Русия рӯ ба афзоиш дорад. Дар ин кишвар ҳамарӯза беш аз 20 ҳазор ҳолати нави гирифторӣ сабт мешавад. Маскав ба фарқ аз шаҳрҳои дигари Русия пешсаф аст.

Ба ин далел ҳам, дар ин шаҳр маҳдудиятҳои шадид роҳандозӣ шудааст. Бо таваҷҷӯҳ ба бад шудани вазъият масъалаи ҳатмӣ шудани ваксинзании саросарӣ пеш омадааст. 16-уми июн “Роспотребнадзор” – Идораи беҳдоштии Русия қарор кард, то 60 дар сади кормандони соҳаи савдову нақлиёт, маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ ва энергетика эм карда шаванд.

Аксари кормандони ин соҳаҳо муҳоҷиронанд. 18- уми июн раиси шаҳри Маскав, Сергей Собянин эълон кард, ки аз оғози моҳи июл муҳоҷирони кориро ваксинаи “Спутник Лайт” хоҳанд кард. Рӯзи 27-уми июн президенти Русия, Владимир Путин дастур дод, ки то 15 -уми июл ваксинзании саросарии муҳоҷирони корӣ роҳандозӣ ва манбаҳои маблағгузорӣ барои ин маърака муайян карда шавад.

Эмгузаронии муҳоҷирони корӣ дар Русия чӣ гуна ва бо пули кӣ ба роҳ монда шудааст ва оё худи муҳоҷирон розиянд, ки ваксина бигиранд?

Шароитҳои нобаробар

"Ваксинзании 60% кормандон тадбири оқилона аст, зеро COVID-19 бемории хатарнокест, ки ҳамоно то ба охир омӯхта нашудааст." – мегӯяд, Ренат Каримов, раиси Иттифоқи касабаи муҳоҷирони корӣ.

Ба суоли ин, ки оё то куҷо дастури эмгузаронии ҳатмӣ қонунӣ аст ва ё дар шароити пандемия ҳукумат роҳи дигаре ба ҷуз ин надорад, Валентина Митрофанова, ҳуқуқшинос ва узви Шӯрои тахассуси касбии идоракунии кадрҳои Шӯрои миллӣ дар назди президенти Русия гуфт, “Дар бораи қонун бояд ҳамеша новобаста аз вуҷуди пандемия сeҳбат кард. Аз сӯйи дигар, ҳоло барои ваксинзании муҳоҷирони корӣ шароит фароҳам нашудааст. Имкониятеро, ки масалан шаҳрвандони Русия доранд, мисли ба қайдгирӣ дар дармонгоҳу гирифтани ваксинаи ройгон, муҳоҷирон надоранд." – афзуд вай.

Ҳоло дар Русия танҳо шаҳрвандони хориҷие имкони ройгон гирифтани ваксинаро доранд, ки ҳаққи иқомати муваққатӣ (РВП) доранд. Ҳамчунин шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ки бимаи тиббӣ доранд, метавонанд дар Русия ваксинаи бепул бигиранд. Барои ин онҳо ҳамчунин бояд, шартномаи корӣ дошта бошанд.

Бино бар гуфтаи Ренат Каримов, раиси Иттифоқи касаба 3 - 4 моҳи ахир муҳоҷирони зиёде ба онҳо занг зада, ба суолҳои худ дар робита ба тартиби эмгузаронӣ посух мепурсанд. Ин муассиса ҳам бори аввал чанд моҳи пеш ба Ситоди зидди коронавирус тамос гирифта, масъалаи ваксинзании муҳоҷиронро дар миён гузошта буд.

Ӯ гуфт: "Мо ба онҳо фаҳмонидем, ки дар байни маскавиҳо як миллион шаҳрванд аз кишварҳои дигар кору зиндагӣ доранд ва дастури эмкунии як гурӯҳу ваксина накардани гурӯҳи дигар дуруст нест. Ваъда доданд, ки ба суолу пешниҳоди мо посух хоҳанд дод. Аммо ду моҳ гузашт, мавҷи нави беморӣ сар шуд, вале посухе нагирифтем. Мо дигарбора занг задем, боз ҳам ҷавобе наомад. Шояд ҳоло мақомот дарк намекунад, ки муҳоҷирон ҳам мисли дигар одамонанд. Онҳо дар ин ҷо зиндагӣ ва бо садҳо нафар кор мекунанд. Бояд эм карда шаванд. Акнун дастур шуд, ки моҳи июл онҳоро эм кунанд, аммо ҳанӯз ҳам ин фақат ҳарфи холӣ аст ва ягон коре карда нашудааст.”

Красногорск, вилояти Маскав рӯзи 17-уми май. Муҳоҷирон дар назди Маркази муҳоҷират

Чӣ тавр муҳоҷир бояд эм кунад?

Муҳоҷирон мегӯянд, агарчӣ васинзании онҳо дар моҳи июл дар назар гирифта шудааст, аммо аксари корфармоён аз ҳоло аз онҳо талаб мекунанд, ки ваксина бигиранд. Як муҳоҷирзане, ки дар ошхонае кор мекунад, ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ҳоло дар ҷойи кори ӯ масъалаи аз ҳисоби кӣ эм шудани муҳоҷирон мавриди баҳс қарор дорад. “Гуфтанд, ки ҳақ надоранд барои нагирифтани ваксина моро аз кор хориҷ кунанд. Аммо метавонанд дар пардохти маош мушкил эҷод кунанд.” Ҳоло ин зани муҳоҷир намедонад, ки кай ва дар куҷо онҳоро эм мекунанд. Худи ӯ комилан зидди гирифтани ваксина аст ва мегӯяд, ба ваксина бовар надорад ва аслан худаш ҳам кам бемор мешавад.

Муҳоҷири дигар мегӯяд, дар коргоҳи ӯ аллакай эмгузаронии 60 дар сади кормандон новобаста аз ин, ки шаҳрванди кадом кишваранд шурӯъ шудааст. Ӯ дар корхонаи тавлиди маҳсулоти ширӣ кор мекунад. “Эмгузаронӣ аслан ихтиёрӣ аст, аммо ин як талаби давлат аз ширкат аст. Хоҳӣ ваксина бигир, нахоҳӣ не, аммо барои ҳозир шудан ба ҷойи кор ҳатман бояд ваксина бигирӣ.” Ин муҳоҷир мегӯяд, худи ӯ ҷонибдори гирифтани ваксина аст. Зеро аксар дӯстонаш сироят ёфта, ба бемористон афтидаанд.”-- афзуд муҳоҷири корӣ.

Муҳоҷирзане дар зери як матлаб дар бораи ваксина чунин навиштааст: “Имрӯз ба як нуқтаи эмгузаронӣ рафтам. Онҷо маро ваксина накарданд. Танҳо бо шиносномаи Русия ва ё санади тиббӣ эм мекардаанд. Ба суоли ин, ки куҷо бояд муроҷиат кунам, посухи дақиқе нагирифтам. Ҳоло ҷое ҷустуҷӯ дорам, ки муҳоҷир тавонад ваксина бигирад. Дар ҷойи корам то 10-уми июл мӯҳлат додаанд. Аввал фармон шуд, ки касе ваксина намегирад, хориҷ карда шавад. Аммо дирӯз боз фармон ислоҳ шуд. Акнун мегӯянд, онҳое, ки эм нагирифтаанд як муддат ба кор роҳ дода намешаванд.”

Ба ҳомии ҳуқуқи тоҷик дар Русия, Каримҷон Ёров ҳам муҳоҷирон муроҷиат кардаву аз он шиоят намудаанд, ки аз онҳо талаб шудааст, ваксина кунанд, вагарна аз ҷойи кор маҳрум мешаванд. Як корманди фурӯшгоҳи “Ашан”, ки муҳоҷири тоҷик аст, ба ҳуқуқшинос гуфтааст, ҳамкорони ӯро ҳанӯз то дастури шаҳрдори Маскав, ройгон ваксинаи “Спутник” кардаанд.

Муҳоҷире дар Маркази муҳоҷират дар Красногорски вилояти Маскав

Марсел Салахунов, раҳбари кулли ширкати "Табарман", ки бо муҳоҷирони қирғиз дар Русия кор мебарад, мегӯяд, рӯзҳои ахир ба онҳо муҳоҷирони зиёде барои гирифтани бимаи тиббӣ (ОМС) муроҷиат мекунанд. Ширкат чунин санадро ройгон пешниҳод мекунад. "Сабаби аслӣ, ваксинагузаронӣ аст. Аз ҳама дар ҷойи кор талаб мешавад, ки эм кунанд. Дастури шаҳрдори Маскав ба ин сабаб шудааст. Агар то миёнаҳои июн ҳамкорони мо ба муштариён хизматрасониҳои дигар пешниҳод мекарданд, ҳоло 90 дар сади муштариёни мо онҳое ҳастанд, ки мехоҳанд санади “ОМС” бигиранд, то ваксина карда шаванд."--меафзояд, Салахунов.

Ба гуфтаи Марсел Салахунов, муҳоҷирон ҳоло ба ду гурӯҳ ҷудо шудаанд. Гурӯҳи зидди эмгузаронӣ ва гурӯҳе, ки дар ҷустуҷӯи ваксина аст. "Вале ҳоло онҳо интихоб надоранд. Дастури ҳукумати шаҳри Маскав аст ва маҷбуранд ваксина бигиранд. Ман шахсан ҷонибдори эмгузаронӣ ҳастам. Вазъият ҳаминро талаб мекунад. Барои бозгашт ба зиндагии маъмулӣ мо бояд масъунияти умумӣ пайдо кунем. Дар Қирғизистон, камбуди ваксина аст, бинобарин муҳоҷирони мо дар Русия ба фарқ аз кишвари худ имконияти беҳтар доранд."--мегӯяд, тоҷири қирғизистонӣ.

Муҳоҷирон ҳам, чун дигар шаҳрвандони Русия оид ба зарурати эмгузаронӣ назарҳои мухталиф доранд. Бархе ҳанӯз то қарори Роспотребнадзор дар фикри гирифтани ваксина буданд, гурӯҳи дигарро талаби ваксина дар коргоҳҳо нигарон кардааст.

Ҳуқуқшинос, Каримҷон Ёров мегӯяд, аксари муҳоҷирон эм кардан намехоҳанд. Ба гуфтаи ӯ, нобоварӣ ба ваксина пас аз шунидани сару садоҳо дар бораи сироятёбии афроди эмгирифта зиёд шудааст. "Мардум бовар надоранд, ки ваксина метавонад кӯмак кунад. Ва боз агар ин иқдом бо пули худи муҳоҷир ба роҳ монда шаванд, аксарият онро як харҷи беҳуда медонанд. Ҳоло ба далели баста будани роҳу гарон будани нархи билет як муҳоҷир оилаи калонро таъмин мекунад ва табиист, ки намехоҳад барои ваксина пул сарф кунад.”,--гуфт ӯ.

Аммо Ренат Каримов, баръакс, бар ин бовар аст, ки муҳоҷирон нисбат ба шаҳрвандони Русия моил ба гирифтани ваксина ҳастанд. Вай мегӯяд, "русҳо асосан аз сабаби нобоварӣ ба ҳукумат ва набуди шаффофият дар маъракаи эмкунӣ зидди ваксинаи Sputnik ҳастанд. Аммо дар қиёс, эътимоди муҳоҷирон ба ваксина бештар аст.”

Дар ҳар сурат ба таъкиди Ренат Каримов ҳоло мавзӯи муҳиму асли ин аст, ки маъракаи эмгузаронии муҳоҷирон чӣ гуна ба роҳ монда мешавад. "Агар ба шаҳрвандони хориҷӣ бигӯянд, ки шумо метавонад ба яке аз сад нуқтаи ваксингузаронӣ дар шаҳр рафта эм бигиред, онҳо мераванду ваксина мегиранд. Аммо агар боз ҳам ба онҳо бигӯянд, ки ҳама ба маркази “Сахарово” ва ё ду - се нуқтаи шаҳр биравед, пас навбатпоиву ҷамъшавии издиҳоми одамон шурӯъ мешавад. Беҳтар аст чунин маърака ба роҳ монда нашавад. Зеро дар якуним моҳи ахир мо дидем, ки дар навбатпоиҳои тӯлонӣ барои дуруст кардани санади будубош, чӣ қадар одамон сироят ёфтанд.”

Маркази муҳоҷирати Путилково дар Красногорски Маскав

Як сабаби нобоварӣ ва дудилагии муҳоҷирон ба онҳо пешниҳод шудани ваксинаи "Спутник Лайт" аст. Дар ҳоле, ки ба шаҳрвандони Русия навъҳои дигари ваксина пешниҳод шудааст. Аммо Ренат Каримов мегӯяд, русиягиҳо ҳам метавонанд ин ваксинаро интихоб кунанд.

"Спутник Лайт" аз он ҷиҳат хуб аст, ки зарур нест онро ду маротиба бигирӣ. Агар ба ҳарфи ҳукуматдорон бовар кунем, самаранокии “Спутник” 95 % ва аз "Спутник Лайт" – 80% аст. Дар шароите, ки бемории КОВИД-19 ҳанӯз норӯшаниҳои зиёд дорад, набояд чунин фикр кард, ки мақомот нисбат ба муҳоҷирон муносибати бадбинона доранд ва аз ин рӯ ба онҳо ваксинаи дигар пешниҳод мекунад” - меафзояд Ренат Каримов.

Аммо Валентина Митрофанова, коршинос оид ба ҳуқуқи меҳнатӣ, маҷбурсозии муҳоҷирон барои гирифтани як навъи ваксинаро табъиз нисбати онҳо меномад. “Муҳоҷирон бо сокинони дигари Русия дар як вазъияти беҳдоштӣ қарор доранд ва бояд барои пешгирӣ аз ин вирус имкониятҳои баробар дошта бошанд. Бинобарин ба фикри ман муҳоҷироне, ки дар ҳудуди Русия кор мекунанд, бояд ба тамоми ваксинаҳое, ки дар ин кишвар ба қайд гирифта шудаанд, дастрасӣ дошта бошанд.”--гуфт ӯ.​

Кӣ пули ваксинаи муҳоҷиронро медиҳад?

Ҳоло маълум нест, ки муҳоҷирон бо пули кӣ ваксина карда мешаванд. Ринат Каримов, масъули Иттифоқи касабаи муҳоҷирони корӣ мегӯяд: “Мо умед дорем, ки ҳукумати Маскав бо пули худ муҳоҷиронро ваксина мекунад. Муҳоҷирон дар рушди иқтисоди пойтахт саҳми зиёде доранд. Худи шаҳрдори Маскав ҳам инро эътироф мекунад ва қаблан вай гуфта буд “фурӯши патент барои муҳоҷирон ба буҷаи шаҳр бештар аз ширкатҳои нафтрасон даромад меорад.”​

Ба таъкиди Каримов, нархи ваксинаи"Спутник Лайт" набояд аз $10 ё 700 рубл бештар бошад. Барои мисол, аз муҳоҷирон талаб мекунанд ва онҳо 700 рубл пардохт менамоянд. Вале аз муҳоҷир гирифтани пул барои ин кори дуруст нест. Ин ба манфиати давлати Русия аст, ки қирғизҳо, узбекҳо ва тоҷикҳо бо таассуроти хуб ба ватан баргарданд ва бигӯянд, ки Русия кишвари меҳрубон ва меҳмоннавоз асту бо муҳоҷирон муносибати хуб дорад. Ин усули дипломатияи мардумӣ мебошанд. 700 рубл пуле нест, ки аз муҳоҷир талаб шавад. Боз махсусан вақте Русия бо кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ ҳамсоядорӣ мекунад.”--таъкид меунад, Ренат Каримов.​

Валентина Митрофанова мегӯяд, ҳоло онҳо сари дастури эмгузаронии муҳоҷирон кор хоҳанд бурд. Ба гуфтаи ӯ, бархе аз ширкатҳо ҳама корро расман ва тибқи қонун ба роҳ мемонанду хароҷоти кормандро пурра ба ӯҳда мегиранд. Аммо ширкатҳое ҳастанд, ки қисме аз хароҷотро ба ӯҳдаи худи муҳоҷирон вогузор мекунанд. Чунин ширкатҳо ҳам ба бовари Валентина Митрофанова ҳоло дар назди муҳоҷирон шарт мегузоранд, ки “ё аз ҳисоби худатон ваксина мегиред ва ё аз баҳри кор мегузаред.”​

Санадҳои қалбакӣ

Ба андешаи Каримҷон Ёров, онҳое, ки комилан зидди эмузаронӣ ҳастанд, ё ҷойи корро иваз мекунанд ва ё ба ҷое мераванд, ки аз онҳо ваксина талаб намешавад. Ё онҳо акнун маълумотномаҳои қалбакӣ дар бораи гирифтани ваксинаро мехаранд. Каримҷон Ёров, меафзояд: “Ба ман нақл карданд, ки дар бригадаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ аллакай шаҳодатномаҳои омода овардаанд, ки бо нархи 2000 рубл фурӯхта мешаванд. Аз онҳое, ки омодаанд ин шаҳодатномаро бихаранд маълумот мепурсанд ва онро ба маҳзани маълумотҳо ворид мекунанд. Ин ба мисли тартиби ба қайдгирии муҳоҷирон мешавад. Яъне ҳар ҷое санаду маълумотномае лозим аст, ҳатман шакли қалбакии он ҳам пайдо машавад.”

Вале Марсел Салахунов истифода аз ин шеваро барои муҳоҷирон ҷиддан хатарнок мешуморад. Вай мегӯяд: “Албатта чунин имконият ҳам вуҷуд дорад, аммо назорат аз ҷониби ҳукумат сахт аст ва бинобарин мо машварат медиҳем, ки шаҳрвандон эм бигиранд ва маълумотномаи воқеӣ ба даст оранд.”

Валентина Митрофанова ҳам бар ин аст, ки дар вазъияте, ки аз муҳоҷирон талаби сахти гирифтани ваксинаро мекунанд, эҳтимол дорад, қонуншиканиҳо ҳам зиёд шавад. "Ҳам ваксинаҳо ва ҳам шаҳодатномаҳо қалбакӣ мешаванд. Дар чунин шароите, ки корфармо ва коргарон қарор гирифтаанд, ин ногузир аст"--мегӯяд, Митрофанова.

Муҳоҷирон дар дохили автобус дар назди як маркази муҳоҷират

Пулиси Маскав аз миёнаҳои моҳи июн шикори таҳиягарони маълумотномаҳои қалбакӣ ва шаҳодатнома барои ваксинаро шурӯъ кардааст. Бино ба иттилои хадамоти матбуотии Раёсати корҳои дохила дар Маскав, рӯзи 18-уми июн 24 парвандае боз шудааст, ки 23 тои он бо моддаи 327-и Кодекси ҷинои "Сохтакорӣ, истеҳсол ё гардиши ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, мукофотҳои давлатӣ ва мӯҳрҳо ё бланкҳо" марбут аст.​

Мақомот ва корфармоён чӣ кор мекунанд?

Талаби ваксинзании 60 дар сади кормандон нигаронии корфармоёнро ба бор овардааст. Ба гуфтаи Валентина Митрофанова, сар аз соли гузашта, бе ин ҳам дар соҳаи хизматрасонӣ вазъият чандон хуб нест, ҳамакнун талаботи нав мушкилу маҳдудидятҳоро дар кори ширкатҳо бештар мекунад. “Корфармо дар иҷрои дастури ҳукумат интихоби зиёд надорад. Ё бояд бо таҳдиди хориҷ кардан аз кор ва ё аз мукофотпулӣ маҳрум кардан одамонро ба гирифтани ваксина маҷбур мекунад. Ё ба таври сохта ҳисобот медиҳад, ки 60% коргарон эм карда шудаанд. Тарси корфармоёнро ҳам фаҳмидан мумкин аст. Онҳо аз хатари баста шудани тиҷораташон дар сурати иҷро накардани дастури ҳукумат дар ҳаросанд.”,--гуфт ӯ.

Митрофанова итминон дорад, ки ҳамагуна ваксина бояд аз ҳисоби давлат ва фонди суғуртаи иҷтимоӣ таъмин карда шавад. Аз ҳисоби муҳоҷир ва ё худи ширкат ташкил кардани маъракаи эмгузаронӣ ба гуфтаи коршинос, кори дуруст нест. "Аз соли гузашта корфармоён боз ба муносибатҳои “сиёҳ”-и корӣ рӯ овардаанд, аз ҷумла, бо муҳоҷиронӣ корӣ ҳам. Ҳарчанд барои ин ҷаримаҳои ҳангуфт пешбинӣ шудааст. Аммо нигоҳдории корманди расмӣ, аз ҷумла муҳоҷири корӣ, аксар вақт барои корфармо манфиатовар нест. Аз ин рӯ, агар ӯҳдадорӣ барои харидани ваксина ба души худи муҳоҷирон гузошта шавад харидуфурӯши шаҳодатномаи қалбакӣ зиёд мешавад. Зеро гирифтани чунин санад барои муҳоҷирон арзонтар хоҳад буд."

23-уми июн, ширкати "Яндекс" эълон кард, ки дар марказҳои худ, дар Маскав нуқтаҳои эмгузарониро барои ронандагону дастраскунандагон таъсис хоҳад дод. Эмкунӣ ройгон хоҳад буд ва барои коргарон аз ваксинаи "Спутник V" истифода мебаранд. Ба суоли хабарнигорон дар бораи ин, ки оё барои шаҳрвандони хориҷӣ ҳам ваксина ройгон мешавад, дар ширкати "Яндекс" посух надодаанд.

Масъулини ширкати дастраскунандаи "Delivery Club" дар робита ба тартиби ваксингузаронии 60 дар сади кормандон гуфт: "Мо кормандонро аз рӯзи аввал огоҳ кардем, ки вобаста ба имконият бояд ваксина гиранд. Ҳоло мо маъракаи иттилоотӣ оид ба ваксинузарониро ҷоннок кардем ва дар бораи коргароне, ки ваксина гирифтаанд, маълумот ҷамъ дорем.” Ба суоли ин, ки оё шаҳрвандони ғайрирус аз ҳисоби кӣ ваксина мегиранд, ширкати "Delivery Club" чунин посух додааст: "Ин масъала дар баррасӣ аст."

Каримҷон Ёров, ҳуқуқшиноси тоҷик дар Маскав мегӯяд, дар атрофи ваксина сару садоҳо хеле зиёд аст. “Мушкил ин аст, ки муҳоҷирон метавонанд на ба муттахассисон, балки ба кадом як одами дур аз ин соҳа бовар кунанд. Бинобарин барои онҳо бояд дар бораи ваксина “одамони худӣ” дипломатҳо, духтурон аз кишварҳояшон маълумот диҳанд.”

Ренат Каримов, ҳам бар ин бовар аст, ки маърааи эмгузаронии муҳоҷирон бояд фаъолтар ва маълумот дар ин бора дастрастар бошад. “Он бояд ба таври васеъ таблиғ карда шавад, то Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсат оид ба муҳоҷират тавассути телевизион намоиш диҳанд, консулгариҳо дар ин самт кор баранд. Шабакаҳо хеле зиёданд, аммо то ҳол ягонтои он ба ин кор ҷалб нашудааст."-- хулоса мекунад, раиси Иттифоқи касабаи муҳоҷирони корӣ.