Дар навоҳии наздимарзии Тоҷикистон бо Афғонистон тирпарронӣ нисбат ба рӯзҳои пеш камтар шунида мешавад, вале ҳанӯз ҳам садои тир дар шаб ба гӯш мерасад.
Чанд рӯз пеш, замоне, ки гуруҳи Толибон барои ишғоли чанд навоҳии наздимарзӣ ҷанг мекарданд, садои тирпаррониашон зиёд то гӯши сокинони деҳоти наздимарзӣ дар Тоҷикистон мерасид. Толибон чанд ноҳияи наздимарзиро ишғол карданд.
Видеро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Рӯзи 22-уми июн ҳангоми ишғоли “Шерхон Бандар”, 134 сарбози нерӯҳои давлатии афғон ба хоки Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд. Зоҳиран, барои дубора пас гирифтани минтақаҳои наздимарзӣ, ки дар дасти Толибон қарор доранд, амалиёт шурӯъ нашудааст. Ин минтақаҳоро ба Тоҷикистон танҳо рӯдхонаи Панҷ ҷудо мекунад
Бозоралӣ Одиназода, раиси Ҳамадонӣ, ноҳияе дар марз бо Афғонистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “марзи ҷумҳурии Тоҷикистон ором аст.”,--гуфт ӯ.
Деҳаи Дарқади ноҳияи Фархори Тоҷикистон бо ноҳияи Дарқади вилояти Тахор Афғонистон ҳамсоя аст. Ба гуфтаи сокинон, деҳоти назди марзии Афғонистон аз ин сӯи марз, “мисли кафи даст” намоён ҳастанд. Онҷо рӯзона зоҳиран ором ба назар мерасад, вале шабонгоҳ садои тирандозиҳо шунида мешавад.
Ҷурбаек, сокини деҳаи Дарқади ноҳияи Фархор мегӯяд, рӯзи 23-уми июн чархболҳои ҷангӣ парвоз доштанд. “Садои тир ҳам мешунавем, аммо мардум дигар аз пайи кори худ ҳастанд.”,--гуфт ӯ.
Ноҳияи Фархор ба ноҳияҳое ҳаммарз аст, ки ҳоло зери тасарруфи Толибон қарор доранд.
Мақомоти расмии Тоҷикистон эълон карданд, ки бештар аз 100 сарбози давлати Афғонистон дар ҷанг бо Толибон ақибнишинӣ карда, ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудаанд. Дар Фархор, ки гузаргоҳи “Кокул” он ҷо ҷойгир аст, мақомот гуфтанд, касе то ҳол аз тариқи ин гузаргоҳ вориди хоки Тоҷикистон нашудааст.
Толибон солҳои пеш низ деҳоти ҳаммарзи Тоҷикистон, мисли ноҳияҳои Дарқад, Дашти Қалъа, Хоҷағори вилояти Тахорро чандин маротиб зери тасаруфи худ дароварда буданд.
Мақомоти тоҷик ҳам гуфтанд, ки Толибон чанд деҳаи назди марзиро ҳоло дар ихтиёр доранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Толибон фикр доранд хориҷиёнро шикаст додаанд, акнун навбати нерӯҳои афғон расид"134 сарбози Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ақибнишинӣ кардаанд. АКСТолибон гузаргоҳи асосиро дар марзи Тоҷикистон гирифтанд. 134 низомии Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ ҷустандТолибон минтақаи Имомсоҳиб, наздик ба марзи Тоҷикистонро ишғол кардаанд