Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд (EBRD) рӯзи 22-уми июн бо нашри як изҳорот гуфт, “айбмониҳои беасос” ва “ғалат маънидод кардани рӯйдодҳои чанд соли охир” метавонанд, кори ташкилоти амонативу қарзии Imon International (Имон интернешнл)-ро “бесубот кунад”. Ниҳоди байнулмилии молӣ ин “талошҳоро” кори дасти “ҷониби севвум” номида, афзудааст, “онҳо” ният доранд додуситад миёни саҳомони Imon International-ро вайрон кунанд, ки амалест, EBRD онро “шадидан маҳкум мекунад”.
Дар изҳороти EBRD аз “ҷониби севум”, ки сабабгори чунин баёнияи шудааст, ном бурда намешавад, вале дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ, сухангӯи бонк Антон Усов рӯзи 23 июн изҳор дошт, ки манзури бонк журналистони таҳқиқгар ҳастанд, ки, тавре Усов мегӯяд, ният доранд, бо нашри тадқиқоти журналистӣ дар бораи Imon International то куҷо одилона сурат гирифтани фурӯши саҳмияҳои онро нишон диҳанд.
Бонк дар изҳороти хеш аз харида шудани саҳмияҳои Imon International ҳамчун як “додуситад бо мувофиқаи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор” ҳимоят карда, мегӯяд, “моликоне, ки саҳмияҳоро хариданд, кӯшиши шахсони севвумро ба айбмониҳои беасос ва ғалат маънидод кардани рӯйдодҳо […] шадидан маҳкум менамояд”. Гузашта аз ин EBRD ҳушдор медиҳад, ки “чунин амалҳои бемасъулиятона кори ин ташкилотҳои пешсафи қарздиҳандаро дар Тоҷикистон метавонад, бесубот созад.”
Дар шарҳи ин баёния сухангӯи EBRD Антон Усов ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ба мо баъзе шахсоне муроҷиат карданд, ки ба навиштани тадқиқоти журналистӣ машғуланд. Онҳо матлаберо таҳия доранд, ки дар он иддао мешавад, гӯё Imon International ба таври бераҳмона аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ фурӯ бурда шуд”.
Саҳимияҳо аз "Фонди Имон" буд, моли "Mikro Kapital" шуд
EBRD ва сухангӯи он муомилаеро дар назар доранд, ки моҳи марти соли 2021 анҷом ёфта, зоҳиран, сабаби сар задани як таҳқиқоти журналистӣ гаштааст. Он вақт ширкати Mikro Kapital, EBRD ва Бонки рушди соҳибкории FMO-и Ҳолланд ба сурати умум 43,5 дарсади саҳмияҳои Imon International-ро, ки дар дасти саҳоми асосии он -- Фонди хурди қарздиҳии “Имон” буд, ба 5,4 миллион доллар хариданд.
Дар натиҷаи ин додугирифт, Фонди хурди қарздиҳии “Имон”, ки ба Гулбаҳор Маҳкамова соҳибкори тоҷики зодаи Хуҷанд тааллуқ дошт, аз соҳибмулкии Imon International маҳрум гашта, ширкати Mikro Kapital бо 42,7 дарсади саҳмияҳо ҳамчан саҳмдори асосӣ назорати Imon International-ро ба даст гирифт.
Mikro Kapital ширкатест, ки дар Люксембург сабти ном шуда, раиси он, Винчензо Трани, соҳибкори итолиёист, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин президенти утоқи бозаргонии Русияву Итолиё аст.
Сухангӯи EBRD Антон Усов, иддаои онро ки Imon International аз тарафи ниҳодҳои байнулмилалии молӣ фурӯ бурда шуд, рад мекунад ва мегӯяд, EBRD як созмони байналмилалӣ ва шарики рушди кишварҳост ва наметавонад ба “фурӯ” бурдани бонк ва ё ташкилотҳо дар ҳавзаҳое, ки фаъолият мекунад машғул шавад.
Усов афзуд, ин бонк мехоҳад, шакку гумонзаниҳо дар расонаҳо дар мавриди “Имон интернешнл” ба поён расад ва ин ташкилот кори мӯътадили худро идома диҳад. Чун ба гуфтаи Усов Imon International, ки барои тоҷирон ва ширкатҳои кучак ва миёна дар Тоҷикистон қарзҳои хурд медиҳад, фавқулода муҳим аст.
Чаро "Imon International"-ро модари маънавияш тарк кард?
Imon International соли 1999 аз сӯи Гулбаҳор Маҳкамова ва Санавбар Шарипова таъсис ёфтааст. Гулбаҳор Маҳакамова то соли 2018 “Имон интернешнл”-ро роҳбарӣ мекард. Феврали соли 2018 Бонки Миллии Тоҷикистон (БМТ) ба бонкҳои ин кившар, аз ҷумла ташкилоти Imon International тавсия дод, дар онҳо “ҷойивазкунии роҳбарон сурат гирад, то карахтӣ ба вуҷуд наояд”. Пас аз чунин тавсияи БМТ Гулбаҳор Маҳкамова аз мақоми роҳбари “Имон интернешнл” канор рафт. Баъдан ин ташкилот бо нашри изҳорот гуфт, Маҳкамова бо хоҳиши худ ва қарори Шӯрои нозирон аз мақом рафт, чун ба навиштани асарҳои илмӣ машғул хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки Гулбаҳор Маҳкамова Imon International-ро аз сифр оғоз намуда, ба як ниҳоди комёби байнмилалӣ табдил дода буд ва модари маънавии он ба шумор мерафт. Пас аз 20 соли фаъолият ва суҳбатҳояш аз дурнамои Imon International канор рафтани ӯ барои бисёриҳои ғайримунтазира буд.
Imon International айни замон бо муҷаввизи БМТ ҳуқуқи ҷалби амонатҳои мардумро низ дорад. Ин ташкилот дар минтақаҳои Тоҷикистон 30 идора ё бахш дорад ва як ташкилоти азими молиявии кишвар ба шумор меояд. Бонки Миллии Тоҷикистон Imon International-ро яке аз ташкилотҳои қарзии эҳтимолии низомсози Тоҷикистон ном бурдааст.
Ҳоло “Амонатбонк”, “Ориёнбонк” ва ”Бонки Эсхата” бонкҳои низомсози Тоҷикистон эътироф шудаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Ротатсия" дар бонкҳо. Кори дохилӣ, тавсия ё фишор аз берун? ИНЧУНИН, БИХОНЕД: З.Абдурашидов дар мақоми раҳбари "Имон Интернешнл" Г.Маҳкамоваро иваз кард ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Бонки миллӣ: Раҳбарони "Эсхата" ва "Имон" бинобар камбудиҳо барканор шуданд ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Имон Интернешнл": Г.Маҳкамова ба хотири рисолаи докторӣ аз раҳбарӣ рафт ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Дастури нави Бонки Миллӣ баъзе аз созмонҳои қарздиҳиро нигарон кардааст