Ҷанг ва сулҳи Тоҷикистон ба ривояти аксҳо. АКС

Соле пеш аз пошхӯрии Шӯравӣ дар Душанбе мардум барои талаби ҳаққи худ эътироз карданд. Эътирозгаронро саркуб карданд ва ин ҳодиса бо номи "Баҳманмоҳи хунин" ёд мешавад.

Гирдиҳамоӣ дар Душанбе дар соли 1990 қабл аз фурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР)

Соли 1991 бо вуҷуди талошҳои ҳифзи СССР он пош хурд. Тоҷикистон узви ин иттиҳод буд, ки давлати мустақил эълон шуд.

Эътирози сокинон дар моҳи июли соли 1991, ду моҳ пеш аз эълони истиқлоли Тоҷикистон

Пайкараи бузурги Ленинро дар Душанбе хароб карданд

Дар Душанбе ду майдони муқобили ҳам ташкил ёфт. Гирдиҳамоӣ дар ду майдон соли 1992 ба ҷанги мусаллаҳона табдил шуд

Афроди мусаллаҳ дар вилояти Хатлон

Ҷанги шаҳрвандӣ бештар дар вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт миёни ду гурӯҳ сурат гирифт

Аксе аз замони ҷанги шаҳрвандӣ , ки даҳшатҳои он ҳамонро бозгӯ мекунад (солҳои  1992-1997)

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1992, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат овард

Сарбози захмии Горди президентӣ. Қӯрғонтеппа, 11 августи соли 1997

Роҳҳо баста буданд ва сокинон аз гуруснагӣ ва дастрасӣ ба маводи ғизоӣ ранҷ мекашиданд.

Созмонҳои имдодрасон ба мардуми ниёзманд кумак мекарданд.

Ҳазорон нафар аз тарси кушта шудан ба Афғонистон фирор карданд

Кӯдакон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ

Паноҳҷӯёни тоҷик дар Афғонистон рӯзгори сахте доштанд

Кампи Сахӣ, яке аз урдугоҳҳои фирориёни тоҷик дар Афғонистон. Соли 1993

Ҳазорон нафар дар айни ҷанги шаҳрвандӣ ба Афғонистон фирор карданд

Замони ҷанги шаҳрвандӣ
 

Фирориҳои тоҷик ҳангоми бозгашт аз Афғонистон дар водии Вахш. 21.10.1997

Генерал-майор Павел Липский, муовини фармондеҳи нирӯҳои мавсум ба ҳомии сулҳи Русия дар Тоҷикистон. Қубодиён, 16 августи соли 1997

Фармондеҳи собиқи мухолифин Мирзо Зиёев. Акс аз 14 майи соли 1998

Нирӯҳои давлатӣ баъди шикасти афроди Маҳмуд Худойбердиев дар Қубодиён. 18 августи соли 1997

Мухолифони тоҷик дар Афғонистон қарор доштанд. Аввалин музокирот миёни ду гурӯҳи даргир дар Афғонистон оғоз ёфт

Эмомалӣ Раҳмон, Бурҳонуддин Раббонӣ, Абдуллоҳи Нурӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд

Лаҳзае, ки Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари иттиҳоди мухолифин ва Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар Маскав созишномаи сулҳро имзо карданд.

Раҳбарони Русияву Тоҷикистон Борис Елтсин ва Эмомалӣ Раҳмонов бо раҳбарони мухолифин баъд аз имзои созишномаи сулҳ. Маскав, Президент-отел, 27 июни соли 1997

Фирориҳои тоҷик баъди бозгашт аз Афғонистон дар водии Вахш. 21.10.1997

Фирориҳои тоҷик баъди бозгашт аз Афғонистон дар водии Вахш. 21.10.1997

Харобаҳо аз замон ҷанг дар вилояти Хатлон