Cафорати Тоҷикистон дар робита ба боздошти Амиршоҳ Ҳусейнов, муҳоҷири 21-солаи тоҷик, ки аз ҷониби гурӯҳи скинҳедҳо ё миллатгароҳои рус дар Маскав латукӯб шуда буд, ба Вазорати корҳои хориҷии Русия нота фиристодааст.
Наздикон ва мақомоти тоҷик Амиршоҳро ҷабрдида медонанд, вале мақомоти Русия ӯро бо гумони “авбошӣ” боздошт кардаанд.
Имомиддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз мақомоти рус тафтиши беғаразонаи ҳодисаро хостаанд. “Бо фиристодани нота бовар дорам, ки Вазорати корҳои хориҷии Русия супориш медиҳад, ки ин ҳодиса холисона тафтиш шавад.”,-- гуфт ӯ.
Ба гуфтаи шоҳидон, шоми 23-уми июн як гурӯҳи скинҳедҳо ё миллатгароҳои рус дар кӯчаи Толбухини шаҳри Маскав бо шиори "Россия для русских, Москва для москвичей!" (“Русия барои русҳост, Маскав барои маскавиҳост!”) раҳпаймоии ғайриқонунӣ ташкил кардаанд, ки дар натиҷа бо як гурӯҳ шаҳрвандони Доғистон ва шаҳрванди Тоҷикистон вориди занозанӣ шуданд.
Пулис ҳангоми боздошти ин афрод шаҳрванди Тоҷикистон, Амиршоҳ Ҳусейновро низ боздошт кардааст. Ҳарчанд миллатгароҳо аз боздошт раҳо шудаанд, вале ин шаҳрванди Тоҷикистон дар боздошт мондааст. Рӯзи 28-уми июн мурофиаи нахустини ин шаҳрванди Тоҷикистон бо дархости адвокати ӯ ба таъхир гузошта шуд.
Имомиддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия рӯзи 28-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони сафорат ва консулгарӣ ин қазияро таҳти назорат доранд ва барои ҳимояи ҳуқуқӣ Амиршоҳ Ҳусейнов вакили мудофеъ даъват кардаанд.
Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи инсон дар гурӯҳи фейсбукии "Мы, мигранты" навишт, ки 23-уми июн як гурӯҳи скинҳедҳо дар кӯчаи Толбухини шаҳри Маскав дар кӯча бо шиори "Россия для русских, Москва для москвичей!" (“Русия барои русҳост, Маскав барои маскавиҳост!”) раҳпаймоии ғайриқонунӣ ташкил карда буданд.
Ба гуфтаи ӯ, шиорҳои миллатгароёнаи онҳо ба як гурӯҳи зодагони Доғистон ва Амиршоҳ Ҳусейнов хуш наомад ва онҳо бо скинҳедҳо вориди баҳс шуданд. Лидери скинҳедҳо шарт гузоштааст, ки як нафар аз тарафи муқобил барояд ва бо ӯ ҷанги тан ба тан кунад. “Аз он тараф як ҷавон баромад ва лидери скинҳедҳоро хеле зуд ва ба осонӣ чунон кӯфту ба замин зад, ки ӯ бо дастонаш чанд бор ба замин зада, тараҳҳум хост. Вале скинҳедҳо аз алами шикасти миёншикани лидерашон ба хашм омада, ҳамакаса, аз ҷумла бо таҳдид аз туфангчаи травматикӣ ба ҳамла гузаштанд.”,--навиштааст, ин ҳомии ҳуқуқ.
Пулис ба ҷои ҳодиса омада, ҳамаро дастгир карданд. Вале бино ба иттилои Валентина Чупик, баъди чанде ҳамаи скинҳедҳоро озод карданд ва танҳо Амиршоҳ Ҳусейновро пушти панҷара бурданд. Эҳтимол дорад, алайҳи Амиршоҳ Ҳусейнов бо моддаи 213-и Кодекси ҷиноии Русия, яъне "авбошӣ" айб эълон кунанд. Иттиҳоме, ки дар сафорати Тоҷикистон онро ноодилона медонанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Муҳоҷири тоҷике, ки бо скинҳедҳои рус бархӯрд кард, боздошт шудааст