Муҳоҷири тоҷике, ки бо скинҳедҳои рус бархӯрд кард, боздошт шудааст

Як гурӯҳи скинҳедҳо дар боздоштгоҳе дар Маскав

Маcъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, ки раванди тафтиши қазияи Амиршоҳ Ҳусейнови 21-соларо, ки аз ҷониби гурӯҳи скинҳедҳо ё миллатгароҳои рус дар Маскав латукӯб шуда буд, таҳти назорат доранд.

Наздикон ва мақомоти тоҷик ӯро ҷабрдида медонанд, вале мақомоти Русия ӯро бо гумони “авбошӣ” боздошт кардаанд.

Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, дар робита ба ин ҳодиса ба Вазорати корҳои хориҷии Русия нота хоҳад фиристод.

Ба гуфтаи шоҳидон, шоми 23-уми июн як гурӯҳи скинҳедҳо ё фашистҳо дар кӯчаи Толбухини шаҳри Маскав бо шиори "Россия для русских, Москва для москвичей!" (“Русия барои русҳост, Маскав барои маскавиҳост!”) раҳпаймоии ғайриқонунӣ ташкил кардаанд, ки дар натиҷа бо як гурӯҳ шаҳрвандони Доғистон ва шаҳрванди Тоҷикистон вориди занозанӣ шуданд.

Пулис ҳангоми боздошти ин афрод шаҳрванди Тоҷикистон, Амиршоҳ Ҳусейновро низ боздошт кардааст.

Имомиддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия рӯзи 28-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони сафорат ва консулгарӣ ин қазияро таҳти назорат доранд ва барои ҳимояи ҳуқуқӣ Амиршоҳ Ҳусейнов вакили мудофеъ даъват кардаанд.

Наздикони Амиршоҳ 28-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, имрӯз нахустин мурофиаи ин қазия аст ва ба консулгарии Тоҷикистон барои кӯмак муроҷиат кардаанд.

Имомиддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон гуфт, бо Комиссияи тафтишотии Русия ин масъаларо баррасӣ кардаанд ва имрӯз намояндаи сафорат дар мурофиа ширкат хоҳад кард ва ба шаҳрванди Тоҷикистон кӯмаки ҳамаҷониба расонида хоҳад шуд.

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи инсон дар гурӯҳи фейсбукии "Мы, мигранты" навишт, ки 23-уми июн як гурӯҳи скинҳедҳо дар кӯчаи Толбухини шаҳри Маскав дар кӯча бо шиори "Россия для русских, Москва для москвичей!" (“Русия барои русҳост, Маскав барои маскавиҳост!”) раҳпаймоии ғайриқонунӣ ташкил карда буданд.

Ба гуфтаи ӯ, шиорҳои миллатгароёнаи онҳо ба як гурӯҳи зодагони Доғистон ва Амиршоҳ Ҳусейнов хуш наомад ва онҳо бо скинҳедҳо вориди баҳс шуданд. Лидери скинҳедҳо шарт гузоштааст, ки як нафар аз тарафи муқобил барояд ва бо ӯ ҷанги тан ба тан кунад. “Аз он тараф як ҷавон баромад ва лидери скинҳедҳоро хеле зуд ва ба осонӣ чунон кӯфту ба замин зад, ки ӯ бо дастонаш чанд бор ба замин зада, тараҳҳум хост. Вале скинҳедҳо аз алами шикасти миёншикани лидерашон ба хашм омада, ҳамакаса, аз ҷумла бо таҳдид аз туфангчаи травматикӣ ба ҳамла гузаштанд.”,--навиштааст, ин ҳомии ҳуқуқ.

Пулис ба ҷои ҳодиса омада, ҳамаро дастгир карданд. Вале бино ба иттилои Валентина Чупик, баъди чанде ҳамаи скинҳедҳоро озод карданд ва танҳо Амиршоҳ Ҳусейновро пушти панҷара бурданд. Гуфта мешавад имкон дорад, алайҳи Амиршоҳ Ҳусейнов бо моддаи 213-и Кодекси ҷиноии Русия, яъне "авбошӣ" айб эълон кунанд.