Дар Маскав афроде, ки ваксина надоранд, ба тарабхона роҳ намеёбанд. ВИДЕО

Даромадгоҳи як тарабхона дар Маскав

Агар дар Маскав ҳастед ва ваксина нагирифтаед, аз охири моҳ шуморо ба ресторанҳои Маскав роҳ намедиҳанд.

Ба сабаби суръат гирифтани сирояти коронавирус дар пойтахти Русия, мақомот дастур додаанд, онҳоеро ки ваксина нагирифтаанд, ба ресторанҳо роҳ надиҳанд. Соҳибони ин муассисаҳо мегӯянд, акнун намедонанд бо дастури ғайриинтизору шитобкорона чӣ гуна фаъолияташонро ба роҳ монанд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Агар ваксина нагирифтаед, ба тарабхона надароед. Маҳдудиятҳои нав дар Маскав

Аз рӯзи 28-уми июн муштариён пеш аз вуруд ба ин ҷойҳо бояд санад нишон диҳанд, ки ваксина гирифтаанд, ё СОVID-19 буданд ва ё санади орӣ будан аз вирусро доранд.

Дастури мақомот Артём Темиров, соҳиби як қаҳвафурӯширо ғофилгир кардааст. “Муҳим аст, ки қабл аз қабули қароре бо соҳибкорон машварат кунанд. Вақте ба шумо мегӯянд, кор ба ин шакл бошад ва шумо чанд рӯз барои мутобиқ шудан доред, ин кори нодуруст аст. Мо фақат се рӯз барои тағйир додани шеваи кор дорем.”,--гуфт ӯ.

Азбаски бисёре аз русҳо ваксина нагирифтаанд, мумкин аст, даромади соҳибкорон бисёр кам шавад. Дар ин кишвари 144 миллион нафарӣ фақат 35 миллион нафар ваксина гирифтаанд. Бар асоси дастур, бояд 60 дар сади кормандони муассисаҳо ваксина гирифта бошанд.

Артём Темиров, соҳиби қаҳвафурӯшӣ дар Маскав мегӯяд, “назари ҳама дар корхонаи мо ба ваксина гирифтан хуб аст, фақат як нафаре, ки аллергия ва бемориҳои масуният дорад, метарсад. Фақат 40 дар сади коргарони мо ваксина нагирифтаанд.”

Дастурро барои он додаанд, ки сирояти коронавирус дар Маскав ва тамоми Русия зиёдтар мешавад. Рӯзи 22-уми июн дар кишвар 546 нафар аз СОVID-19 фавтидаанд, ки баландтарин рақам пас аз моҳи феврал аст. Соҳибони тарабхонаву ресторанҳо дар Русия азоб мекашанд, чун даромадашон кам шудааст ва бояд дарашонро то соати 11 бубанданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Бепарвоии сартосарӣ" сабаби буҳрони нави коронавирус дар Русия шуд?Собянин то 29 июн маҳдудиятҳои вобаста ба пандемияро шадидтар кардБаъди Маскав дар минтақаҳои дигари Русия эмкунӣ ҳатмӣ шудДар Маскав гирифторӣ ба КОВИД-19 зиёд шудааст