Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон бегоҳи имрӯз, 28-уми июн бо сафари расмӣ вориди Душанбе-пойтахти Тоҷикистон мешавад. Нахустин сафари Ҷабборов ба ҳайси раиси ҷумҳур ба Тоҷикистон дар шароите сурат мегирад, ки муносибати Душанбе ва Бишкек сард шудааст.
Ҷениш Рустенбеков, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон рӯзи 28-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, Содир Ҷабборов бегоҳи имрӯз ба Душанбе мерасад ва фардо мулоқоту дидорҳояшро анҷом медиҳад.
Мақомоти Тоҷикистон ҷузъиёти пешвозгирӣ ва барномаи сафари Ҷабборовро расонаӣ накардаанд. Талошҳои хабарнигорони Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи бештар аз мақомоти тоҷик ва ҳам Сафорати Қирғизистон дар Душанбе то ин дам бенатиҷа буд.
Рӯҳияи сафари расмии ӯро ин ҷузъиёт муайян мекунад, ки ӯро кӣ дар фурудгоҳ пешвоз мегирад ва барномаи сафараш ба ғайр аз дидор бо ҳамтояи тоҷикаш чиҳоро фаро хоҳад гирифт.
Аз ин пеш Ҷабборов ба Туркманистон сафар карда буд. Ба гузориши расонаҳо, дар Туркманистон Ҷабборовро вазири энережии ин кишвар пешвоз гирифта, дар тӯли тамоми рӯзи аввали сафараш ба Ишқобод, Ҷабборов танҳо буд ва ҳамтои туркманаш Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов танҳо дар рӯзи дувум бо ӯ дидор кард. Коршиносон сафари Ҷабборовро ба Ишқобод ба таври умум нимасард унвон карданд.
Дар чунин пасманзар пешвозгирӣ ва барномаи "гармтар"-е барои раҳбари Қирғизистон дар Тоҷикистон метавонад ба гуфтушунидҳои ҳатман душвори ду роҳбар дар Душанбе комёбии бештар оварад. Он ҳам дар ҳоле ки сафари Ҷабборов ба Тоҷикистон дар расонаҳои Қирғизистон ва шабакаҳои иҷтимоӣ интиқод шуда, бархе аз корбарон ҳадс задаанд, ки он рейтинги Ҷабборовро поин хоҳад овард.
Тибқи иттилои дарёфтӣ, Содир Ҷабборов соати 16 ба Душанбе мерасад. Дар назар аст, ки фардо соати 9 роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон дар Қасри миллат мулоқот анҷом диҳанд.
Дар фурудгоҳ ва хиёбонҳои Душанбе омодагии ҷиддие барои пешвози Содир Ҷабборов дида намешавад. Танҳо чанд парчам дар назди бинои Порлумон, нишонае аз омадани мақоми баландпояи Қирғизистон ба Душанбе мебошад.
Бархе манобеи огоҳ гуфтанд, масъалаи марз яке аз мавзуъҳои асосии гуфтугӯи фардои Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов хоҳад буд.
Коршиносон бо ишора ба сард шудани равобити Душанбе ва Бишкек мегӯянд, сафари раиси ҷумҳури Қирғизистон муҳим аст.
Ба гуфтаи Абдумалик Қодиров, таҳлилгари масоили сиёсӣ, аҳамияти асосии сафари Ҷабборов дар он аст, ки нишон медиҳад яхи муносибатҳои байни Душанбе ва Бишкек "об шудан дорад".
“Чун то лаҳзае, ки мо дарро ба рӯи ҳамдигар кушода, гуфтугӯ накунем, мушкилот ҳал намешавад. Баъд аз ҳодисаҳои охири моҳи апрел, ҷониби Қирғизистон яктарафа марзҳояшро ба рӯий Тоҷикистон баст ва дар фазои иттилотии Қирғизистон аз Тоҷикистон агрессор ва “деви барзангӣ” сохта буданд. Ҳамин обрзаи манфие, ки барои ҳамдигар сохта буданд, ин бояд аз байн равад,"-афзуд коршинос.
Абдумалик Қодиров ҳамчунин мегӯяд, интизорӣ аз сафари Ҷабборов ба Душанбе ин ҳаст, ки ҳадди ақал марзҳо боз шуда, равуои шаҳрвандони ду кишвар аз нав оғоз мешавад.
Сафари нахустини Содир Ҷабборов қарор буд дар нимаи аввали моҳи май сурат гирад. Вале баъди муноқишаи хунин дар охири моҳи апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ин сафар ба таъхир афтод. Бишкек ба дунболи ин муноқиша, ки дар он аз ҳарду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд, марзҳои худро ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баст.