"Дар ҳалқаи дарё, вале ташналабем"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар аксар деҳоти камоби Тоҷикистон як нафар дар хонавода вазифаи обрасониро иҷро мекунанд.
Аксаран обрасонӣ бар души кӯдакон аст.
Изатулло Абдураҳмонов, сокини шаҳраки Фархор, ки аксаран масъулияти обрасонӣ ба хонаашро бар дӯш дорад, ҳар ҳафта ба қабули раиси ин ноҳия меравад, то ин вазифаро аз души худу садҳо кӯдакони маҳаллаш кам кунад.